Иттиҳоди европоии иқтисодӣ (ЕврАзэс)

Иттиҳоди европоии иқтисодӣ (ЕврАзэс) – иттиҳодияи кушода мебошад. Ҳар як мамлакат метавонад аъзои ин иттиҳодия шавад, ба шарте ки ҳамаи ӯҳдадориҳою қонунҳои дар ин иттиҳодия ба имзо расидаро бояд риоя кунанд. Дар шартномаи Иттиҳоди европоии иқтисодӣ номгӯи ӯҳдаҳориҳои мамлакатҳои аъзомешуда нишон дода шудаанд. Нусхаи шартномаи ЕврАзэс ингуна мебошад:

Расми 2.1. Намунаи шартномаи ЕврАзЭс.
Расми 2.1. Намунаи шартномаи ЕврАзЭс.

Статуси назораткуниро дар бораи иҷроиши шартҳои иттиҳодияи  ЕврАзЭСро   метавонад худи иттиҳодия ба давлат супорад, ё ин ки ба ягон ташкилоти байналхалқӣ супорад. Назораткунанда ҳуқуқи иштирок дар маҷлисҳои кушоди ЕврАзЭС, шиносои бо ҳуҷҷатҳо ва ҳаллу фасли онҳоро дорад. Аммо ҳуқуқи овоздиҳӣ барои қабули қарорҳо ва ба имзорасонии ҳуҷҷатҳоро надорад.

ЕврАзЭС бо мақсади пешравии алоқаҳои иқтисодии мамлакатҳои аъзобуда, хариду фурӯш, пеш бурдани раванди ташаккули иттифоқи ягонаи гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ, мутобиқшавии мамлакатҳои мазкур дар якҷоя шудан дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва системаи бозори ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Вазифаҳои асосии иттиҳодия инҳоянд:

-ба итмом расонидани реҷаи озоди доду гирифт, ба ҷо овардани иттифоқи гумрукӣ дар байни мамлакатҳои аъзобуда,

-таъмин намудани ҳаракати озоди сармоя

– ташкил кардани бозори умумии молиявӣ

-сохтан ва амали намудани программаҳои байнидавлатӣ

– ба тартиби муайян даровардани бозори энергетикӣ

Расми 2.2. Марказҳои логистикӣ дар ЕврАзЭс
Расми 2.2. Марказҳои логистикӣ дар ЕврАзЭс
ҚаблӣЛогистикаи байналхалқӣ ва ташкилотҳои он. Интихоби намуди нақлиёт дар минтақаи Тоҷикистон
БаъдӣИмкониятҳои Тоҷикистон нисбати ташкили марказҳои логистикӣ