Илм, санъат ва аҳамияти маданияти Рум

Илм, санъат ва аҳамияти маданияти Рум. Илми Рум. Қонунҳои Рум. Санъати Рум. Аҳамияти фарҳанги Рум.


Илми Рум

Марказҳои асосии илми мамлакат шаҳрҳои Рум, Искандарияи Миср, Пергам, Родос, Афина, Массалия, Карфаген ва баъзе шаҳрҳои дигар ба ҳисоб мерафтанд.

Дар империяи Рум ҷуғрофия аз илмҳои дигар дида, бештар рушд карда буд. Доир ба ин илм чандин рисолаҳои пурарзиш навишта шудаанд. Бузургтарини онҳо асари машҳури Страбон «Ҷуғрофия» мебошад.

Дар нимаи аввали асри I Плиний Секунда ном олим «Таърихи табиӣ»-ро менависад. Он донишномаи хубе буд оид ба донишҳои ҷуғрофӣ, ботаникӣ ва экологӣ. Дар асри II таърихшиноси машҳури Рум Татсит ду рисола навиштааст: «Корҳои Публий Валерий Агрикола» ва «Олмон». Онҳо дар бораи зиндагии қабилаҳое, ки дар Аврупои Марказӣ сокин буданд, нақл мекунанд.

Дар асрҳои I–II дар Рум барои тайёр кардани табибон мактабҳои махсус кушода шуданд. Яке аз олимони забардаст ва табиби машҳури Рум Ҷолинус (Гален) буд. Ӯ дар чунин мактаб кор карда, оид ба масъалаи узвҳои нафаскашӣ, фаъолияти майнаи cap ва ҳароммағз таҷрибаҳои самаранок гузарондааст.

Дар империяи Рум фалсафа ҳам пешрафт дошт. Дар он ҷо файласуфони машҳур зиндагӣ ва кор мекарданд. Дар байни онҳо Вергилий, Анней Сенека, Марк Аврелий, Эпикур ва Плотин буданд.

Яке аз машҳуртарин олими табиатшинос ва файласуф, ки дар Рум дар асри I пеш аз милод умр ба cap бурдааст, Лукретсий мебошад.

Ӯ асари машҳуре бо номи «Дар бораи табиати ашё»-ро навиштааст. Дар он оид ба худоҳо ақидаҳои бисёри Лукретсий инъикос ёфтаанд. Ин рисола аз донишҳои ҳаматарафаи ин олими бузурги Руми қадим шаҳодат медиҳад. Олимон ҳоло ҳам аз он сабақ мебардоранд.

Қонунҳои Рум

Дар Рум ҳуқуқшиносони машҳури замон ба камол расидаанд. Дар давраи ҷумҳурӣ будани Рум бо шарофати фаъолияти ҳуқуқшиноси бомаҳорату машҳури Рум Ситсерон дар ин мамлакат тарзи идоракунии давлат, ташкили мурофиаҳои судӣ ба таври аниқ муайян карда шуда буданд. Ибораҳои пурмазмуни «бе вайрон кардани қонун ҷиноят нест» ва «хоҳед, ки озод зиндагӣ кунед, ғуломи қонун бошед» дар натиҷаи фаъолияти ҳуқуқшиносони Руми қадим ба вуҷуд омадаанд.

Императорони Рум ба баровардани қонунҳо диққати калон медоданд. Онҳо хуб мефаҳмиданд, ки агар қонунҳо дуруст навиштаю иҷро карда шаванд, дар мамлакат тартиботи хуб ҷорӣ мегардад. Бо ташаббуси император Октавиан Август қонун дар бораи никоҳ ва оила қабул карда шуд, ки он яке аз қонунҳои боадолаттарини ин давлат буд.

Бо ташаббуси император Адриан бо номи «Ахбори абадӣ» маҷмӯаи қонунҳои Рум мураттаб сохта шуд, вале он тамоми қонунҳои ин давлатро фаро нагирифта буд. Барои ҳамин, ин император соли 130 ба ҳуқуқшиноси машҳур Юлиан фармуд, ки маҷмӯаи ягонаи қонунҳои Румро мураттаб созад, то ки ҳуқуқшиносону додхоҳон аз он бо осонӣ истифода бурда тавонанд.

Дар асри II дар Рум мактаби махсуси ҳуқуқшиносӣ кушода мешавад. Барои шогирдони он яке аз ҳуқуқшиносони боистеъдоди ҳамонвақтаи Рум Гай китоби дарсии «Донишгоҳӣ»-ро менависад.

Санъати Рум

Рассомони Руми Қадим бино ҳоро бо нақшу нигор, бо сурати барг ҳо ва навдаҳои дарахту рустаниҳои гуногун зебу зинат медоданд. Дар расмҳо асотири юнонию румиро ҳам инъикос менамуданд. Дар кори ба воситаи тахтачаҳои мармарин пӯшонидани девори биноҳо ва сутунҳо меъморони румӣ маҳорати баланд доштанд.

Расми 281. Нақши муқарнас дар сутуни Троян
Расми 281. Нақши муқарнас дар сутуни Троян

Дар давраи империя будани Рум рассомон ва ҳайкалтарошони румӣ дар офаридани сурат ва ҳайкалҳои портретӣ, пайкара ва офаридани нақши муқарнас (релеф), тасвир намудани императорҳо, маликаҳо, лашкаркашон, шоирону нависандагон ва олимон муваффақиятҳои калон ба даст оварда буданд. Ҳайкалтарошони румӣ бо ҳайкалтарошони юнонӣ тақлид менамуданд. Аз рӯйи ҳайкалҳои тарошидаи онҳо ҳайкалтарошони румӣ нусха мебардоштанд. Тавассути ин нусхаҳо румиҳо бо худоҳои олимпии юнониҳо шинос шуда, ба онҳо эътиқод ҳам мебастанд. Румиҳо ба ҳудоҳои юнониҳо номҳои нав медоданд. Масалан, Зевсро Юпитер, Гефестро Вулкан, Посейдонро Нептун меномиданд.

Дар ҳайкалтарошии портретӣ румиҳо аз юнониҳо хеле пеш гузашта буданд. Онҳо аз рӯйи мурда мумварақ бардошта, ҳайкали портретии ӯро тайёр мекарданд. Сифати чунин ҳайкалҳо чунон баланд буд, ки кас онро тамошо карда, ҳолати равонию эҳсосӣ ва ахлоқии қаҳрамононро хуб дарк менамуд.

Аҳамияти фарҳанги Рум

Дар рафти ташкилёбии империяи Рум ва солҳои мавҷудияти он аз Италия ба музофотҳо ҳазорон нафар одамон муҳоҷир шуда мерафтанд. Онҳо бо худ ба он ҷойҳо забони лотинӣ, урфу одатҳои халқи Италия, санъа-ти меъморӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, нақшу нигор, кандакорӣ, хат, мактаб, маориф, илм, адабиёт ва ғайраҳои Румро ҳам бурда паҳн менамуданд. Дар аксари шаҳрҳои империя чун дар шаҳри Рум китобхонаю ангораҳо, ибодатхонаю амфитеатрҳо, манораҳои зафару форумҳо ва ғайра сохта шуда буданд. Дар баробари ин, румиҳо касбу ҳунари худро ҳам ба мардуми маҳаллӣ меомӯзониданд. Фарҳанги Рум бо ҳамин cap то сари империя – аз соҳилҳои уқёнус и Атлантик дар Ғapб ва то Бобул дар Шарқ, аз соҳилҳои Баҳри Сиёҳ – дар Шимол то Миср ва Африқои Шимолӣ ва дар Ҷануб васеъ паҳн гардид.

Расми 282. Колизей. Намуди ҳозира
Расми 282. Колизей. Намуди ҳозира

Ҳанӯз он вақт дар асоси алифбои лотинӣ чандин давлат алифбои миллии худро сохта буд. То имрӯз алифбои зиёда аз сад давлати ҷаҳон дар асоси алифбои лотинӣ шакл гирифтааст.

Забони лотинӣ он вақт воситаи хуби муносибатҳои байналмилалӣ ва забони илму фарҳанг ба ҳисоб мерафт. Бисёр истилоҳҳои илмии то замони мо расида аз забони лотинӣ гирифта шудаанд. Моҳҳои тақвими ҳозира: январ, феврал, март, апрел, май, июн, июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабр номи моҳҳои тақвими римӣ мебошанд. Моҳи «июл» аз номи Юлий Сезар, «август» аз номи Октавиан Август гирифта шудааст. Калимаҳои «президент», «патсиент», «директор», «сенат», «консул», «кодекс», «вердикт», «конститутсия» ва боз садҳо калимаҳои дигари лотинӣ дар аксари забонҳои ҳозираи халқҳои ҷаҳон бо номи аслиашон дар истифодаанд. Забони лотинӣ дар илми тибби имрӯза ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Ҳуқуқи Рум дар тамоми ҷаҳони муосир машҳур аст. Таҳкурсии ҷомеаи ҳуқуқбунёдро маҳз румиҳо дар замони ҷумҳурӣ будани давлати худ кор карда баромадаанд. Меъёрҳо ва мафҳумҳои ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, идораи давлатӣ, мурофиаи судӣ ва ғайраҳо маҳз аввал дар Руми қадим шакли бонизоми худро гирифтаанд, гарчанде ки пеш аз Рум ҳам давлатҳои пешқадам қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқию меъёрии худро қабул карда буданд. Рум намунаи беҳтарини қонунҳои дунёи қадимро тавлид сохтааст.

Чӣ тавре ки дидем, дар рушди маданияти имрӯзаи башар саҳми Руми қадим бисёр калон аст. Тамаддуни Рум ба маданияти ғании гузаштаи дунёи қадим такя кардааст. Дар он саҳми ҳам Бобулу ҳам Сумер, ҳам Ҳахоманишиёну ҳам Чин, ҳам Финиқияю ҳам Ҳиндустон, ҳам Юнону ҳам Порт ва ғайра калон аст.


Савол ва супоришҳо

  1. Кадом шаҳрҳо марказҳои калони илми Рум буданд?
  2. Кадом олимони Руми қадимро медонед?
  3. Ҳуқуқшиносони машҳури Руми қадимро ном баред.
  4. Китоби дарсии Гай оид ба ҳуқуқ чӣ ном дорад?
  5. Маҷмӯаи қонунҳои Рум «Ахбори абадӣ» бо амри кадом императори Рум мураттаб сохта шуда буд?
  6. Кадом ёдгориҳои санъати Руми қадимро медонед?
  7. Калимаю истилоҳоти Руми қадим (лотинӣ)-ро ном баред, ки имрӯз ҳам дар истифодаанд.
ҚаблӣБоварӣ – Хазинаи маърифат