Мафҳум ва нишонаҳои меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Зери мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, маҷмуи нишондодҳои ҳуқуқиеро дар назар доранд, ки аз ҷониби давлат бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятии ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии маблағҳои пулии давлатӣ бамиёноянда, тағйирёбанда ва қатъгарданда қабул гардидаанд.

Аслан аз таърифи анъанавии мафҳуми меъёри ҳуқуқӣ бар меояд, ки он маҷмуи қоидаи рафтори аз ҷониби давлат қабул, муқаррар ва тасдиқшударо инъикос менамояд. Аммо аксарияти олимон маҳдуд арзёбӣ гаштани мафҳуми меъёри ҳуқуқиро тавассути ин қоида кайҳост, ки таъкид менамоянд. Яъне вақте, ки ин қоида аз нигоҳи сохтори меъёри ҳуқуқӣ таҳлил мегардад, воқеан маҳдуд буданаш эҳсос мешавад.

Зеро сохти меъёри ҳуқуқӣ аз 3 қисмат таркиб ёфтааст: а) гипотеза; б) санксия; в) диспозитсия (ин масъала дар мавзӯи 2 батафсил маънидод гаштааст). Агар гипотеза шарту шароити татбқшавии меъёр ва санксия чорраи маҷбурсозиро барои вайрон намудани қоидаи рафтор ифода намояд, пас диспозитсияи меъёр танҳо қоида рафторро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз ҳангоеме, ки меъёри ҳуқуқи чун маҷмуи «қоидаи рафтор» гӯён муаррифӣ мегардад, он хеле маҳдуд инъикос ёфта қисматҳои боқимондаашро дар бар гирифта наметавонад.

Дар нисбат бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ низ ин муаммо боқӣ мемонад. Зеро, агар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ чун қоидаи рафтори аз ҷониби давлат қабулгардида муаррифӣ гарданд, пас ба баъзе моддаҳои Кодекси андози ҶТ, Кодекси гумруки ҶТ ва ё қонуни ҶТ «дар бораи молияи давлатӣ», ки таърифҳои расмии ин ва ё он мафҳумро пешниҳод намудаанд, чӣ ном диҳем, номаълум мемонад? Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ин навъи меъёрҳоро низ меъёрӣ ҳуқуқӣ меҳисобанд, вале чун «меъёр-мафҳумҳо» ном мебаранд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дорои як қатор нишонаҳои фарқкунанда мебошанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1. Ин меъёрҳо нишондоди молиявӣ – ҳуқуқӣ доранд, яъне ба низомнокии фаъолияти молиявии давлт бахшида шудаанд.
2. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ шакли ифодаёбӣ доранд. Онҳо шакли меъёри конститутсионӣ, қонун, фармон, қарор, дастурамал ва ғ. доранд. Бинобарин инъикосгардида, муайян ва аниқ мебошанд;
3. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ бо чораҳои маҷбуркунии давлатӣ (ҷавобгарии маъмурӣ, ҷазои ҷиноятӣ ва ғайра) таъмин мешаванд.

Маҷбурсозии давлатӣ дар муносибатҳои молиявӣ кафолати муҳими меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аст. Маҷбурсозии давлатӣ фақат дар нисбати шахсе татбиқ мегардад, ки аз риояи меъёрҳои истифодаи мақсадноки мабалғҳои буҷетӣ, андозсупорӣ ва ё аз риояи қоидаҳои гумрукӣ саркашӣ мекунанд.

ҚаблӣМафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ
БаъдӣМуносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ