Шахсияти тарбиягар – омили объекти тарбия (педагогика)

 

Шахсияти тарбиягар яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия аст. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиягар қобили қабули инъикоси муносибаткунии рӯҳи инсонӣ нозукии тобишҳои муносибати байни шахсиро гирифта наметавонад.

Нақши тарбиягар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ фаро гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ намудан аст. Зеро ҳар қадаре, ки раванди тарбия аз ҷониби дастпарварон бо майли демократӣ сурат гирад, ҳамон қадар озодӣ ва фаъолияти эҷодӣ ангезиш меёбад. Тарбиятгар ҳамон вақт ба комёбиҳо ноил мегардад, ки агар шароит ва вазиъиятро ба ҳисоб гирад. Вай бояд рафтору фаъолияти амалии дастпарваронро бо диққат таҳлил кунад ва аз онҳо хулосаҳои даркорӣ барорад. Фаъолияти амалии худи дастпарварон – дасти гирои тарбиягар гардад.

Дар бабати камбудиҳои ҷиддии тарбияи мактаби ҳозира хеле зиёд гуфта шудаанд дар онҳо нафақат шароити номусоид, танбалии талабаҳо, беэътибории волидайн айбдор дониста мешаванд, инчунин муаллимон ва тарбиягарон ҳам бояд дар ин бӯҳрон қисман айби худро ба гардан гиранд. Дараҷаи пасти кордонӣ, ки аз педагогикаи авторитарӣ (ҳукмравоӣ) сар задааст, сабаби дуршавӣ ва бегонагардии талабаҳо аз мураббияи худ гаштааст. Аз нав ташкил кардани ҳамкории педагогогии ҳақиқиро дар пояи демократиконӣ ва гуманистии мактаб, аз нав бавуҷудории ҳиссиёти инсонӣ – ғамхорӣ ба кӯдакон раҳму шафқат ба онон басо лозим аст. Зеро гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣДиалектикаи раванди тарбия
БаъдӣСистема ва таркиби раванди тарбия