Низоми иқтисодиёти маъмурию фармонфармоӣ (амрӣ) ва омехта

Низоми иктисодиёти маъмурию фармонфармои (амри) ва омехта


Баъзе аз нишонаҳои низоми иқтисодиёти амриро дар фаъолияти хоҷагидории давраҳои пеш дучор гардидан мумкин аст. Аммо пайдоиши ин низом аз Инқилоби Кабир (Октябр)­и соли 1917 оғоз меёбад, ки дар натиҷаи он давлати нав бо номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ барпо гардида буд. Роҳбарони он давра ғояи мавҷудияти моликияти хусусиро инкор намуда, тарафдори он буданд, ки бойигарии ҷамъият моликияти умумихалқӣ буда, бояд бевосита аз тарафи давлат идора гардад. Шурӯъ аз ҳамон давра низоми иқтисодиёти маъмурию фармонфармоии сотсиалистӣ ба фаъолият оғоз намуд.

НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ МАЪМУРИЮ ФАРМОНФАРМОӢ тарзи ташкили фаъолияти хоҷагидорист, ки дар он сармоя ва замин моликияти давлатӣ буда, тақсимоти захираҳои маҳдуд бо фармоишоти мақомоти идораи марказӣ ва бо дарназардошти нақшаҳо ба роҳ монда мешавад.

Дар ин намуди низоми иқтисодӣ моҳияти асосиро кӯшиши аз байн бурдани моликияти хусусӣ ва барҳам додани рақобат, ҳамчунин ба таври максималӣ маҳдуд намудани таъсири гурӯҳҳои гуногуни иқтисодӣ ба раванди идоракунии давлатӣ ташкил медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо мақсади дарки фаъолият дар ин низоми иқтисодиёт ба таърихи он назар менамоем, ки он замон фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои истеҳсолӣ чунин роҳандозӣ гардида, танзим карда мешуданд:

Чӣ бояд истеҳсол кард? – Мақомоти банақшагирии давлатӣ муайян мекард.

Чӣ тавр бояд истеҳсол кард? – Вазоратҳои соҳавӣ ҳам таъмини технологияи истеҳсолот ва ҳам пешбинии маблағҳоро барои хариди таҷҳизот муайян мекарданд.

Барои кӣ бояд истеҳсол кард? – Кумитаи давлатии таъминот аз кӣ харидани захираҳоро барои истеҳсолот муайян менамуд.

Бо кадом нарх бояд фурӯхт? – Кумитаи давлатии нархгузорӣ аниқ карда, нархҳоеро муайян мекард, ки даҳсолаҳо тағйир намеёфтанд.

Ба коргарон чӣ қадар бояд музди кор дод? – Кумитаи давлатии меҳнат ва музди кор муайян мекард.

Даромадҳои корхонаҳоро чӣ тавр бояд истифода бурд? – Вазорати молия муайян мекард.

Барои инкишофи истеҳсолот чӣ бояд сохта шавад? – Кумитаи давлатӣ оид ба сохтмон муайян мекард.

Чӣ қадар пул бояд гирифт ва бо кадом мақсад? – Бонкҳои соҳавии давлатӣ муайян мекарданд.

Чиро ба хориҷа бояд фурӯхт ва ё аз хориҷа харид? – Вазорати савдои хориҷӣ муайян мекард.

Бояд қайд намуд, ки ғояи банақшагирӣ дар иқтисодиёт басо муҳим аст. Банақшагирӣ дар корхонаю ширкатҳо васеъ истифода карда мешавад. Дар навбати худ банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ дар асоси фармоишоти соҳибмулк, ки масъулияти пурраи моддиро барои дурустии нишондиҳандаҳои банақшагирӣ ва муваффаққияти он бар дӯш дорад, ба роҳ монда мешавад. Давлат дар сурате метавонад барои истифодабарии захираҳо фармон диҳад, ки қонунгузорӣ истифодаи онро барои соҳибмулкони хусусӣ манъ карда бошад. Агар тамоми захираҳои иқтисодӣ хислати истифодаи умумихалқӣ дошта, ихтиёрдории онро хизматчиҳои давлатию ҳизбӣ ба уҳда дошта бошанд, он гоҳ ин ҳолат ба раванди иқтисодӣ хатарнок аст. Вобастагии даромади одамон ва ширкатҳо аз самаранокии истифода ва пешниҳоди захираҳо аз байн меравад, ки дар натиҷа барои ҷамъият беманфиат ҳисобида мешавад. Дар ин ҳолат дигар хусусиятҳо афзалиятноктар мегарданд: а) барои корхонаҳо дараҷаи иҷро ва барзиёдии иҷрои нақшаҳо оид ба истеҳсоли молҳо. Молҳои истеҳсолшуда талаботи одамонро қонеъ мекарданд ва ё не, ин муҳим набуд. Харидор бо хоҳиши худ ва ё маҷбурӣ ин молҳоро харидорӣ мекард, чунки дигар молҳои алтернативиро намеёфт; б) барои одамон – муносибати дуруст бо роҳбароне, ки молҳои камёфт (мошинҳо, хонаҳо, мебелҳо ва ғ.)­ро тақсим мекарданд.

Оид ба низоми иқтисодиёти амрӣ ва ё бозорӣ қайд кардан бамаврид аст, ки дар асл шакли тозаи ин низомҳоро танҳо дар адабиёт ва ё асарҳои олимон дидан мумкин аст. Хоҷагидории ҳақиқӣ баръакс, омехта шудани нишонаҳои ҳамаи низомҳоро доро мебошад.

Низоми иқтисодиёти муосир дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хислати омехтаи низоми иқтисодиётро дорад. Аксари масъалаҳои иқтисодии минтақавӣ ва умумимиллӣ дар ин низом аз тарафи давлат ҳалли худро меёбанд.

Мувофиқи қоида сабабҳои асосии иштироки давлат дар ҳаёти иқтисодӣ чунинанд: қисми талаботи ҷамъият, ки хусусияти неъматҳои ҷамъиятиро доранд (мавҷудияти қӯшунҳои ҳарбӣ, қабули қонунҳо, ташкили ҳаракат дар кӯчаҳо, мубориза бар зидди эпидемияҳо ва ғ.), аз тарафи бозор ба пуррагӣ қонеъ гардонидани онҳо ғайриимкон аст; метавонад оқибатҳои манфии механизми бозориро пешгирӣ намояд (тафриқаи калон байни дороии шаҳрвандон, зарар расонидан ба муҳити зист ва ғ.).

Бинобар ин, дар замони муосир низоми иқтисодиёти омехта бартарият дорад.

НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ ОМЕХТА чунин тарзи ташкили фаъолияти хоҷагидориест, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфта, тақсимоти захираҳои маҳдуд дар он ҳам тавассути бозор ва ҳам аз тарафи давлат ба роҳ монда мешавад.

Дар низоми иқтисодиёти мазкур моликияти хусусӣ нисбат ба захираҳо бар та рият дошта, ҳамзамон дар баъзе кишварҳо (Фаронса, Олмон, Бри та нияи Кабир ва ғ.) бахши давлат низ хеле назаррас мебошад. Дар низоми мазкур дар баробари бозор давлат низ ҳамчун танзимгари муносибатҳои иқтисодӣ ширкат мекунад. Дар ин низом масъалаҳои асосии иқтисо диёт аз тарафи бозор ҳаллу фасл мегарданд ва ҳамзамон тақсимоти қис ми зиёди захираҳо бо истифода аз механизми бозор ба амал бароварда мешавад. Давлат дар ҳалли масоили асосии иқтисодӣ бо роҳи дар ихтиёри худ мутамарказонидани қисми захираҳои иқтисодӣ иштирок менамояд. Ин захираҳо ба хотири аз байн бур дан ноадолатиҳои бозорӣ ва ё ба ҳадди ақал расондани онҳо равона мегардад.

Ҳаёти иқтисодии инсоният метавонад бо тарзҳои гуногун ба роҳ монда шавад, ки ин фарқият дар воситаҳои қабули қарорҳои хоҷагидорӣ ва шакл ҳои моликият ба намудҳои асосии захираҳо метавонад зоҳир гардад.

Ҳамзамон бояд донист, ки низоми иқтисодиёти имрӯзаи Ҷумҳурии То ҷи кистон чӣ гуна аст? Ҷавоби он чунин аст: асосҳои низоми иқтисодиёти амрӣ дар кишвари мо аз байн рафта, механизми низоми бозорӣ бо фарогирии унсурҳои низоми омехта пайваста амалӣ шуда истодааст; омилҳои истеҳсолот ҳоло ба пуррагӣ ба моликияти хусусӣ табдил наёфтаанд.


Низоми иктисодиёти маъмурию фармонфармои (амри) ва омехта, Низоми иктисодиёти маъмурию фармонфармои, Чи бояд истехсол кард, Чи тавр бояд истехсол кард, Барои ки бояд истехсол кард, Низоми иктисодиёти омехта, низоми иктисодиёти имрузаи Чумхурии То чи кистон чи гуна аст?, реферат, бо забони точики.

ҚаблӣНизоми иқтисодиёти анъанавӣ ва бозорӣ
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Шиносоӣ бе миёнарав