Пасвандҳои исмсоз – Пасвандхои исмсоз

Пасвандҳои калимасози исм аз рӯйи маъною вазифаашон ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1.Пасвандҳое, ки исми шахс месозанд: -чӣ, -гар, – гор, -бон (нақорачӣ, оҳангар, боғбон);

2.Пасвандҳое, ки номи предмет месозанд: -а, -ак, -ок, -ча, -ӣ (даста, айнак, хӯрок, олуча);

3.Пасвандҳое, ки исми маънӣ месозанд: -иш, -гарӣ, -ӣ (хониш, боронгарӣ, дӯстӣ);

4.Пасвандҳое, ки исми макон месозанд: -гоҳ, -зор, -истон (истгоҳ, гулзор, кӯҳсор, гулистон).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқ. Исмҳои пасванддорро аз рӯйи тартиби дар боло нишондодашуда ба гурӯҳҳо ҷудо намоед.

Чашма, бародарӣ, навозиш, теға, тароша, подабон, одамгарӣ, поя, буҷулак, обкашак,  ҳастӣ,  некӣ, айнак, зодгоҳ, тундӣ, бемористон, танҳоӣ, супориш, намоиш, шамъдон, нондон, баромадгоҳ, пӯстак, нестӣ, зебоӣ.

ҚаблӣПешванди ҳам- (пешванди исмсоз)
БаъдӣПасвандҳои хурдию навозиш