Ташхиси омузиш
Зермавзӯҳо:
- Ташхиси омӯзандагӣ
- Назорати донишазхудкунии талабагон
- Санҷиши комёбшавӣ ва инкишоф
- Ташхискунии омӯзандагӣ
1.Ташхиси омӯзандагӣ
Ташхисро ҳамчун муносибати умумӣ ва ташхискуниро ҳамчун раванди (қисми таркибии) амалии фаъолияти педагогӣ бояд фаҳмид. Ташхис, бори дигар ёдовар мешавем – ин равшантар кардани ҳамаи шароитҳои ҷоригардидаи раванди дидактикӣ, дақиқ муайян кардани натиҷаҳои он Буда, бидуни ташхис самаранок идора кардани раванди дидактикӣ, ноилгардӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ дар шароити мавҷуда имконнопазир аст.
Ташхискунии омӯзандагӣ бо анҷом, натиҷаҳои ноилшуда ва омӯзандагӣ фарқ мекунад. Омӯзандагӣ ҳамчун дараҷаи комёбиҳо, ки ҳангоми ташхискунӣ дар амал татбиқкардаи мақсади гузошташуда дида мешавад. Мақсади ташхискунии дидактикӣ сари вақт муайян кардани баёни ва таҳлили ҷараёни раванди таълим пайваста бо маҳсулнокии он мебошад.
2.Назорати донишазхудкунии талабагон
Чунонки қайд карда шуд, назорати донишазхудкунии талабагон дар мактаб басо зарур аст. назорат ҳамчун раванди қонунмандии воқеии дидактика аст ва барои он ки маҳсулоти донишандӯзии талабагон аз миқдор ба сифат майл дода шавад, назорат бояд сари вақт (фаврӣ), чуқур, холисона гузарад. Барои он ки он пурра дар амал татбиқ карда шавад, маънои онро дақиқ бояд дарк кард ва дар шароити мавҷуда ба мавқеъ истифода бурд. Дар назарияи имрӯза нисбати муносибати муайянкунии мафҳумоти «баҳо», «назорат», «санҷиш», «баҳисобгирӣ» ва дигарҳо, ки ба он алоқаманд мебошанд, ҳоло барқароркунии дақиқ нест. Баъзан онҳоро бо ҳам омехта, гоҳо якмоҳията мепиндоранд.
3.Санҷиши комёбшавӣ ва инкишоф
Масъалаи ташхисонии санҷиш ҳоло ҳаллу фасли худро ёфтааст. Санҷиши омӯзандагӣ – ин маҷмӯи супоришҳо баҳри ҳолдоншавӣ аз сатҳи азхудкунии ҷанбаи (қисми) мазмуни муайяни омӯзиш аст.
Дар шароити имрӯза санҷишҳо бештар тавассути тестҳо бурда мешаванд. Қалимаи «тест» англисӣ буда, маънои «озмоиш», «санҷиш» – ро дорад. Тести омӯзандагӣ бо супоришҳои худ сатҳи донишгирии мактабиёнро муайян мекунад. Вақте, ки мо дар ин ҷо санҷиш мегӯем, онро санҷиши тестӣ (тестҳо) фаҳмидан лозим аст.
4.Ташхискунии омӯзандагӣ
Ташхисонидани омӯзандагӣ аз ташхискунии омӯзандагӣ ҷудоӣ надорад, зеро дуруст тасаввуркунӣ нисбати дастовардҳои натиҷаҳо метавонад фақат дар алоқамандии шароити (роҳҳои, воситаҳои) он натиҷаҳо гирифта шавад.
Омӯзандагӣ – ин қобилияти (лаёқати) талабагон нисбати азхудкунии мазмуни супоришҳои омӯзиш аст. Муродифҳои маъмули мафҳуми омӯзандагӣ аз ин мафҳумот иборат: «қобил», «қобилияти омӯзандагӣ», «тамоилҳои имконпазир», «бофаросат» ва ғ., ки сифати омӯзандагии шахсиятро ифода мекунанд.
Санҷиши контролӣ
- Ташхиси омӯзандагӣ чист?
- Санҷиши дониш, маҳорат чист?
- Вазифаҳои назоратро номбар кунед.
- Кадом навъи камбудиҳо дар таҷрибаи оммавӣ, назорат, санҷиш, баҳомонӣ ба дониш зоҳир шудааст?
- Системаи панҷбаллии баҳомонӣ чӣ гуна камбудиҳо дорад?
- Кадом ҷадвали баҳомонӣ ба шумо маъқул ва барои чӣ?
- Ташхисонии омӯзандагӣ, комёбшавӣ, инкишоф чист?
- Барои баҳо додан ба санҷиши ташхисонӣ чӣ гуна меъёрҳо ҳаст?
- Кадом шакли назорати санҷӣши тестиро шумо медонед?
- Ба кадом қоидаҳои тартиб додани санҷши ташхисонӣ эътибор додан лозим аст?
- Хусусияти тесткунонии барномашуда, компютерӣ дар чист?
- Омӯзандагии талабагон чӣ тавр ташхисонида мешавад?
Адабиёт барои худомӯзӣ
- Амонашвили Ш. А. Воспитательная и образовательная функции оценки учения школьников. – М.. 1984.
- Бордин К. В. Как научить детей учится. – М., 1987. Гузик Н. П. Учить учиться. – М., 1981.
- Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000
- Полонский В. М. Оценка знаний школьников. – М., 1982.
- Раҳимов Х., НуровА. Педагогика. – Душанбе, 2000.
- Розенберг Н. М. Измерения в дидактике. – Киев, 1985.
- Фридман Л. М., Волков К. Н. Психологическая наука – учителю. – М., 1985.
- Юнусов Й. Педагогика. Душанбе, 2005.