Коинот. Офтоб. Сайёраи Замин

Коинот чист? Коинот калимаи юнонӣ буда маънояш «мавҷуд» мебошад. Он аз ситораҳо, сайёраҳо, ҳамсафарони онҳо, кометаҳо, моддаи байни ситораҳо ва ғайра иборат аст.

Офтоб – ситораи наздиктарини мо. Сайёраи Замин. Ситораҳои осмонӣ яке аз намудҳои ҷирмҳои васеъ паҳнгардидаи Коинот мебошанд. Миқдори онҳо аз ҳад зиёд аст. Яке аз онҳо Офтоб мебошад. Он ба назари мо ба монанди дигар ситораҳои осмонӣ милт-милт мекунад. Зеро ки Офтоб нисбат ба дигар ситораҳо ба мо наздиктар аст. Офтоб манбаи бузурги энергия мебошад. Он ба монанди дигар ситораҳо аз кураи гази тафсон иборат буда, ҳарорати сатҳи он ниҳоят баланд аст. Дар чунин ҳарорат ҷисмҳои сахттарин об гардида, бухор мешаванд. Аз сатҳи Офтоб, аз нурҳои рентгению ултрабунафш сар карда то радиомавҷҳо ба фазои атроф афканда (партофта) мешаванд. Ин афканишҳо ба ҳама ҷирмҳои системаи Офтоб таъсир мерасонанд. Офтоб аз ҷумла сатҳи Заминро низ гарм мекунад. Ба атмосфераи он таъсир расонида ба рӯйи Замин равшанӣ мебахшад, ки сабаби пайдо шудани ҳаёт аст. Ҳанӯз гузаштагони мо медонистанд, ки бе Офтоб ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Дар зери таъсири равшании Офтоб наботот моддаҳои ғизоӣ ҳосил карда, барои нафасгирии одамон ва ҳайвонот оксиген ҷудо мекунанд. Одамон ва ҳайвонот хӯрокеро, ки дар он қувваи Офтоб захира гардидааст, истеъмол мекунанд. Беҳуда нест, ки одамон хӯрокро «консерваи нури Офтоб» мегӯянд.

Сарватҳои зеризаминӣ ба монанди ангишт, варақсанг (сланетс), нафт, газ ва торф ҳам захираи миллионсолаи қувваи Офтоб мебошад, ки имрӯз мо ҳамчун манбаи энергия ва ё сӯзишворӣ истифода мебарем. Ҳоло дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон роҳҳои аз қувваи Офтоб истифода бурданро тадқиқ карда истодаанд. Хусусан истифодаи қувваи Офтоб барои истеҳсоли қувваи барқ ва гарм кардани хонаҳо ва гармхонаҳо аҳамияти калони хоҷагӣ дорад. Олимон муайян кардаанд, ки равшанӣ ва гармидиҳии Офтоб дар давоми миллон солҳо қариб тамоман тағйир наёфтааст. Аз ин рӯ онҳо тахмин мекунанд, ки Офтоб метавонад миллионҳо сол ба Замин равшанӣ ва гармӣ диҳад.

Мавкеи Замин дар Системаи Офтоб

Мавқеи Замин дар Системаи Офтоб. Одамони давраҳои қадим тасаввур мекарданд, ки Замин маркази олам асту Офтоб ва дигар сайёраҳо дар атрофи он давр мезананд. Ин тасаввурот ақидаи геосентрӣ («гео»-замин, «сентр»-марказ)-ро ба миён овард. Он то асри XVI вуҷуд дошт. Николай Коперник баъди тадқиқотҳои бисёрсола исбот намуд, ки маркази ҳаракати ҷирмҳои осмониро Замин не, балки Офтоб ташкил мекунад. Дар натиҷа ақидаи гелиосентрӣ («гелио»-Офтоб, «сентр»-марказ) ба вуҷуд омад (расми 25).

25.Системаи офтоб

Мувофиқи ин ақида Замин ва дигар сайёраҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд. Офтоб ба сайёраҳо на фақат равшанӣ ва гармӣ медиҳад, инчунин ҳаракати онҳоро бо қувваи ҷозибаи худ идора мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мувофиқи дастовардҳои кунунии илм дар атрофи Офтоб миқдори аз ҳама зиёди ҷирмҳои осмонии хурду калон давр мезананд. Дар якҷоягӣ бо Офтоб ҳамаи онҳо Системаи Офтобиро (Низоми шамсиро) ташкил менамоянд. Калонтарини онҳо сайёраҳо мебошанд. Онҳо аз Офтоб дар масофаҳои гуногун воқеъ гардидаанд. Агар онро ба инобат гирем, тартиби ҷойгиршавии сайёраҳо нисбат ба Офтоб чунин аст: Аторуд, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун.

Яъне Замин дар байни 8 сайёраи системаи Офтоб сеюмин сайёраи аз Офтоб дур ҷойгиршуда мебошад. Дар Системаи Офтоб ба ғайр аз 8 сайёра инчунин ҳамсафарони онҳо, сайёраҳои хурд (астероидҳо), кометаҳо, метеору метеоритҳо ва газу чангҳои кайҳонӣ низ ҳастанд, ки дар атрофи Офтоб давр мезананд.

Саёраи Замин

Саёраи Замин. Замин аз ҷиҳати бузургии масоҳат дар байни сайёраҳои Системаи Офтоб ҷойи панҷумро ишғол мекунад. Замин дар гирди Офтоб ва меҳвари худ давр мезанад. Вақтеро, ки Замин дар гирди меҳвараш давр мезанад, шабонарӯз мегӯянд, ки 24 соат аст. Дар рӯз Офтоб сатҳи Заминро гарм мекунад. Баъди фурӯравии Офтоб шаб фаро мерасад. Вақтеро, ки Замин дар атрофи Офтоб як маротиба давр мезанад, сол меноманд.

Мо як солро 365 шабонарӯз қабул кардаем. Аммо дар асл бошад, даврзании Замин дар атрофи Офтоб 365 шабонарӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сонияро ташкил мекунад. Дар натиҷаи чунин гардиш дар чор сол як шабонарӯзи изофа ҳосил мешавад. Аз ин ҳисоб ҳар соли чорум 366 рӯзро ташкил мекунад, ки онро соли кабиса (арабӣ-дароз) меноманд. Дар соли қабиса моҳи феврал 29 рӯз дорад. Ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб ва меҳвари худ аҳамияти калони географӣ дорад. Ҳаракати шабонарӯзии Замин сабаби ба миён омадани шаб ва рӯз мебошад. Он ба инкишофи ҳаёт ва тарзи ҳаётгузаронии организмҳо, фотосинтез, тақсимшавии ҳуҷайраҳо, сабзиш, ҳавогирии об сабзҳо ва ғайра вобастагии зиёд дорад. Ивазшавии гармӣ (дар рӯз) ва сардшавӣ (дар шаб) низ ба гардиши шабонарӯзии Замин вобаста аст. Меҳвари хаёлии Замин нисбат ба ҳамвории мадор моил мебошад. Вобаста ба ин дар фаслҳои гуногуни сол Замин ё бо Қутби шимол ё бо Қутби ҷануб ба сӯйи Офтоб нигарон аст. Ҳангоме ки Замин ба Қутби шимол ва Нимкураи шимолӣ ба сӯйи Офтоб нигарон мешавад, дар Нимкураи шимолӣ (он ҷое ки мо зиндагӣ мекунем) тобистон буда, дар Нимкураи ҷанубӣ зимистон аст. Дар сурати ба сӯйи Офтоб бо Қутби ҷанубӣ ва Нимкураи ҷанубӣ нигарон шудани Замин, баръакс, дар Нимкураи ҷанубӣ тобистон, дар Нимкураи шимолӣ зимистон аст. Чунки ҳангоми нигарон будани Нимкураи ҷанубӣ ба Офтоб ин нимкура нисбат ба Нимкураи шимолӣ аз Офтоб гармию равшаниро зиёд қабул мекунад. Ҳамин тавр, вобаста ба даврзании солонаи Замин дар атрофи Офтоб ва моилии меҳвари хаёлии он нисбат ба ҳамвории мадор дар сайёраи мо фаслҳои сол иваз мешаванд. Ба ғайр аз ин, вобаста ба курашаклии Замин қисмҳои алоҳидаи он миқдори ҳархелаи нуру гармиро қабул мекунанд, ки ба пайдоиши минтақаҳои гармӣ: гарми тропикӣ, муътадил ва хунуки қутбӣ меорад, ки мо бо онҳо ҳангоми омӯзиши атмосфераи сайёраамон муфассалтар шинос мешавем.

Замин инчунин дорои майдони магнитӣ буда, тавассути он тири қутбнамо ҳама вақт самти шимолро нишон медиҳад. Дар натиҷаи ҳаракати солонаи Замин дар фаслҳои гуногуни сол дар Нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубии Замин ивазшавии равшанӣ ва гармӣ ба вуҷуд меояд. Сол на фақат ченаки вақт аст, он инчунин давомнокии муддати бисёр ҳодисаҳоро дар табиат муайян менамояд. Аз ҷумла муддати ивазшавии обу ҳаво дар фаслҳои сол, тарзи ҳаётгузаронии наботот ва хайвонот дар фаслҳои сол ва ғайра. Ҳамин тавр, дар табиат ҷисм ва ҳодисае нест, ки ба он тағйироти фасл таъсир нарасонад.

Дигар ҷиҳати хоси Замин аз он иборат аст, ки дар он қабати ба ҳам пайваста-атмосфера, гидросфера ва литосфера ташаккул ёфтаанд. Дар қабатҳои мазкур моддаҳо дар се ҳолат: газ, моеъ ва сахт мавҷуданд. Муайян карда шудааст, ки бисёр сайёраҳои системаи Офтоб атмосфера доранд, аммо атмосфераи Замин бо дар таркибаш бартарӣ доштани ҳидроген ва оксиген аз атмосфераи онҳо фарқ мекунад. Қабати сатҳи Замин сахт мебошад. Аммо гидросфера ба Замин хос аст. Дар дигар ҷирмҳои осмонӣ об асосан дар шакли сахт вомехӯрад. Об дар Замин дар шакли буғ, моеъ, барф, қирав ва ях дучор мешавад. Литосфера қабати сахти сатҳи Замин, асоси гидросфера мебошад. Хамаи наботот ва организмҳо, ки дар сатҳи Замин, ҳаёт мегузаронанд дар якҷоягӣ биосфераро ташкил мекунанд. Аммо мафҳуми биосфераро бо мафҳуми литосфера, гидросфера ва атмосфера монанд (шабеҳ) донистан нашояд. Барои он ки организмҳои зинда дар ҳамаи он қабатҳои номбурда ҳаёт мегузаронанд.


  1. Коинот чист ва аз кадом чирмхои осмони ташкил ёфтааст?
  2. Офтоб ба Замин ва дигар сайёрахо чи медихад?
  3. Шарх дихед, ки Офтоб дар хаёти зинда чи ахамият дорад?
  4. Чаро махсулоти хуроквориро «Консерваи нури Офтоб» мегуянд?
  5. Назарияи геосентри аз гелиосентри чи фарк дорад?
  6. Системаи Офтоб гуфта чиро мефахмед?
  7. Дар натичаи дар атрофи мехвари худ давр задани Замин чи ходиса руй медихад?
  8. Вакти давр задани Замин дар атрофи кадом ситораро сол мегуянд?
  9. Чи гуна солро соли кабиса меноманд?
  10. Кадом ходисахо дар руйи Замин ба харакати шабонарузии он вобаста мебошад?
  11. Кадом ходисахо ба давомнокии сол вобастаанд?
ҚаблӣШеърхо аз Бузургмехри Баходур
БаъдӣХафт сирри шахси хушбахт