Чумлаи мураккаби пайваст

Дар ин мақола маълумоти пурра оиди грамматикаи забони тоҷикӣ – Ҷумлаи мураккаби пайваст оварда мешавад. Ҷумлаи мураккаби пайваст аз сомонаи www.DONISHJU.net >>


Ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз ду ва зиёда ҷумлаҳои соддаи мустақил тартиб меёбанд.

Мустақилиятии ҷумлаҳои содда агар аз як тараф, ба худи маъно ва мазмуни онҳо вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба воситаҳои алоқаи грамматикӣ вобастаанд: Боз хомӯшӣ сар шуд, пас аз чанд дақиқа ба манзил наздик расиданд (С. Айнӣ, Дохунда). Суруд ба охир расид ва мардум як-як аз паи корҳояшон рафтанд (М. Муҳаммадиев, Дӯстон тоҷи сар).

Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб тавассути се хели воситаи алоқа васл мегарданд: пайвандакҳои пайвасткунанда, интонасия ва мутобиқати шаклҳои феълӣ (хабари ҷумларо).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвастро аз ҷиҳати муносибати маъноии байни ҷумлаҳои содда ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки ҷумлаҳои соддаи онҳо воқеа ва ҳодисаҳои бо ҳам алоқамандро инъикос кунанд ҳам, новобаста ба тақозои мазмуни аъзоҳои якдигар васл мешаванд ва агар яке истисно шавад, дигаре мазмунан зиёне намебинад: Мурод бо шунидани ин воқеа дар хаёл фурӯ рафт ва бой барои баровардани Мурод бо ҳар гуна хаёлот боз давом намуд (С. Айнӣ, Ятим).

2. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки дар онҳо як ҷумлаи содда бо тақозои маъно ва мазмуни ягон аъзои ҷумлаи соддаи дигаре васл мегардад: Ас пас мошини дигаре меомад, ба он низ ҳамсафарони мо савор буданд (Ф. Муҳаммадиев, Дӯстон тоҷи сар).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвастро аз ҷиҳати дарбаргирии миқдори ҷумлаҳои содда низ ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

1. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки фақат аз ду ҷумлаи содда таркиб меёбанд: Маҷлис тамом шуд, ҳама таҳоратҳоро тоза карда барои адои намози худ тайёр шуданд (С. Айнӣ, Дохунда).

2. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасте, ки таркибан аз якчанд ҷумлаи содда иборатанд: Шаб торик, барф меборад, лою барфи яхкардаи кӯчаҳои Душанбе то миёни аспу одам мебаромад (С. Айнӣ, Дохунда).

Хусусияти дигари ҷумлаҳои мураккаби пайваст ин аст, ки дар баъзеи онҳо як ҷумлаи содда нопурра буда, дар ҷумлаи соддаи минбаъда таркибан пурра тасаввур карда мешавад ё баръакс. Ӯ аз ман як шеър талаб кард ва ман аз ӯ (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мӯйҳои ҳама як тараф буданду мӯйҳои Солеҳа гуфтагӣ як дугонаи ҷамолакием як тараф (Р. Ҷалил, Бозгашт аз биҳишт).

Ҷумлахои мураккаби пайвастро мувофиқи дараҷаи истифодашавии воситаҳои алоқа, банду баст ва тарзи ташаккулёбиашон ба хелҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст: ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор, ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак, ҷумлаҳои мураккаби пайвасти феъли ҳолӣ ва ҷумлаҳои эзоҳӣ.


Инчунин хонед >> Чумлаи мураккаб

Чумлаи мураккаб