Пайдоиш ва таърихи Парчам

Парчам таърихи беш аз 3-3,5 – ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд.


Тархи парчами сипоҳи Ориён (порсҳо, суғдиён, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум (асрҳои 2-1 то милод) тасвир ёфтааст.


Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад.


Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома» сурати саҳнае аз ҷанги лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст. Ин ҷо дар болои тоскӯлоҳи сарбозон парчамҳои сегушаи рангашон сурху зард тасвир шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Парчами Тоҷикистон (шеър)


Аксар парчамҳои дар миниотураҳои классики тасвиршуда сегӯшаанд ва рангҳои сафед, зард, бунафш ва сурх доранд. Истифодаи ранги сурх афзалият дорад.


Парчами Аморати Бухоро охирин парчами давлатии тоҷикон то Инқилоби Октябр буд. Он чаҳоргӯша буд ва дар худ аксҳои моҳу ситора ва панҷаҳои дастро дошт.


Дар эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон 24 августи соли 1991 бори нахуст зикр гардид, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд.


Дигар аз санадҳои муҳими кишвар, ки Парчамро рамзи давлатӣ эълон намуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Дар «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он давлат таъкид шудааст.


Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии ИҶШС (СССР – пайдоишаш соли 1922) буд. Конститутсияи соли 1924 ИҶШС парчаи сурхи (1:2) дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонид.


Моҳи феврали соли 1974 Президиуми Шурои Олии ИҶШС қарор қабул намуда, ба ҷумлаҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами ИҶШС шабеҳи худро қабул кунанд.


Парчами ҶШС Тоҷикистон 20 марти соли 1953 охирин бор таҳрир шуд. То ин дам парчами сурхи путку досдор бо навиштаҷоти тоҷикии РСС Точикистон ва Таджикская ССР дар кунҷи чапи боло истифода мешуд.


24 ноябри соли 1992 дар шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

https://donishju.net/parchami-davlatii-jumhurii-tojikiston-24-noyabr/


Таърихи парчами Точикистон, парчами совети чи гуна буд, парчами якуми/аввалини Тоҷикистон, байраки точикистон, ливои точикистон, таърихи парчам, пайдоиши парчам, аввалин парчам дар дунё.

ҚаблӣПарчами Тоҷикистон (шеър)
БаъдӣЗертипи нешчанголдорҳо (хелитсерадорҳо, сохти дарунии тортанак)