Ноҳиябандии иқтисодии Тоҷикистон

Асоси ноҳиябандии иқтисодиро тақсимоти минтақавии меҳнат ва тахассусонӣ истеҳсолот ташкил менамояд. Бо ҳамин назардошт ва нақшагирии инкишофи хоҷагӣ ва тақсимоти сиёсию маъмурӣ дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ Комиссияи Баплангирии Давлатӣ, Шӯрои тадқиқоти қувваҳои истеҳсолкунанда, Институти иқтисодии Академияи илмҳо, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Шевченко оид ба ноҳиябандии иқтисодии Тоҷикистон корҳои назаррас  ба сомон расониданд. Аз ҷумла соли 1942 мудири кафедраи географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе профессор В.А.Танаевский асари худ «Экономические районы Таджикистана»-ро навишта ба итмом расонид. Аммо мутаасифона, бо сабаби номаълум ин кор то ин дам рӯи чопро надид. Нусхаҳои дастнависи он дар Комиссияи баплангирии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ маҳфуз мебошад. Охири соли 1947 китоби корманди шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои СССР Т.А.Васильев «Таджикистан» аз чоп баромад. Дар ин китоб дар бораи табиат, аҳолӣ ва хоҷагии Тоҷикистон тавсифи пурра дода шудааст. Дар асоси фарқияти ҳудудии он хусусиятҳои хос ва фарқкунандагии ноҳияҳои алоҳида сухан рондааст. Соли 1956 ба шакли монография кори кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Институти географияи Академияи илмҳои СССР «Таджикская ССР» нашр гардид. Дар ин асар муаллифон қаламрави Тоҷикистонро ба 8 ноҳияи иқтисодии зерин ҷудо намуданд: 1. Қисми ғарбии водии Фарғона; 2. Водии Зарафшон; 3. Водии Ҳисор; 4. Ҷанубу ғарбии Тоҷикистон; 5. Ҷанубу шарқии Тоҷикистон; 6. Тоҷикистони Марказӣ; 7. Помири Ғарбӣ; 8. Помири Шарқӣ.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Соли 1977 монографияи калонҳаҷми кормандони СОПС (Шӯрои тадқиқоти қувваҳои истеҳсолии) Академияи илмҳои Тоҷикистон бо номи «Проблемы развития и размещения производительных сил Таджикской ССР на период 1971-1980»-ро ба табъ расониданд. Муаллифони он дар асоси ба ҳисобгирии дараҷаи инкишофи хоҷагии халқ ва имконияти инкишофи минбаъдаи қисмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ қаламрави онро ба 7 зонаи иқтисодӣ тақсим намуданд: 1. Зонаи Шимолӣ; 2. Зарафшон; 3. Ҳисор; 4. Вахш; 5. Кӯлоб; 6. Ғарм; 7. Зонаи Бадахшони Кӯҳӣ. Ин тақсимот барои беҳтар намудани идоракунии қаламрави мамлакат, барои ба нақша гирифтани инкишофи хоҷагии халқи он асоси муҳим гузошт. Аммо барои чӣ ки дар ин монографияи калонҳаҷм муаллифони кори мазкур истилоҳи ноҳияи иқтисодиро ба зона иваз намуданд, номаълум аст. Ҳол он ки мафҳуми зона бо иқтисодиёт ягон муносибат надорад.

Аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда, ба масъалаҳои ноҳиябандӣ як гурӯҳ тадқиқотчиён аз ҷумла, И.Қ. Нарзиқулов, Қ.Ш.Ҷӯраев, Б.М.Ҳайдаров, Р.Ҳайдарова, М.Нурназаров ва М.Раҳимов машғул буданд. И.Қ.Нарзиқулов ва Р.Ҳайдарова асосан дар мавзӯи ташаккул ёфтани Комплекси минтақавию истеҳсолии ҷанубии Тоҷикистон, Қ.Ш.Ҷӯраев оид ба ноҳиябандии Тоҷикистон, Б.М.Ҳайдаров оид ба ноҳиябандии хурд, М.Нурназаров оид ба географияи саноат, ташаккулёбии комплексҳои аграрию саноатӣ ва М.Раҳимов оид ба масъалаи ташаккулёбии ноҳияи иқтисодӣ, таркиби қаламрави он (комплекси саноатӣ, сиклҳои истеҳсолӣ, ноҳияи саноатӣ, гиреҳ ва марказҳои саноатӣ) татқиқот бурданд.

Ҳоло дар алоқамандӣ бо тақсимоти сиёсию маъмурӣ ва бо назардошти тақсимоти минтақавии меҳнат ва тахассусонӣ қаламрави ҷумҳурӣ ба 6 ноҳияи иқтисодӣ ҷудо карда шудааст: 1. Суғд, 2, Ҳисор, 3. Рашт, 4. Вахш, 5. Кӯлоб, 6. Бадахшон. Онҳоро асосан ташкилотҳои ба нақшагиранда барои тартиб додани барномаи умумидавлатии инкишофи хоҷагии халқ истифода мебаранд. Ин дар қаламрави мамлакат дар ташкил намудан ва ба таври оқилона ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунандаи он мусоидат менамояд. Ҳар як ноҳияи иқтисодӣ бо соҳаҳои асосӣ ё тахассусонидаи худ фарқ менамояд, ки тавассути онҳо бо дигар ноҳияҳои иқтисодӣ робитаи иқтисодӣ пайдо менамояд. Ин соҳаҳоро соҳаҳои дигар хизмат мерасонанд, ки мутаносиб тараққӣ ёфтани онҳо инкишофи соҳаҳои асосии ноҳияи иқтисодиро таъмин менамояд. Дар як вақт дар ноҳияҳои иқтисодӣ соҳаҳое вучуд доранд, ки маҳсулоти он барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ нигаронида шудааст. Мутаносиб тараққӣ ёфтани ин се гурӯҳи соҳаҳо имконият медиҳад, ки сарватҳои табиӣ, захираҳои меҳнатӣ, шабакаи нақлиёт, мавқеи географии ноҳияҳоро истифода бурда,  самараи баланди иқтисодӣ ба даст оварем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар системаи ноҳиябандӣ ғайр аз ноҳияҳои калони иқтисодӣ, ноҳияҳои маъмурию хоҷагидорӣ амал мекунанд. Ба ин намуди ноҳияҳо, вилоятҳо, вилояти худмухтор ва ноҳияҳои поёнии маъмурию хоҷагидорӣ дохил мешаванд. Вазифаи онҳо идора намудани хоҷагӣ ва аҳолӣ дар қисмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва маҳалҳои он мебошад. Барномаҳои давлатӣ ҳам тавассути ҳамин ноҳияҳои маъмурию хоҷагӣ амалӣ карда мешаванд.

Барои ноҳияҳои иқтисодии калон фарқияти минтақавии истеҳсолот хос мебошад. Зимни омӯхтани ин фарқият дар дохили ноҳияҳои иқтисодии калон зерноҳияҳо ҷудо карда мешаванд, ки барои ба нақша гирифта ҷойгир намудани корхонаҳо аҳамияти калон дорад. Ғайр аз ноҳияҳои иқтисодӣ барои татқиқ, ба нақша гирифтани тараққиёт ва идора намудани хоҷагии халқу ноҳиябандии соҳавӣ истифода мебаранд. Тавассути онҳо заминаи такягоҳӣ, марказҳои асосии саноат, инкишофи хоҷагии қишлоқ, соҳаҳои он ва шабакаи нақлиётӣ дар ҳар як ноҳияи иқтисодӣ муайян карда мешавад. Ҳамин тавр вилоят, вилояти худмухтор, ноҳияҳои поёнӣ ва ноҳияҳои соҳавӣ дар системаи ноҳиябандии иқтисодӣ, на фақат воҳиди маъмурию идоракунӣ, балки воҳиди ягонаи хоҷагӣ ба ҳисоб мераванд. Дар хотир бояд дошт, ки тақсимоти маъмурӣ ва ноҳиябандии иқтисодӣ як сохтори доимӣ набуда, он вобаста ба тағйир ёфтани сохтори сиёсию иқтисодӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ тағйир ва такмил меёбад.

Тоҷикистон, баъди ба даст даровардани истиқлолият  барои барпо намудани ҷамъияти ҳозиразамони тамоюли иҷтимоӣ доштаи иқтисодиёти бозоргонӣ қадам гузошта истодааст. Ин буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба талаботи нав ба тақсимоти сиёсию маъмурии мамлакат баъзе тағйиротҳо ворид намуд. Пеш аз ҳама вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба вилояти Хатлон табдил дода шуданд. Дар дохили он ва дигар ҳудудҳо бо мақсади ба аҳолӣ ва истеҳсолот наздик намудани идоракунӣ якчанд ноҳияҳои маъмурию хоҷагии поёнӣ таъсис дода шуданд. Бо мақсади хусусияти миллӣ додани номи баъзе вилояту ноҳияҳои маъмурии зинаи поёнӣ бо номҳои маҳаллӣ иваз карда шуданд. Ҳамаи тағйиротҳои тақсимоти маъмуриро ба инобат гирифта, барои васеъ намудани доираи соҳаҳои махсусгардонида ва тарақкиёти минбаъдаи комплексии ноҳияҳои иқтисодӣ ва қисмҳои алоҳидаи онҳо ноҳиябандии иқтисодӣ низ бояд, такмил ёбад. Аз ин нигоҳ, ноҳияҳои иқтисодии калони ҷумҳурӣ ба таври зерин такмил дода шудаанд:

  1. Ноҳияи иқтисодии Суғд (Зерноҳияи Тоҷикистони Шимолӣ. Зарафшон);
  2. Ноҳияи иқтисодии қаламравҳои тобеияти ҷумҳурӣ (Зерноҳияи Ҳисор ва Рашт);
  3. Ноҳияи иқтисодии Хатлон (Зерноҳияи Кӯлоб ва Вахш);
  4. Ноҳияи иқтисодии Помир (Зерноҳияи Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ). Ҳар ноҳия ва зерноҳияҳо бар худ хусусиятҳои хос дорад. Бинобар он ҳар яки онҳо аз рӯйи нақшаи зерин, ки Н.Н.Баранский пешниҳод намудааст, тавсиф карда мешаванд: 1. Асоснок намудани мавқеи географии ноҳия; 2. Баҳои хоҷагии табиат ва сарватҳои табиӣ; 3. Гузориши таърихию географӣ; 4. Аҳолӣ;
  5. Тавсифи умумии иқтисодию географӣ: таҳлили алоқаи истеҳсоли хоҷагӣ; географияи соҳаҳои асосӣ;
  6. Ноҳиябандии дохилӣ, яъне тафсифи ҳар як зерноҳия ва алоқаи дохилии он;
  7. Шароит ва имкониятҳои инкишофи минбаъдаи ноҳияҳои иқтисодӣ ва зерноҳияҳо.
ҚаблӣНоҳиябандӣ ва асоси илмии он
БаъдӣТоҷикистони Шимолӣ