Образи бадеӣ

Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинский мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот намекунад, балки онро нишон медиҳад».

адабиёти точик персонаж

Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» халқ хислатҳои нотарсӣ, далерӣ, паҳлавонӣ ва ҷоннисории як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро дар образ (симо, тимсол)-и Эраҷ ҷамъбаст намудааст. Ё дар нақлу ривоятҳо образҳои Томирис, Куруш, Луқмони Ҳаким, Фирдавсӣ ва Восеъ тасвир ёфтаанд, ки аз рафти ҳодисаҳо хислату характер, ҷаҳонбинии онҳо аён гардидааст.

Образҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) образҳои мусбат, б) образҳои манфӣ. Ҳамаи образҳое, ки нависанда ба онҳо таваҷҷӯҳ дорад, бо камоли майл ҷиҳатҳои нағзи хислату характери онҳоро тасвир намуда, беҳтарин афкори пешқадами худро дар симои онҳо нишон додааст, образҳои мусбат ном доранд. Масалан, Эраҷ, Восеъ, Темурмалик, Сафар Одинаев ва дигарон ба гурӯҳи образҳои мусбат дохил мешаванд.

Дар асарҳои бадеӣ ашхосе амал мекунанд, ки онҳо хислату характери манфур, зишт доранд, ба инсон бадӣ мекунанд, барои хароб намудани ҷомеа саъю кушиш мекунанд ва нависанда кору амалиёти онҳоро бо нафрат ба қалам медиҳад. Ана ҳамин гуна ашхос ба образҳои манфӣ дохил мешаванд. Масалан, ба гурӯҳи образҳои манфӣ Ҳенгилдев, Иблис, Мор, Заҳҳок ва дигарон мансубанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ОБРАЗИ БАДЕИ, образ чист, образи бадеи чист?, адабиёти точик

ҚаблӣСавоби нимта нон
БаъдӣПерсонаж (иштироккунанда) дар адабиёт