Гулдӯзӣ (бахиядӯзӣ) – гулдузи

Гулдӯзӣ (бахиядӯзӣ). Гулдузи (бахиядузи).


Санъати бахиядӯзӣ таърихи қадимӣ дорад. Дар асрҳои VI – VIII санъати бофандагӣ ва дӯзандагӣ пайдо шуда, дар давраи Сомониён ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст.

Анъанаҳои санъати бахиядӯзӣ мунтазам такомул ёфта, дар асри ХIV – ХVII сарулибосро бо бахия оро додан маъмул гашт. Либосҳои шоҳонаи бахмалӣ ва либосҳои мансабдорону бойҳоро бахиядӯзӣ мекарданд, ки ин ба либосҳо намуди махсус ва зебоӣ мебахшид.

Санъати бахиядӯзӣ оҳиста-оҳиста дар ҳама ҷо, аз авлоди қадими Сомониён то халқҳои қадими Рус вобаста ба маросимҳои онҳо паҳн шуд.

Чунончи ҷиҳози духтарони аз 13 – 15-солагӣ ба шавҳар баромада аз маснуоти бахиядӯзӣ – дастархон, сачоқҳо, чойникпӯш, дегпӯшак, пешбандак, дастпӯшак, сӯзани ҷойнамоз, куртаҳои чакан, либосҳои тӯёнаи ҳошиядор, либосҳои мардона, сарпӯши савғоҳо иборат буд. Дар тӯй ба хешу табори домод арӯсшаванда либосҳои дӯхтаи худро туҳфа мекард. Ин маҳорати чеварӣ ва меҳнатдӯст будани арӯсро нишон медод. Зебо дӯхтани онҳо табъи баланди эстетикии дӯзандаро нишон медод. Умуман дар хонадони тоҷикон занҳо ба ҳунари дастӣ машғул мешуданд. Онҳо бо ришта матоъ мебофтанд. Кашида медӯхтанд ва ин ҳунари худро ба фарзандонашон ёд медоданд.

Бахиядӯзӣ имрӯз ҳам маъмул аст. Чеварони моҳир ҳоло ҳам ҷиҳози ошхона – дастархон, сачоқу сачоқчаҳо, дастпӯшак, чойникпӯш, чойникмонак, дегпӯшакро бахиядӯзӣ ва гулдӯзӣ мекунанд.

Бахияро аз рӯйи нусхаи махсус медӯзанд. Бо ин дарз асосан либосҳоро – китфҳо, нӯги остини камзӯл, пеши синаҳо, домани пешбандак, домани либосҳоро оро медиҳад.

Намудҳои гулдӯзӣ
Намудҳои гулдӯзӣ

Ба чокҳои бахиядӯзӣ дар рӯйи матоъ чокҳои кашидаи бошумор, чоки ироқӣ, чокҳои кашидашуда (намуди гул, ҳайвон, рустаниҳо ва ғайра) дохил мешаванд.

Дар вақти гулдӯзӣ (бахиядӯзӣ) якчанд чок дар як вақт истифода бурда мешавад.

ҚаблӣИҷрои дарзи қаткунии ноаён. Кори амалии №21
БаъдӣТашкили ҷойи кор барои бахиядӯзӣ (гулдузӣ). Иҷрои қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарӣ