Таснифоти сохтори бозорӣ. Маҳдудияти рақобати озод дар шароити навъҳои гуногуни сохтори бозорӣ бартараф карда мешавад. Рақобате, ки дар он ҳадди ақал яке аз унсурҳои рақобат риоя карда намешавад, рақобати ғайрикомил эътироф карда мешавад. Дар ин самт ҳолати истисноӣ инҳисори соф (pure monopoly) ба шумор меравад, ки аз рӯи он дар соҳа танҳо як корхона ҳукмрон буда, доираи амали он бо доираи амали соҳа мутобиқат менамояд.
Ҳангоми дар соҳа фаъолият намудани шумораи ками корхонаҳо ҳолати олигополӣ фаро мерасад. Ҳолати акс дар мавриде рух дода метавонад, ки агар дар соҳа шумораи корхонаҳо зиёд буда, ҳар яке аз онҳо ҳаддалимкон барандаи қисмати муайяни ҳукмронии инҳисорӣ мебошанд.

Ҳолати мазкурро ҳамчун рақобати инҳисорӣ ном мебаранд (ниг. ба расми 4.2).
Намудҳои асосии сохтори бозорӣ ҳадди охирони намуди сохтори бозорӣ набуда, ҳамчунин намудҳои дигари зиёди онҳо фарқ карда мешаванд. Дар бозор ҷой доштани як истеъмолкунанда монопсония номида мешавад. Корхонае, ки маҳсулоти худро ба категорияи гуногуни истеъмолкунандагон бо нархи гуногун мефурӯшад, корхонаи истифодабарандаи гуногунии нарх номида мешавад.
Дар ҳолати ба ҳам бархӯрдани монопсонистистеъмолкунанда бо монополистфурӯшанда инҳисори дутарафа ба вуҷуд меояд. Дар соҳа фаъолият намудани ду корхона, ки чунин ҳолати бештар ба назаррасандаи олигополия мебошад, дуополия номида мешавад.
Дар мавриди гузаштан ба омӯзиши роҳҳои гуногуни омезиши шакл ҳои таклифот ва талабот, миқдори имконпазири сохторҳои бозорӣ меафзояд (ниг. ба табл. 4.3). Лекин ҳангоми таҳлили ҳолати мавҷуда одатан аз тахмине бармеоянд, ки аз рӯи он талабот рақобатпазир буда, бо омӯзиши шаклҳои гуногуни таклифот маҳдуд мешавад.
Таблитсаи 4.3. Таснифоти шакли бозор[1]
Шаклҳои таклифот Шаклҳои талабот | Рақобат (полиполия) | Олигополия | Инҳисор |
Рақобат (полипсония) | Рақобати озод | Олигополия | Инҳисор |
Олигопсония | Олигопсония | Олигополия, маҳдудияти олигопсония | Инҳисор, маҳдудияти олигопсония |
Монопсония | Монопсония | Монопсония, маҳдудияти олигополӣ | Инҳисори дутарафа |
Дар навбати аввал инҳисори софро баррасӣ менамоем.
[1] Аз рӯи асари Ойкен В. “Основные принципы экономической политики”. М.: Прогресс, 1995. С. 75 тартиб дода шудааст.
Мавзӯи пурра >> Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор