Пасвандҳои хурдию навозиш

Пасвандхои хурдию навозиш


Пасвандҳои –ча, -ак хусусияти шаклсозӣ доранд. –ча маънои хурдиро ифода мекунад: лаълича, дарёча, китобча, хонача, шаҳрча.

Пасванди –ак бештар маънои навозишро ифода мекунад: Бегоҳӣ боронаки нағзакак шуд. (Ҷ.Икромӣ). –ак хурдиро ҳам мефаҳмонад: Китобаке дошт, ки онро ду сол инҷониб хонда ба поён расонида наметавонист. (Ф.Муҳаммадиев)

Машқи 1. Шарҳ диҳед, ки дар кадоме аз ин калимаҳо пасвандҳо маъноро дигар кардаанд.

Додарон, хоҳарча, олуча, гавҳарак, дарича, ширинча, гӯшак, айнак, остинча, китобча, писарча, писарак.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Машқи 2. Гӯед, ки дар ҷумлаҳои зер исми ҷон пас аз кадом калимаҳо омадааст ва чиро ифода мекунад.

Агар ба волидайн ва хоҳару додаронатон муроҷиат карданӣ шавед, ҳатман калимаи «ҷон» -ро истифода баред. Аз ин шумо бурд мекунед: қадру эътиборатон зиёд мешавад: амак нею амакҷон, падар нею падарҷон бигӯед. Мардуми тоҷикзабони Афғонистон дар як сурудашон ҳатто, Кобул нею Кобулҷон мегӯянд.


Савол

Калимаҳои модар аз модарҷон, падар аз падарҷон ва амсоли ин чӣ фарқ доранд?

ҚаблӣПасвандҳои исмсоз – Пасвандхои исмсоз
БаъдӣИсмҳои мураккаб – Исмхои мураккаб