Омӯзиши забони англисӣ — Шиносоӣ бе миёнарав

Мавод дар заминаи барномаи «Забондон» омода шудааст. Барои дарёфи бештар ба барномаи «Забондон» ворид шавед.


Бояд қайд кард, ки дар забони англисӣ шиносоӣ бе миёнарав рафтори хубро таҷассум намекунад. Аммо агар ҳамин тавр ҳам рӯй дод, ки дар назди шумо ягон каси шинос мекардагӣ ёфт нашуд, шумо метавонед, яке аз  ин шаклҳоро истифода кунед:  

Давоми матн пас аз блоки реклама
Ман мехоҳам бо Шумо (бо ту) шинос шавам. Hello, my name is Mrs. Jones (Peter Evans, Jane)
Ман мехостам, ки бо Шумо (бо ту) шинос шавам. I’ve been looking forward to meeting you. My names is…
Ман бо Шумо (бо ту)  шинос шудан мехоҳам.  I am Jane Morrison/ I’ve always wanted to meet you.
Бо Шумо (бо ту) шинос шудан мехостам. I’ve been looking forward to meeting you. My names is…

Аксаран дар ҳолати озод:  

Биё(ед) шинос шавем! Good evening. I am Peter Hopkins.
Шинос мешавем!   Hello! My name’s Susan.

 Монандӣ ба шаклҳои додашуда дар забони англисӣ нест. Чӣ тавр шиносоӣ ба вуҷуд меояд бештар аз худи шиносшаванда вобаста аст. Суҳбат бо шахси ношинос одатан бо луқмапартоии боду ҳаво, ивазкунии таассурот нисбат ба филми тамошокарда ва ғайра оғоз мегардад. Ва баъд имконият барои давом додани шиносоӣ пайдо мегардад, ки агар ҳамсуҳбати Шумо худро ба Шумо муаррифӣ кунад ё Шумо ба ӯ.


Шаклҳои расмӣ:  

Иҷозат диҳед бо шумо шинос шавам! May I introduce myself (to you).
Рухсат диҳед бо шумо шинос шавам! Let me introduce myself (to you).
Иҷозат диҳед худамро ба шумо муаррифӣ кунам!   Allow me to introduce myself.
Иҷозат диҳед худамро муаррифӣ кунам!   Дотсенти Донишгоҳи миллӣ Қаюмов Акбар. Ман фаҳмидам, ки мо ҳарду дар як соҳа кор мекунем. Ба мо хуб мешуд, ки масъалаҳоямонро якҷо ҳал кунем. Allow me to introduce myself. My name is Qaumov Akbar. I’m assistant Professor at Tajik National University. I understand we’re working in the same field and I was hoping we could discuss certain problems.
Иҷозат диҳед худамро шинос кунам!  Ҳунарпешаи театри драматургӣ Сатторов Акмал.   May I introduce myself? I’m Sattorov Akmal, an actor of the drama theatre.
Номи ман Азиз аст. My name is Aziz.

Муаррифӣ бо исму насаб бо чунин шакл сурат мегирад:  

Насаби ман Искандаров My name is Iskandarov
Ман Раҳимов I am Rahimov
Раҳимов Rahimov
Номи ман Насиба Зокировна My name is Nasiba Zokirovna
Шаҳноза Қодирова Shahnoza Qodirova
Дилафрӯз Алишеровна  DiIafruz Alisherovna

Шиносоӣ (ба таври асосӣ дар ҳолати ғайри расмӣ) метавонад бо савол ба шахси ношинос оғоз гардад:
 

Номи Шумо (ту) чист? What is your name?
Насаби Шумо (ту) чист? What is your name/surname?  
What shall I call you?
Номи ва  насаби Шумо (ту) чист? How do you want me to call you?
Номи Шумо? What is your name?

 Дар муомилаи гуфтугӯии муқаррарӣ танҳо калимаи name, истифода мешавад, ки зимнан дар назар ном ва насабро дорад. Бештар ҷавонон ҳангоми  шиносоӣ бо якдигар аз исм шуруъ мекунанд,  дар шароити расмӣ ё  вохуриҳои корӣ аз насаб ё ному насаб оғоз мекунанд.


Саволҳо бо услуби гуфтугӯӣ:  

Мумкин аст номи Шуморо (туро) пурсам? And may I ask your name?
Номи Шумо (ту) чӣ? And what is your name?
Мумкин аст насаби Шуморо (туро)? And how shall I call you?
Ном ва насаби Шумо (ту)? And how do I call you?  
And how would you like me to address/call you?
Исми Шумо (ту)? And how do I address you?  
And what is your name?

Дар талаботи расмӣ — пур кардани саволномаҳо, ба қайдгирӣ дар муолиҷахона (поликлиника) ва ғайраҳо чунин тарзи муаррифии хос мавҷуд аст.  Дар ин хусус саволҳои қӯтоҳ дода мешаванд:  

Насаб: Surname?
Ном: First name?
Номи падар:
Соли таваллуд: Date of birth?

Матлаби пешин: «Муроҷиат ба шинос».

Матлаби баъдӣ: «Шиносоӣ бо миёнарав».

Манбаъ: «Одоби муошират», Муҳиддинова Т. Ҳ., Душанбе — 2014.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед