Насихати модар ба фарзанд, ки оиладор мешавад

Насиҳати модар ба фарзандаш, ки оиладор шудан мехоҳад…

таджикская семья оилаи точики картинкаи точики зани точик духтари точик

Писарам, ёдат бошад, ҳамеша дӯстат медорам ва насиҳатхониҳоям василаест, барои изҳори муҳаббатам.

Аз ҳамсарат интизор набош, ки бо ту чун ман муомила мекунад. Ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуна нахоҳад шуд. Ӯ туро назодааст.

Ҳамеша ҷӯробҳоятро худат бишӯй. Ин корро ба ҷои ту танҳо мошинаи ҷомашӯӣ анҷом дода метавонаду халос.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чӯткаи дандоншӯиатро моҳе як маротиба иваз кун.

Ҳаргиз ба ҳамсарат маро мисол наор, ки модарам чунину чунон мекард.

Ҷумлаи “хӯроки омоданамудаи модарам болаззаттар буд”-ро барои ҳамеша фаромӯш кун.

Аз болои ҳамсарат назди ман шикоят накун, зеро ӯро худат интихоб намудаӣ.

Роҷеъ ба рафторҳои пешинаи худ назди ҳамсарат қисса накун. Агар пурсид, бигӯ, ки ҳама аз ёдат рафтааст.

Дар телефони худ танҳо маълумотҳои безарарро ҳифз намо. Дигарашро дар ёдат нигоҳ дор, на дар телефонат.

Таомеро, ки ҳамсарат омода кардааст, ҳамеша таърифу тавсиф бинамо.

Ба ҳеҷ ваҷҳ дар бораи ҷанҷолҳои гузаштаи ману падарат ба ҳамсарат қисса накун. Ҳарчӣ буд, кайҳо буд ва ба касе рабт надошту надорад.

Агар ман бемор шавам, дар як ҳафта як маротиба ба аёдатам биё. Ин барои ман бисёр муҳим аст. Ҳангоми омадан шириниро аз ёдат набарор.

Агар аз ту хоҳиш кунам, ки телефони маро ҷӯр бикун, асабӣ нашав. Охир, вақте ту хурд будӣ, ҳама корро ба ту ман омӯзонида будам.

Аз ёдат наравад, ки акнун дар ҳаёти ту бонуи аввал ҳамсарат аст, на ман.

 Агар рафту ҳамсарат аз ту пурсад, ки либоси ба бар кардааш ӯро фарбеҳ нишон медиҳад ё на, бигӯ, ки “на, баръакс лоғар шудааст”.

Агар ҳамсарат аз ту харидани асбобҳоеро ба монанди чангкашак, яхдон ё чизи дигареро тақозо кунад, ҳамеша баъди бори сеюм ба забон оварданаш мувофиқат бикун. Зан бори аввал дар омади гап мегӯяд, бори дувум ҷиддӣ будан ё набуди тасмимаш маълум нест ва агар бори сеюм ба забон орад, маълум мешавад, ки лозим дорад. Рози шав.

Агар аз ту иҷрои кореро хоҳиш кардам, дарҳол иҷро кун, чун ман сари дурустии он 333 маротиба андеша кардаам.

Ҳаргиз падару модари ҳамсаратро танқид макун. Ёдат бошад, онҳо духтареро ба дунё овардаанд, ки ҳоло ҳамсари туст.

Рушд намо, китоб бихон. Донишатро такмил деҳ.

Дар як ҳафта шаш хӯроки шомро бо хонаводаат бихӯр ва яки онро бо дӯстонат. Ин барои баробарӣ созгор аст.

Ҳамеша ҳамсаратро бо ҳамаи идҳо, бо рӯзи шиносшавиатон ва рӯзи тӯятон табрик бикун. Ин барои ҳар як зан хеле муҳим аст.

Қабл аз он ки ба хонаат ворид мешавӣ, табассум кун. Ёдат наравад, ки ту барои ҳамсару фарзандонат ҳамеша мояи оромиш ва эътимод ҳастӣ.

ҚаблӣКасбогоҳӣ дар мактаб
БаъдӣАллаи Модар текст – Аллаё аллаё

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед