Шеърхо аз устод Озарахш

Дар ин саҳифа Шеърхо ва газалхо аз устод Толиб Озарахш оварда мешаванд. Шеър ва ғазал аз Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон — устод Толиби Озарахш Шеъри Озарахш дар инҷо >>

Толиб Озарахш шеърхо фото картинка

Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест.

Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест.

Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест.

Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!

Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…

Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!

Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест!


Ман ба ожанги ту бо зикри Худо менигарам,
Нақши Қуръони карим аст ба рўят, Падарам!

Нури оёти шарифест, ки чун шамсу қамар
Хондаӣ ҳамчу зафарномаи шому саҳарам.

Зиндагӣ як нигаҳи маърифатомўзи ту аст,
Сад ҷаҳон шукр, агар як назарат баҳраварам.

Шаҳдпайванд шуд аз файзи ту бас боғи диёр,
Ба чаманзори биҳиштӣ туӣ пайвандгарам!

Осмон обилаи дасти туро мебўсад,
Ҳар гаҳе каф бикушоӣ ба дуъои сафарам.

Кош монанди ту пирўзу тавонгар бошам,
Ба дифоъи Ватану модару фарзанди барам.

Ҷомаи беқасабатро чу дирафши Кова,
Ба ливои Ватан афрохта болои сарам.

Заррае гар ҳунаре ёфтаам, моли ту аст,
Бахш аз гавҳари меросии худ бар ҳунарам!

Чун мусофир, ки бипурсад ҳама ҷо қибла куҷост,
Аз ҳама сўи ҷаҳон ҷониби ту саҷда барам!


Як дуои сафарам бахш, падар

Нафасе ҳамнафаси дарёям,
Нафасе ҳамшафати дунёям.

Нафасе ҳамнафаси хору хасе,
Нафасе ҳамнафаси гулҳоям.

Гоҳ хуршедсифат аз бари рӯз
Шомҳо рафта саҳар меоям.

Гоҳ ҳамроҳи маҳу истора
То саҳар ашк ҳамеполоям.

Муддате одамаки як бозор
Ҳамраҳи халқ паи савдоям.

Ҳам ба ғамҳои замин пайвандам,
Ҳам ба шодии само ҳамроям.

Лек дар роҳи дарозе, ки марост,
Боз ҳам бо ғами худ ҳампоям.

Як дуои сафарам бахш, падар,
Ман ҳамон навсафари танҳоям.


Тири ноҳақ пора кай созад дили ҳақҷӯйро?
Синаи афсонасози тоири ҳақгӯйро!

Зиндагӣ дар пеши мардони Худо бечорааст,
Ишқ медонад, ки чист ин марги рӯёрӯйро!

Қатраи хуне, ки бар санги замон афтодааст,
Мекунад рангин хаёли чашмарову ҷӯйро.

Решаи садбарги боғи шоир андар оби чашм,
То қиёмат зинда медорад дили худрӯйро.

Дар Зарафшон дафтари Ҳиндустони дигарест,
Хомаи Бедил расида кӯҳрову кӯйро.

То Самарқанду Бухоро зарри холис мекашад,
Қад-қади рӯди Зарафшон ошиқи заршӯйро.

Озарахш, аз Туғрали авҷи сухан бигрифтаам,
Бо дуъои Рӯдакӣ ин гулбуни хушбӯйро!


Метавонӣ ёфт ҳар ҷо хонаву хони дигар,
Метавонӣ кард ҳар ҷо аҳду паймони дигар.

Метавонӣ ёр хондан як замон ағёрро,
Бар фаромӯшӣ супурдан ёди ёрони дигар.

Метавонӣ ҷон фитондан пеши ҳар ҷононае,
Дил ниҳодан, сар супурдан баҳри ҷонони дигар.

Метавонӣ ҳамчу боди булҳавас доман кашӣ
Аз хиёбони дигар сӯи хиёбони дигар.

Метавонӣ ханда кардан, гиря кардан, зистан,
Ҳар куҷо, аммо намеёбӣ Зарафшони дигар.

Метавонӣ як каф аз хоки Ватан бо худ бари
Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар…


Ин ҳама ашъори нотакрор қатрае аз баҳри устод Озарахш аст, дар www.DONISHJU.net

Ашк гавҳар мешавад дар дидаи гавҳаршинос,
Набзи ахтар метапад дар синаи ахтаршинос

Ошиқ аз бўи шароби ишқ сархуш мешавад,
Қиммати соғар шиносад бо нафас соғаршинос

Хоксорони ҷаҳон аз хок зар меофаранд,
«Қадри зар заргар бидонад, қадри заргар заршинос»

Санг месабзад зи шукри резаборони баҳор,
Нур бо хуршеди ховар мешавад ховаршинос.

Қадри неъмат баъди неъмат ғайри оҳу нола нест,
Марги модар мекунад фарзандро модаршинос.

Озарахш, озар надорад зиндагӣ бе нури ишқ
Оташи ишқ аст, дар хокистари озаршинос…


Нома поён ёфт, аммо нуқта мондан мушкил аст,
Нуқтае дар хотиру сенуқтаҳое дар дил аст…

Бо забони ошноӣ санг гӯё мешавад,
Суҳбати дарё ҷавоби ташнагии соҳил аст.

Эй нигоҳат дар хаёли ташнаам базми ғазал,
Ҳар куҷое шамъ месӯзад, хумори маҳфил аст!

Боғ дар боғи канорат чор фасли шаккарин,
Кист мегӯяд, дарахти орзу беҳосил аст?!

Дар хазонрезам баҳорат хирмани гул офарид,
Киштзори ишқварзон манзари обу гил аст.

Хонаи чашму дилу ҷонам пур аз атри навост,
Корвон ҳар сӯ, ки маҳмил мезанад, сарманзил аст.

Эй сафои номи ту барномарези Озарахш,
Нома поён ёфт, аммо нуқта мондан мушкил аст…


Маро дарётар аз дарё намо, дарётар аз дарё…
Равонэҳётар аз эҳё намо, эҳётар аз эҳё

Дубора мавҷгардон соз рӯҳи тозаҷӯямро
Ҷавонруъётар аз руъё намо, руъётар аз руъё!

Бупайвандам ба сангу хоку реги ташнаи соҳил
Ҷаҳонашётар аз ашё намо, ашётар аз ашё

Ба хунам ҷӯши нав омезу ангези дамодам деҳ
Забонхунётар аз хунё намо, хунётар аз хунё

Намеғунҷад садои Озарахшат дар хамушиҳо,
Биё! Гуётар аз гуё намо! Гуётар аз гуё!


Хабари рафтанамон рафту нарафтем ҳанӯз,
Ба дуруди ҳама падруд нагуфтем ҳанӯз.

Чашми бедор раҳо аз дили бедор наёфт,
Ки бигуфтанд бирав хобу нахуфтем ҳанӯз…

Нафаре гуфт, дареғо, ки баҳор аз ту гузашт,
Чӣ баҳоре, ки гузашту нашукуфтем ҳанӯз!

Нафаре шод шуда аз хабари рафтанамон,
Гӯ бирав шод бизӣ, мо нашунуфтем ҳанӯз.

Озарахшо сухане гӯ, ки дил осуда шавад,
Ҳарфе аз гавҳари мақсуд насуфтем ҳанӯз.


Майдони сухан минбари ҳар беҳунаре нест,
Девони чаман дафтари ҳар бехабаре нест

Бо аҳли назар сози баланде бинавозанд,
Як зарб дар ин парданаво бе назаре нест

Бозори адаб ҳоҷати даллол надорад,
Эъҷоз зари кисаи ҳар бадгуҳаре нест

Гӯё, бифурӯшанду харанд аҳли қаламро,
Онон, ки ҳавасбораашон бори харе нест

Баъди ду зимистон чу биҷӯӣ хасашонро,
Биллоҳ асаре нест, асаре нест, асаре нест!

Бе рӯву риё вақт бигӯяд, ки чӣ монад,
Таҳқиқи ғазал пешаи ҳар раҳгузаре нест…

Аз вазни сухан бехабарӣ, лоф чӣ дорӣ,
Расво кунад он ҳарф касеро, ки саре нест!

Эй навсафар, аз гавҳари ҷон тӯшаи раҳ соз,
Бар мулки сухан ғайри Худо роҳбаре нест


Ин ҳама ғазалиёти устод Озарахш

Бори аввал сарнавиштамро само хонду гирист,
Дар кафи як пораи абри ҳаво хонду гирист

Қатраборон омаду хуршедборон пешу пас,
Шоду ғамҳои маро пешу қафо хонду гирист

Нолаи ишқам чу мавҷи лола дар саҳро фитод,
Сарзамини ошно ноошно хонду гирист

Он парешонӣ, ки ман дидам, набинад ҳеҷ кас,
Ҷуз насиме, к-аз парешонӣ дуъо хонду гирист

Дафтаре дигар, суханҳое дигар, дарде дигар,
Рӯзгор аз достонам бобҳо хонду гирист

Омадам, рафтам,дубора бозгаштам аз сафар,
Хатти поямро ба раҳ боди сабо хонду гирист

Гарчӣ бо лутфу атояш нақш кардам, Озарахш,
Ин ғазалро дар сари санге Худо хонду гирист…


Дустон, аз якдигар душмантарошӣ то ба кай,
Рӯ ба рӯ хандида аз пас дилхарошӣ то ба кай?

Зиндагӣ аз дасти гирудоратон дилгир шуд,
Шаккареро хурда ҷояш заҳрпошӣ то ба кай?

Дӯсти ҷонӣ фақат дар шеъри Саъдӣ мондааст,
Аҳду паймонҳо ҳама нониву ошӣ то ба кай?

Дӯстдорон баски аз чашми фалак афтодаанд,
Бар сари даври фалак ноҳақталошӣ то ба кай?

Дар китобу дафтари илму амалҳои замон,
Номи арбоби ҳунар андар ҳавошӣ то ба кай?

Озарахшо, дар дилу дар дидаи аҳли назар,
Меҳрҳоро кушта-кушта, зиндабошӣ, то ба кай?!


Зиндагӣ дарди туро донад, надонад, ғам махур,
Ҳамраҳат боре қадам монад, намонад, ғам махур

Ҳарфи пинҳони дилатро бо касу нокас магӯ,
Дӯст ҳамрозат шудан тонад, натонад, ғам махур

Гирумони донаи шатранҷ дар як қолаб аст,
Гар рақиб андешае ронад, наронад, ғам махур

Эй хуш он марде, ки худ даҳмардаи моли худ аст,
Подабон гови туро бонад, набонад, ғам махур

Озарахшо, аз Худованди сухан лутфе талаб,
Беғаме шеъри туро хонад, нахонад, ғам махур


Намози ид мехондам, ки аз номат салом омад,
Чӣ шодона, чӣ идона! Паём андар паём омад.

Сукутам дар садо печиду овозам ба хомӯшӣ,
Ниёзам дар наво, оҳангҳоям дар калом омад.

Ба ҳам шуд масҷиду майхонаву меҳробу паймона,
Қиём андар қиёмат, ё қиёмат дар қиём омад!

Худовандо! Чӣ субҳе буду шоме буду сомоне,
Ки моҳу офтобам бар лаби як пардабом омад.

Нафас гум гашту пайдо гашту хандон диду гирён шуд,
Баҳор омад? Хазон омад? Намедонам кадом омад?!

Ҳамин ҳарфи муҳаббат буду ҷони Озарахши ту,
Ба меҳри бардавому достони нотамом омад…


Ба ин дунёи баргардон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?
Ҳавасмандону дилбандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Яке обод мехонад, яке вайрона медонад,
Ба ин вайрона ободон,чӣ овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Ба меҳмонии се рӯза, ба дӯшат заллаву кӯза,
Қатори ошу обу дон,чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Сафо ҳам дошти боре, вафо ҳам коштӣ боре?
Ба фарзандону пайвандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Касе аз ҳикмати одам, гиреҳ накшод дар олам,
Ту, эй донотарин нодон, чи оварди, ки хоҳӣ бурд?

Ҳар он чи додаӣ, ояд,ҳам он чӣ бурдаӣ, бояд,
Ба даҳ чандону, садчандон чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?

Расиди аз дурахши худ, мисоли Озарахши худ,
Гаҳе гирён, гаҳе хандон, чи овардӣ, ки хоҳӣ бурд?


Хоксорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо,
Бандаворӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Чун ниёзаш ҷоннисорӣ буд аз рӯзи азал,
Ҷоннисорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Дар Сари Хирман нишасту аз сари олам гузашт,
Сарсупорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Ҳар нафас ҳақ гуфту ҳақро бар кафи ҳақдор дод,
Ҳақгузорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Сад ҷаҳон умеди ҷонпарвардро бар хок бурд,
Бурдборӣ кард модар пеши даргоҳи Худо.

Дӯст буду дӯст омад, дӯст монду дӯст рафт,
Дӯстдорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо

Ман яқин дорам, барои бахти фарзандони хеш,
Боз зорӣ кард модар пеши даргоҳи Худо…

Озарахш, аз сабзаи хокаш расид ин ҳарфи сабз,
Зикри ёрӣ кард модар пеши даргоҳи Худо!


Шеърхо аз устод Озарахш, Шеър Толиби Озарахш Ин ҳама газалхо аз устод Озарахш буданд. Ғазалҳои нав дар сомонаи www.DONISHJU.net оварда мешаванд