Шаклҳои асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ

Шаклхои асосии ташкили тарбияи чисмони


Дарс-шакли асосии ташкили тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб аст. Дар синфҳои ибтидоӣ мазмуни асосии дарсро ба таври комплекси бозиҳои серҳаракат, гимнастика ва машқҳои варзиши сабук ташкил медиҳАнд. Машғулиятҳои таълимии варзиш бояд дар ҷои тозаю озода, хушбоду ҳаво бо тайёрии пухта гузаронида шавад, то ки табъи шогирдон болида бошад. Барои банақшаю ҳисобгирии корҳои маданияти ҷисмонӣ дар мактаб се ҳуҷҷат тартиб дода мешавад: ҷадвали маводҳои таълимии солона, нақшаи таълимии чоряка нақшаю конспекти дарс. ҳамчунин корҳои беруназсинфии оммавию спортӣ, варзишҳои беҳдошт ва корҳои берунаамактабии спортӣ ташкил карда мешавад.

Инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва нигаҳдории коршоямии баланди фикрии кӯдакон аз бисёр ҷиҳат аз муносибати оқилонаи байни кори таълимӣ ва фаъолияти баҳаракатоварии талабагон ва ба роҷаи рӯзи мактаб вобаста аст. Бояд ба он муваффақ шуд, ки фаъолияти ҳар кӯдак аз варзиши пагоҳирӯзии машқҳои ҷисмонӣ оғоз гардад.

Гимнастика аз маҷмӯи машқҳои варзишӣ иборат б уда, онҳо дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ омӯзонда мешаванд, ки ҳар комплекс аз 6-7 машқ иборат аст. Онҳо бояд ба тамоми мушакҳои асосии бадан таъсир расонанд. Аз ҳама беҳтараш дар зери садои мусиқие, ки пагоҳирӯзӣ тавассути радио ва телевизион шунавонида мешавад, ба варзиш машғул шудан зарур аст.

Мунтазам иҷро кардани машқҳои ҷисмонӣ ба организм, ташаккули қаду қомат ва муташаккилона саркунии рӯзи таълимии кӯдакон кӯмак мерасонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар машқҳо дар мандончаи варзишӣ ё толорӣ спортии мактаб гузаронида шавад, боз беҳтар аст, чунки дар ин ҷойҳо асбобу анҷоми варзишӣ ба онҳо кӯмаки иловагии бавосита расонда метавонанд.

Бояд дар хотир дошт, ки ҳини гузхаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ҳадаимкон мувофиқи ҷисми талабагон машқҳои варзишӣ то нимаи дуюми дарс пай дар пай зиёд ва сипас ба талриҷ кам шуда, ба дараҷаи ҳолати аввалаашон оварда мешаванд. Пайваста ба ин қоида сохтори дарси тарбияи ҷисмонӣ чунин лаҳзаҳоро дорост.

Лаҳзаи тайёрӣ– дар майдонча ва ё толорӣ варзишӣ 8-10 дақиқа. Дар ин лаҳзаи дарс талабагон саф кашида, навбатдор ба муаллим рапорт медиҳад. Сипас муаллим мазмуни дарс ва вазифаҳои онҳоро мефаҳмонад, баъд машқхои сабук, аз қабили роҳравӣ, давидан ва ғайра мегузаранд, то ки ҷисми шогирдонро барои иҷрои машқҳои асосӣ омода созад.

Лаҳзаи асосӣ – 25-30 дақиқа. Ин лаҳзаи дарс машқхои асосии ба шақша гирифташударо, аз қабили давидан ба масофаи муайян, ҷаҳидан, ҳаво додан, баромадан, бозиро дар бар мегирад. Муаллим машқҳои асосии дарсро фаҳмонда худаш амалан нишон медиҳад, сипас иҷрои онҳоро аз дастпарварон дархост мекунад.

 Лаҳзаи хотимавӣ – 7-10 дақиқа. Дар ин лаҳза талабагон дар сафр оҳравон машқҳои сабук намуда, ҷисмро ба ҳолати аввала ба оромӣ меоранд ва машғулият ҷамъбаст карда мешавад. Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ба духтарон машқҳои хос додан зарур аст.

Бояд зикр кард, ки дар ин се лаҳзаи дарс тамоми унсурҳои сохти дарсҳои умумипедагогии омехтаро истифода бурдан мумкин аст.

Дар дарсҳои риёзӣ, забони модарӣ ва ғайраҳо дақиқаҳои варзишӣ дар давоми рӯзи талимӣ 3-4 маротиба гузаронида мешаванд. Дақиқаҳои варзишӣ ин дамгирии кӯтоҳмуддат буда, хастагии кӯдаконро рафъ карда, қобилияту диққаташонро барқарор мегардонад. Ин гунна варзишҳои кӯтоҳмуддат, одатан, дар нимаи дуюми машғулиятҳо бурда мешаванд.

Дақиқаҳои варзишӣ, ҳамчун қоида, аз се намуди машқ иборат аст: аввал шакли хамёзакашӣ, дуюм-барои мушакҳои пойҳо шиштану хестан, сеюмбарои мушакҳои бадан, колбад, албатта, бо иштироки дастҳо. Дар танаффуси калон бо кӯдакон бозӣ ташкил карда мешавад, дар ҳамин маврид навбатдор, агар бо ду ҳаво имконият диҳад, тирезаҳоро кушода ҳавои синфхонаро тоза мекунад. Агарчи барои кӯдакони синфи якум ва синфҳои дуюм (то нимсолаи аввал) давомнокии дарсҳо 35 дақиқа муайян карда шудааст, бо вуҷуди он машқҳои фавқулзикр – дамдиҳии кӯтоҳмудат ба онҳо низ тааллуқ доранд.

Дар мактабҳои ибтидоӣ, ки барои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ биноӣ махсус надоранд, соатҳои бозӣ ташкил мекунанд. Соатҳои бозӣ ҳафтае 1-2 маротиба берун аз синф гузаронида мешавад. Гуруҳи бозингарон аз синфҳои гуногуни мувозӣ гирифта мешаванд. Бозиҳо бояд ба синну сол ва тайёрии кӯдакон мазмунан мувофиқат кунанд ва барои писарбачаҳо ва духтарон датрасу шавқовар бошад.

Пиёдагардӣ, сайру гашт, лижарониҳо, роҳпаймоӣ, одатан барои ҳар синф алоҳида дар ҳавои мусоид гузаронида мешаванд. Барои он ки сайру гашт дар рӯзҳои истироҳатӣ муфид гузарад, онро бояд дуруст ташкил кард: муайян кардани самти ҳаракат, тартиб додани барнома, огоҳ кардани хонандагон ва волидайни онҳо, тайёр кардани чизҳои зарурии сафар. Барои он ки кӯдакон хаста нашаванд, масоҳати сайру гашро бояд дуруст муайян кард: барои синфҳои ΙΙ-ΙΙΙ ҳамагӣ рафтуомад 3-4 км (дар рӯзҳои таълимӣ), дар рӯзҳои истироҳат ва таътил 5-6 км; барои синфи ΙV 4-5 ва 6-8 км. Дар роҳпаймонии турустӣ кӯдакони синфҳои ΙΙΙ –ΙV иштирок карда метавонанд. Роҳпаймой бо дамгириҳо якрӯза муайян карда мешавад. Дар ҳар гурӯҳи 15 нафари он камаш дур оҳбар таъин мегардад. Дар роҳпаймоиҳо талабагон дар қатори обутобдиҳИи ҷисм ба табиатдӯстдорӣ, муҳофизати он, аз ҷиҳати иқтисодӣ ва эстетикӣ низ тарбия карда мешаванд.

Барои машғулиятҳои доимии тарбияи ҷисмонии мактабиёни хурдсол берун аз таълим гурӯҳи тайёрии умумии ҷисмонӣ ташкил карда мешавад. Гурӯҳ тамоми соли таҳсил бо бозиҳо, гимнастика, варзиши сабук ва лижаронӣ шуғл меварзанд. Ба ғайр аз ин талабагони синфҳои ибтидоӣ метавонанд ба маҳфилҳо, шӯъбаҳо, мактаби спортии кӯдакон, лагерҳои варзиши тандурустӣ, ба базаҳои турустӣ стадионҳо, ҷамъияти ихтиёрии спорт ва ғайраҳо шуғл намоянд.

Ба кӯдакон мусобиқаҳои спортӣ хеле хуш меояд, ба онҳо мунтазам иштирок карда, кӯшиш мекунанд, ки командаашон ғолибият ба даст орад. Ба барномаҳои мусобиқа инҳоро дохил кардан мумкин аст: аз баландӣ ба чинаҳо лағжидан, лижаронӣ, мусобиқаҳои гимнастикӣ (машқҳоиозоди бевосита, машқҳои нигаҳдории мувозинат ва ғ.) мусобиқаҳои варзиши сабук бозиҳои серҳаракати эстафета (пойга) ва ғайра. Барномаи мусобиқа байни талабагони синфҳои Ι-ΙΙ бозиҳои серҳаракат маҳдуд мешаванд. Бо шогирдони синфҳои ΙΙΙ-ΙV гузаронидани мусобиқаҳои гимнастикӣ, варзиши сабук, лижаронӣ ва машқҳо тавсия карда мешаванд.

Ҳамаи шаклҳои ташкили тарбияи ҷисмонии талабагон ба иҷрои  вазифаҳои дар барномаи мактаб нишондодашуда бояд мусоидат кунанд.

Тарбияи ҷисмониро дар синфҳои ибтидоӣ муаллимон таҳти назорату маслиҳатҳои муаллими тарбияи ҷисмонии мактаб, ташкилотчии корҳои тарбиявии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ мебаранд. Аммо ба муаллимони синфҳои ибтидоии қамплектӣ чунин шароит имкон надорад, бинобар ин ҳамаи корҳои ташкилӣ-педагогиро онон мустақилона ҳал мекунанд.

Бештар машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳавои озод мегузарад. Биноан ҳар мактаби ибтидоӣ бояд майдончаи варзишӣ дошта бошад. Дар он пайраҳаи пойга (дарозиаш 60 м, паҳниаш 4-5 м), чуқурии регпӯш барои ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, майдончаи бозӣ ҳатмист. Илова бар ин сохтани шаҳрчаи гимнастика (бо ғулачуб барои нигаҳдории мувозинат, деворчаи гимнастикӣ, бум, таноб ва хода барои баромадан ва ҷаҳидан) лозим аст. Талабагон метавонанд дар майдончаи спортӣ ниҳол, бута ва гулҳо шинонда парвариш кунанд.


Мавзӯи пурра >> Тарбияи ҷисмонии мактабиён

ҚаблӣМақсад, вазифа хусусиятҳои тарбияи ҷисмонии мактабиён
БаъдӣВосита ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ