Мероси шоир Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави шеърхо

Асархои Низоми Ганчави / Низомии Ганҷавӣ. Иншо эссе дар бораи Низоми Ганчави шеърхо.


Мероси шоир

Низомии Ганҷавӣ, пеш аз ҳама, бо маснавиҳои панҷгонааш, ки дертар ба худ унвони умумии “Хамса”-ро гирифтаанд, шуҳрат дорад. Аммо пеш аз ин ӯ бо сурудани ғазал, рубоӣ, қасида ва қитъа машғул будааст ва дар поёни умраш аз онҳо девоне ҳам ба тартиб даровардааст. Шоир аз девони шеърҳояш дар маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун” ба шодӣ ёд овардааст:

Рӯзе ба муборакию шодӣ
 Будам ба нишоти кайқубодӣ.
Абруйи ҳилолиям кушода,
Девони Низомиям ниҳода.

Дар бораи он ки шеърҳои ғиноии муаллиф дар замонааш машҳур будаанд ва онҳоро дар базмҳо месуруданд, худи ӯ гувоҳӣ додааст. Бинобар гуфтаи вай, вақте ба даргоҳи ҳокими Табрез Қизиларслон ҳозир шуд, базм дар авҷ буд ва дар он аҳли созу наво ғазалҳояшро замзама мекардаанд.

Бо вуҷуди ин девони шеърҳои Низомии Ганҷавиро ба ҳеч ваҷҳ наметавон бо “Хамса”-и ӯ баробар кард. Он тозакорию навовариҳои шоиронае, ки дар маснавиҳои шоир ҳаст, дар ғазалу қасида, қитъа ва рубоиёти вай ба назар намерасад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маълумот дар бораи “Хамса”-и Низомиро инҷо хонед <<

Зиндагиномаи Низомии Ганҷавӣ

ҚаблӣҒазал/шеър дар васфи Истиқлолият
БаъдӣХамсаи Низоми Ганчави. “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ.