Аъзои нафаскашӣ (суолҳои тестӣ аз биология)

Суолҳои тестӣ аз фанни биология дар бораи Аъзои нафаскашӣ. Саволхои тести.

Мавзӯи вобаста ба Аъзои нафаскашӣ:

Узвҳои нафаскашӣ. Роҳҳои нафаскашӣ. Шуш


1. Ҳуҷайраҳои организмро чӣ бо оксиген таъмин мекунад? А) Ғизо.

В) Об.
С) Хун.
Д) Намакҳо.
Е) Хӯрок.

2. Пардаи шушро кадом намуди бофта ташкил медиҳад?

А) Пайвасткунанда.
В) Васлкунанда.
С) Эпителӣ.
Д) Дохилӣ,
Е) Ҳамааш.

3. Маркази нафасгирӣ, ки барои танзими нафаскашӣ ва нафасбарорӣ хизмат мекунад, дар куҷо ҷойгир аст?

А) Дил.
В) Мағзи сар.
С) Шуш.
Д) Рагҳо.
Е) Гурдаҳо.

4. Одам дар ҳолати оромӣ ҳар дақиқа чанд маротиба нафас мегирад?

А) 14. В) 16. С) 18. Д) 20. Е) 21.

5. Ҳангоми нафасгирӣ тахминан ба шуши инсон чӣ қадар ҳаво дохил мешавад?

А) 350 см3. В) 400 см3. С) 500 см3. Д) 600 см3. Е) 650 см3.

6. Миқдори ғунҷоиши зарурии ҳавои шуш чӣ қадар аст?

А) 2000 см3. В) 3000 см3. С) 3500 см3. Д) 4000 см3. Е) 4500 см3.

7. Ҳавое, ки мо нафас мегирем, дар таркибаш чӣ қадар гази карбонат дорад?

А) 0 фоиз.
В) 0,01 фоиз.
С) 0,03 фоиз.
Д) 1 фоиз.
Е) 1,5 фоиз.

8. Ҳавое, ки мо хориҷ мекунем, дар таркибаш чӣ қадар оксиген дорад?

А) 0 фоиз. В) 10 фоиз. С) 12 фоиз. Д) 16 фоиз. Е) 18 фоиз.

9. Одам чанд шуш дорад?

А) 1. В) 2. С) 3. Д) 4. Е) 0.

10. Плевра дар куҷойи шуш ҷойгир шудааст?

А) Болоӣ.
В) Дохилӣ.
С) Миёна.
Д) Поён.
Е) Нест.

11. Дар ташаккул ёфтани овози одам кадом узвҳо иштирок мекунанд?

А) Лабҳо.
В) Даҳон.
С) Ҳалқу бинӣ.
Д) Ковокии даҳон.
Е) Ҳамаи узвҳои номбаршуда.

ҚаблӣГардиши хун, дил (суолҳои тестӣ аз биология)
БаъдӣАъзои ҳозима (суолҳо аз биология)