Пешванди ҳам- (пешванди исмсоз)

Пешванди ҳам- (пешванди исмсоз). Пешвандхои исмсоз дар забони точики.


Исм фақат як пешванди калимасоз дорад: ҳам-. Ин пешванд ба исмҳо ва асосҳои феъл ҳамроҳ шуда, бештар исми шахс месозад: ҳамфикр, ҳамнишин,  ҳамсоя.


Машқи 1. Шеърро ифоданок хонед. Исмҳои пешванддорро шарҳ диҳед.

Тоҷикон авлоди Хайёманд гуфтӣ, дӯстам,
Шод фарзандони айёманд гуфтӣ, дӯстам.

Ҳамқадаҳ ҳастанд бо Хайём доғистониён,
Бо шумо ҳамкасбу ҳамноманд гуфтӣ, дӯстам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хонае, ки дар диёрат чун зиёратгоҳ буд,
Аз тамоми сирру асрори сухан огоҳ буд,

Аз дили шаб то саҳар меҳмоннавозӣ менамуд,
Шоири тоҷикро, ки бо шумо ҳамроҳ буд.

 Мирзо Турсунзода


Савол ва супориш

  1. Ифодаи дили шаб -ро эзоҳ диҳед.
  2. Шоир доғистониён гуфта, киро дар назар дорад?

Машқи 2. Ба калимаҳо пешванди ҳам- илова намуда исм созед.

Нишин, дам, гурӯҳ, роз, дард, сабақ, кор, овоз, гап, аср, замон, қалам, тақдир, деҳа, ҳудуд, синф.

ҚаблӣИсмҳои сохта – Исмхои сохта (грамматикаи забони тоҷикӣ)
БаъдӣПасвандҳои исмсоз – Пасвандхои исмсоз