Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ (таърих)

Осиёи ғарбӣ дар замони қадим.

Табиат ва машгулияти ахоли. Кашфиёти бостони. Ба вучуд омадани табакахо ва давлат. Асотир дар бораи офариниши дунё ва туфони Нух. Устура дар бораи Гилгамеш. Байнаннахрайни Чануби.


Табиат ва машғулияти аҳолӣ

Тобистони Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ гарм ва зимистонаш кӯтоҳмуддати нарм буда, аз байни он дарёҳои пуртуғёну сероби Даҷла ва Фурот ҷорӣ шуда, ба халиҷи Форс мерезанд.

Он ботлоқзори бисёр дошта бошад ҳам, барои чорводорию боғдорӣ ва зироатпарварӣ мувофиқ аст. Мардум ботлоқҳоро ба туфайли кандани заҳбур хушк мекарданд ва барои обёрии заминҳои лабташна ҷӯйборҳо мекофтанд. Дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ дарахти зайтун ҳосили хуб медод. Иқлими ин ҷо барои парвариши кунҷид ҳам мусоид буд. Аз зайтун ва кунҷид равған истеҳсол мекарданд.

Аҳолии он дар замонҳои қадимтарин ба шикор машғул буд. Баъдтар онҳо ба чорводорӣ ва зироаткорӣ ҳам сарукор мегиранд. Мардуми ин ҷо бузу гӯсфанд ва баъзе ҳайвоноти дигарро хеле барвақт ром карда буданд.

Расми 74. Шохоби дарё дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ
Расми 74. Шохоби дарё дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ

Кишоварзон заминро бо сипорҳои одии чӯбӣ шудгор мекарданд ва зироатҳои ғалладонаро бо досҳои теғашон дандонадор медаравиданд. Дан дона ҳои чунин досҳоро аз санг и чақмоқ месохтанд.

Дар заминаи рушди чорвопарварӣ ва зироаткорӣ косибӣ ҳам пайдо шуд.

Расми 75. Теппае дар Байнан наҳрайни Ҷанубӣ
Расми 75. Теппае дар Байнан наҳрайни Ҷанубӣ

Косибони Байнаннаҳр айни Ҷанубӣ дере нагузашта, истифодаи мисро ёд гирифтанд ва аз он афзори мустаҳкамтар месохтанд. Аз мис табар, дарафш, дос, корд ва асбобҳои дигари корӣ омода карда мешуд. Истифодаи филиз (металл) зиндагии мардумро ба куллӣ дигар кард, меҳнати онҳоро сермаҳсултар гардонд.

Кашфиёти бостонӣ

Бозёфтҳои бостонии маҳаллаи Зубайдаи наздикии Ур нишон медиҳанд, ки мардуми Байнаннаҳрайни Ҷанубии қадим дар кулбаҳои хурд-хурди аз қамиш сохташуда зиндагонӣ мекарданд. Онҳо деворҳои ин кулбаҳоро аз берун ва дарун бо гил андова карда, мустаҳкам менамуданд. Дар ин ҷо дар бинокорӣ хишт истифода бурда мешуд. Дар миёнаҷои кулбаҳои мардуми Ур оташдонҳое ёфт шудаанд, ки аз хишт сохта шуда буданд.

Бостоншиносон бошишгоҳҳои калонтаринро дар Зубайда, Урук, Чамдат, Носир ва ҷойҳои дигар ёфтаанд. Онҳо аз ин маҳалҳо ашёи зиёде пайдо кардаанд, ки дар бораи тарзи зиндагӣ ва маданияти мардуми Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ маълумот медиҳанд. Исбот кардаанд, ки дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ шаҳрҳои ободу зебо ва дорои аҳолии зиёд бисёр будаанд. Ба ҳамдигар наздик воқеъ будани шаҳрҳои Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ гувоҳи ин хулоса мебошад.

Расми 77. Гилгамеш бо шери мағлубкардааш
Расми 77. Гилгамеш бо шери мағлубкардааш

Ташаккулёбии эътиқодҳои динии қабилаҳои Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ ба ибтидои асри санги нав – ҳазорсолаҳои VI-III пеш аз милод рост меояд. Олимони бостоншинос дар бораи дини ин қабилаҳо баъзе маълумот ба даст овардаанд. Масалан, муайян кардаанд, ки онҳо мурдаро чорқат карда мегӯрондаанд. Шояд чунин муносибат ба фавтида ба эътиқоди динии ин халқи қадими Шарқ алоқаманд бошад.

Бостоншиносон дар шаҳрҳои Ур қариб 2000 мақбараи ҳазорсолаи III пеш аз милодро таҳқиқ кардаанд, ки ҳар кадоми онҳо бо шукӯҳи хоссаи худ аз ҳамдигар фарқ доштанд. Ин мақбараҳо аз биноҳои 4-5-хонадор, ки дар зери замин сохта шуда буданд, иборатанд. Ғайр аз «хӯҷаин» дар мақбара даҳҳо хизматгорон, посбонон, саисон, навозандагон ва ғайра гӯронида шуда буданд. Бостоншиносон тахмин мекунанд, ки онҳо пеш аз гӯрониданашон тавассути заҳр кушта шудаанд. Хизматгорон ба «хӯҷаин» гӯё, ки баъд аз маргаш ҳам хизмат мекарда бошанд. Дар мақбараҳо инчунин кулоҳҳои тиллоӣ, ҷорӯбҳо, ханҷарҳо, зару зевар, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи дигар ҳамроҳи марҳум гӯронида шуда буданд.

Ба вуҷуд омадани табақаҳо ва давлат

Дар нати ҷаи омӯзиши бозёфтҳои мақбараҳо ва ёдгориҳои хаттӣ олимон ба хулоса омадаанд, ки дар ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ табақаҳо ва давлат ба вуҷуд омада будаанд. Дар ин давра дар ҷамоаҳо одамони доро ва камбағал пайдо мешаванд. Камбағалон аз одамони доро бо амри зарурат ғалладона ва маводи дигари озуқа қарз мегирифтанд. Агар камбағал қарзро сари вақт ва бо изофа ба соҳибаш баргардонда натавонад, пас худи ӯ ва ё фарзандонаш ғулом мешуданд. Дар ҷангҳо ҷанговаронро асир гирифта, ба ғулом табдил медоданд. Дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ ғуломонро «чашм намекушодагӣ» меномиданд. Ғyлoмoн ҳатто ҳуқуқ надоштанд, ки ба хӯҷаини худ мустақиман нигоҳ кунанд. Онҳо корҳои вазнинтаринро иҷро мекарданд. Ғуломонро дар обёрии замин ва дар сохтмони обанборҳо, биноҳо, мақбараҳо, роҳҳо, ҷӯйҳо ва ғайра кор мефармуданд.

Дар ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз милод дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ давлатҳои хурд-хурди бисёре ба вуҷуд омаданд.

Асотир дар бораи офариниши дунё ва тӯфони Нӯҳ

Тамоми рӯйи заминро оби уқёнус зер карда буд. Аждаҳои бадҳайбате ба худоҳо барои аз об ҷудо кардани замин халал мерасонд. Худои калон бо аждаҳо дар набард шуда, ӯро кушт ва танашро ду тақсим кард. Аз қисми болоии тани аждаҳо гунбази осмонро сохта, онро бо ситораҳо ороиш дод. Аз қисми поёнии тани аждаҳо заминро сохта, дар рӯйи он рустанӣ ва ҳайвонотро офарид. Аз лой одамони аввалинро сохт, ки аз ҷиҳати симо ва ақл ба худоҳо монанд буданд.

Худоҳо тамоми заминро зери об мононда, одамонро нест карданӣ шуданд. Вале худои об аз ин нияти онҳо ба найзоре, ки аз он кулбаи як шахсе сохта шуда буд, хабар дод. Найҳо ин хабарро ба соҳиби кулба расонданд. Ӯ киштии калоне сохта, ба он оилаи худ, ҳунармандони моҳир ва ҳайвоноту парандагони гуногунро бор кард. Дар рӯзе, ки худоҳо таъйин карда буданд, рӯйи осмонро абри сиёҳ пӯшонд ва борони сахт борид. Заминро об зер кард. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиат ғайр аз одамон ва ҷонварони ба киштӣ саворшуда ҳамаи одамон ва ҳайвоноту парандагони дигар ғарқ шуданд.

Устура дар бораи Гилгамеш

Гилгамеш корнамоиҳои зиёде кардааст. Дар мамлакати дурдасте, дар ҷангали зебои чилғӯза махлуқи даҳшатноки Хумбаба зиндагӣ мекард. Вай ҳар касеро, ки ба ҷангал медаромад, нобуд мекард. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас ҷуръат надошт, ки ба ҷангали Хумбабаи даҳшатнок дарояд. Гилгамеши шуҷоъ бо ҳамроҳии дӯсташ Энкиду ба роҳ мебарояд ва дар муборизаи басо мушкил ин махлуқро мағлуб мекунад.

Барои ҷазо додани одамон худоҳо барзагови пурзӯри осмониеро равон мекунанд. Ӯ ҳама чизро несту нобуд мекард, киштзорҳоро поймол ва шаҳрҳоро ба хок яксон менамуд. Гилгамеш ба муқобили барзагов ба ҷанг даромада, бо ханҷар сари ӯро аз тан ҷудо мекунад.

Вақте ки Энкиду вафот мекунад, қаҳрамон ба ҷустуҷӯи гиёҳи абадзинда мебарояд. Худоҳо ба ӯ халал мерасонанд. вале Гилгамеш ҷасурона ба пеш меравад. Сарфи назар аз ин, ба ӯ муяссар намегардад, ки гиёҳи абадзиндаро ёбад. Гилгамеш пеш аз маргаш оқибат мефаҳмад, ки абадзиндагӣ дар корҳои пуршарафи вай ба нафъи мардум будааст.


Савол ва супоришҳо

  • Дар бораи табиат ва машғулияти қабилаҳои Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ нақл кунед.
  • Одамони Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ хонаҳояшонро чӣ гуна месохтанд?
  • Дар бораи эътиқоди динии қабилаҳои Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ маълумот диҳед.
  • Олимон аз таҳқиқоти мақбараҳо ба кадом хулоса омаданд?
  • Дар Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ кай ва чӣ тавр табақаҳою давлатҳо ба вуҷуд омаданд?
  • Яке аз устураҳои дар мавзӯъ овардашударо шарҳ диҳед.
ҚаблӣСанъати Мисри қадим
БаъдӣДавлатҳои Сумер ва Аккад