Гарм задан ё офтоб задан. Ёрии аввалин ҳангоми гармию офтобзанӣ

Ҳангоми дар ҳавои офтобӣ, хусусан ҳавои сербуғ истодан, дар хонаи камҳавою гарм будан ё бо либоси ҳавоногузар ба кори ҷисмонӣ машғул шудан гармидиҳии организм суст мешавад. Вайроншавии мувозинати байни гармиҳосилшавӣ ва гармидиҳӣ боиси гармозанӣ шуда метавонад.

Дар натиҷа сари бемор дард карда, зуд-зуд нафас мекашад, сараш чарх зада, гӯшҳояш ғуввос мезананд, бемадор мешавад, набзаш тез-тез шуда, чашмонаш сиёҳӣ мезанад ва рангаш сафед мешавад.

Дар вақти гармозанӣ беморро дар ҷойи салқин хобонида, либосашро кашидан ё тугмаҳояшро кушодан лозим аст. Баъд ба сараш сачоқи ба оби хунук таркардаро гузошта, зери пойҳояш либосашро лӯла карда мондан даркор аст. Агар бемор аз ҳуш нарафта бошад, ба вай оби хунук менӯшонанд. Барои паст кардани ҳарорати бадан зарардидаро бо рӯҷо ё либоси тар печонида, барои тезонидани бухоршавии об ӯро бод медиҳанд. Агар зарардида аз нафаскашӣ монда набзаш гум шавад, ҳатман ба ӯ нафаси сунъӣ додан, дилашро молиш дода ва фавран духтурро ҷеғ задан лозим аст.

Барои пешгирии офтобзанӣ дар тобистон сарро аз офтоб паноҳ кардан лозим аст. Аломатҳои офтобзанӣ ҳам тахминан ба гармизанӣ монанд буда, тадбирҳои ёрии аввалин низ якхелаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯи пурра >> Пӯст. Сохт ва вазифаҳои пӯст