Реклама: кай ва дар куҷо пайдо шуд?
Бояд гуфт, ки чопи маводҳои ташвиқотӣ аз замонҳои қадим ба назар мерасанд. Онҳо дар шакли хаттӣ, визуалӣ ва шифоҳӣ ифода ёфтаанд.
Бино ба маълумоти муаррихон, аввалин матлаби таблиғотии ҷаҳон дар Мисри Қадим интишор ёфта, дар он роҷеъ ба фурӯши ғулом хабар дода шудааст. Инчунин, баъзе мисршиносон мешуморанд, ки паёмҳои таблиғотӣ рӯи сангҳо дарҷ мегардиданд.
Зеро яке аз чунин сангҳо дар шаҳри Мемфис ёфт шуд, ки аввалин пойтахти Мисри Қадим буд.
Таҳияи З.НАЗАРОВА