Пешгуфтор – Менечмент (китоби дарси барои донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби).

Мо давраи хеле мушкил, давраи дигаргуниҳои амиқи иҷтимоию-иқтисодиро аз сар гузаронида истодаем. Тасаввуроти муқаррарии фаҳмиши олам тағйир ёфта, тарзи нави фаҳмидани қоидаҳои консептуалӣ дар назария ва таҷрибаи идоракунӣ пайдо шуда истодаанд. Душвориҳо ва муаммоҳои ташкил намудани тарзи нави фикрронии иқтисодӣ ва истифодабарии парадигмаи муносиби идоракунӣ аз курсии донишҷӯӣ оғоз ёфта, то табақаҳои баландмаърифати ҷамъият ба назар гирифта мешавад.
Бештари масъалаҳои эҷоди асосҳои хоҷагии бозоргонӣ ва ташкили низоми ба онҳо мувофиқро маротибаи аввал ҳал намудан лозим меояд. Дар кишварамон тӯли ду даҳсолаи истиқлоли давлатӣ таҷрибаи муайяни амалии истиқрору рушди менеҷмент ҳамчун неруи ҳаракатдиҳандаи сохтмони хоҷагии бозори мустаҳкам гирд омадааст.
Дар шароити муосир самти афзалиятноки бозсозии иқтисодӣ дар таҳияи мавқеи асосии назариявӣ ва методологӣ оид ба татбиқи менеҷмент дар таҷрибаи миллӣ, хусусан дар сатҳи корхонаҳою идораҳо, мебошад. Муаммоҳои баланд бардоштани самаранокии рушди корхонаро, пеш аз ҳама, ташкили низоми идоракунии он муайян мекунад. Дар навбати худ он аз сохтори дақиқу аниқ ва фаъолияти ҳамаи унсурҳо барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда вобаста аст. Маҳз ҳамаи инҳо таркиби мафҳуми менеҷментро ташкил медиҳанд, ки имрӯз бе донистани принсипҳо ва усулҳои он дар ҳеҷ сатҳ идора наметавон кард. Бинобар ҳамин, дар омӯхтани фанҳои иқтисодӣ менеҷмент беш аз пеш ба ҷои аввал мебарояд.
Ба шарофати амрикоиҳо имрӯз ин калимаи англисӣ барои ҳар инсони соҳибмаълумот ошно мебошад. Дар фаҳмиши одӣ, менеҷмент маънои қобилияти расидан ба мақсадҳои гузошташуда бо истифода аз меҳнат, хирад, ангезаи рафтори одамони дигарро дорад. Менеҷмент ба забони тоҷикӣ «идоракунӣ» – намуди фаъолият оид ба роҳбарӣ кардани одамон дар ташкилотҳои гуногун мебошад. Ҳамчунин менеҷмент соҳаи дониши инсониест, ки дар амалигардонии ин вазифа кумак мерасонад. Ниҳоят, менеҷмент ҳамчун ҷамъи менеҷерҳо – тоифаи (категегорияи) одамон, табақаи иҷтимоии шахсоне мебошад, ки кори идоракуниро иҷро мекунанд.
Аҳамияти менеҷмент ин соҳаи донишро ба фанни мустақил ва ҳамин касбро ба табақаи иҷтимоию неруи муассири ҷамъиятӣ табдил додааст. Нақши рӯзафзуни ин неруи ҷамъиятӣ ба он мусоидат кард, ки соли 2002 аввалин маротиба дар кишварамон иттиҳодияи ҷамъиятии касбӣ – Ассосиатсияи Миллии менеҷерҳо ва маркетингшиносон таъсис дода шуд.
Асоси пайвасткунанда дар низоми идоракунии корхона фарҳанг мебошад. Идоракунии ин қисмати бисёрҷабҳа ва муттаҳидкунанда яке аз вазифаҳои муҳимтарини менеҷмент аст, зеро ки тагйирдиҳии фарҳанг – унсури асосӣ дар тағйирёбии корхона мебошад. Худи кор оид ба тагйирдиҳии фарҳанг дар ташкилот аз менеҷер дониш, малака ва маҳорати муайян, аз ҷумла қобилияти дар давоми ҳаёт омӯхтанро талаб менамояд.
Дар фарҳанги кишварҳои мутараққии капиталистӣ мафҳуми менеҷмент бисёр вақт бо мафҳуми бизнес ҳамроҳ аст, аммо бизнесмен ва менеҷер ҳаммаъно нестанд. Бизнесмен (соҳибкор) нафарест, ки «пул кор мекунад», соҳиби сармояи дар муомила буда ва фоидадиҳанда аст. Менеҷер бошад, ҳатман мансаби доимиро ишгол карда, шахсони дигарро дар тобеияти худ дорад. Агар менеҷер моили услуби бюрократии роҳбарӣ бошад, фарқият дар миёни менеҷеру соҳибкор хеле калон хоҳад буд, аммо дар сурати услуби соҳибкоронаи идоракуниро пеш гирифтанаш ин фарқиятҳо ҳам камтар мешаванд.
Аз ин рӯ, саволи «Чӣ тавр менеҷер метавон шуд?» дар ҳақиқати ҳол саволи содалавҳона нест. Албатта, барои ин мансаби идоракуниро ишгол намудан, роҳбар шудан лозим аст. Вале асоситар аз ҳама – шинохтани мансубияти касбии худ ба менеҷмент, аз худ намудани маҷмӯи донишҳои бевосита ба менеҷмент алоқадошта, риояи стандартҳои муайян – ахлоқи менеҷер, ҳатто хусусиятҳои зоҳирии рафтори хоси менеҷерҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, фаромӯш набояд кард, ки он роҳбаре обрӯманд аст, ки сарфи назар аз намуди зоҳирӣ ва таҳсилот кори худро медонад, ба хубӣ идора карда, ба мақсадҳои гузошташуда расида метавонад. Дар ҳама ҷо стандарти асосии «менеҷер»-и касбӣ маҳз ҳамин мебошад.
Имрӯзҳо менеҷмент дар аксарияти мактабҳои олии Тоҷикистон омӯзонида мешавад. Бо вуҷуди он ки омӯзиши менеҷмент дар мактабҳои олии мо аллакай бист сол боз идома дораду китобҳои зиёде ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, тақозо ба китобҳои нав оид ба ин мавзӯъ кам намешавад. Ва ин якчанд сабаби гуногун дорад.
Аввалан, аксарияти китобҳои интишорёфта оид ба менеҷмент, аз ҷумла китобҳои дарсӣ хориҷӣ буда, хусусиятҳои миллии моро инъикос намекунанд. Хонандаи тоҷик бошад, имрӯз ба маълумоте ниёз дорад, ки бо воқеияти ҳаёти мо алоқаманд аст.
Дуюм, матолиби аксарияти китобҳои дарсӣ хусусияти сирф назариявӣ, I баъзан абстрактӣ (умумӣ) доранд, ҳол он ки донишҷӯ ва мутахассис аз адабиёт ҷавоб ба саволҳои рӯзмарраи истеҳсолиеро меҷӯяд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзааш лозим мебошанд.
Сеюм, матолиби қисми зиёде аз китобҳои дарсӣ ба таври душворфаҳм иншо гардида, пур аз маълумоти илмӣ мебошанд. Онҳо шавқовар нестанд, мисолҳои хуб надоранд, хондану фаҳмиданашон мушкил аст.
Гуфтаҳои боло маънои онро доранд, ки кӯшишҳо ҷиҳати интишори китобҳои дарсии ватании қулай ва дастрас хеле муҳим буда, талабот ба онҳо зиёд аст. Ин китоб ҳам яке аз чунин кӯшишҳост.
Дар китоби мазкур сохтори классикии китоби дарсии менеҷмент нигоҳ дошта шуда, илова бар он фарогири матолибест, ки дар асоси назарияву амалияи муосири идоракунии ташкилотҳои Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари мавзӯъҳои анъанавӣ барои адабиёти илмӣ оид ба менеҷмент таҳаввули назария ва тавсифи принсипҳо, функсия ва усулҳои менеҷмент, ғайр аз ин масъалаҳои муҳимтарини менеҷмент, аз қабили менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ, идоракунии муноқишот ва санъати идоракунӣ, инчунин самтҳои наву муосир – тайм-менеҷмент ва бренд-менеҷмент мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, ки одатан аз доираи чунин китобҳо берун мемонанд. Мавзӯи сифатан нав – «Амалияи менеҷмент дар Тоҷикистон» мебошад, ки дар он ҷиҳатҳои таърихию мантиқии ташаккулёбии системаи менеҷменти Тоҷикистон таҳқиқ шудаанд. Ин муҳтавои китоби дарсиро васеъ гардонида, барои пурратар аз худ намудани ҷиҳатҳои гуногуни менеҷменти муосир имкон медиҳад.
Таълифи китоби мазкур ба туфайли фазои эҷодие, ки коллективи кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фароҳам сохтанд ва озмоиши фаъолонаи маводи назариявӣ ва супоришҳои амалию тестҳо бо донишҷӯёни донишкадаи мазкур имконпазир гардид.
Китоби дарсии «Менеҷмент», пеш аз ҳама, барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни макотиби олии Тоҷикистон (ихтисосҳои техникӣ, идорӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо), ки фанни мазкурро меомӯзанд, таъйин шудааст. Он барои хонандагони дигар – аз талабагони синфҳои болоӣ то шунавандагони зинаҳои гуногуни таълими баъди мактаби олӣ, магистранту аспирантҳо, муаллимону кормандони илмӣ, муҳандисон, менеҷерҳо ва иқтисодчиёне, ки мустақилона ба такмили ихтисоси худ машғуланд, муфид хоҳад буд.
Китоби дарсии мазкур ба менеҷерҳои оянда имкон медиҳад, то асосҳои умумии идоракунии истеҳсолотро аз худ намоянд, ки бидуни донистани онҳо иҷрои фаъолияти роҳбарӣ душвор буда, боиси иштибоҳоти дагалона ва оқибатҳои манфӣ барои худи менеҷеру зердастонаш ва барои тамоми ташкилот мегардад.
Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дотсент Солиев А.А.
Пешгуфтори китоби Менеҷмент (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) бо муаллифии Бозоров Ш.Ш., Назарамонова Д.М., Қосимова С.И., Ҳасанова Г.Ф., Ҳомидов А.Х., нашри Ирфон соли 2015 буд. Мавзӯҳои китоби мазкур дар сомонаи Донишҷӯ – donishju.net дар бахши Менеҷмент оварда мешаванд.



















