Маданияти моддӣ ва маънавӣ – асрҳои XVI – XX (16-20). Дар давраи ҳукмронии сулолаҳои туркии Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён илму фарҳанги халқи тоҷик таназзул ёфт. Муборизаҳои мунтазами ин сулолаҳо барои ҳокимият ба маданияти халқи тоҷик зарбаи сахт зад. Бо вуҷуди ин дар зери таъсири мардуми бофарҳанги тоҷик туркон ба сохтмони мадрасаҳо, масҷидҳо, мақбараҳо ва хонакохҳо шурӯъ намуданд. Биноҳои нав ба нав дар Бухоро ва атрофи он сохта мешуданд.
Дар ҳамин давра девори нави шаҳр сохта шуда буд. Муҳимтарин хусусиятҳои санъати меъмории асри XVI бештар дар иморатҳои Бухоро таҷассум ёфтаанд.
Дар санъат меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди темурӣ идома дошта, марҳалаҳои нави инкишофи худро аз cap мегузаронид.
Дар ин давра биноҳои ҷудогонаи бошукуҳи ҷомеъ сохта мешуданд. Масҷиди Калон ва мадрасаи Мири Араб аз калонтарин ансамблҳои меъмории Осиёи Миёнаи асри XVI маҳсуб мешаванд.
Ансамбли меъмории Чорбакр, ки дар наздикии Бухоро воқеъ гардидааст боз ҳам бузурггар мебошад. Маркази композитсионии онро се иморати боҳашамати дар як суфа гузошташуда ташкил менамояд.
Водии Ҳисор низ аз ёдгориҳои меъмории ин давра бой аст. Дар асрҳои XV- XVI ба ҳайати Ҳисор ҷануби Тоҷикистон, ҷануби Ӯзбекистон, вилоятҳои шимолии Афғонисгон (Балх Шибиргон, Қундуз), инчунин Бадахшон дохил мешуданд. Иморатҳои Қалъаи Ҳисор, аз қабили Мадрасаи Кӯҳна, Мазори Махмуди Аъзам гувоҳи он аст, ки санъати меъморӣ дар он давра то андозае инкишоф ёфта будааст.
Дар асри XVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис хеле маъмул гашта буд. Китобхонаҳое, ки дар дарборӣ султонҳо мавҷуд буданд, вазифаи коргоҳи китобат ва ороиши дастнависҳоро низ адо мекарданд. Дар Осиёи Миёнаи он давра бисёр минётурсозон ва хушнависони забардаст ҳаёт ба cap мебурданд, ки чанде аз онҳо ба ин ҷо аз Ҳирот омада буданд. Миқдори зиёди дастнависҳое, ки дар асри XVI хушнависони маҳаллӣ китобат карда буданд ва минётурсозони он давр зинат додаанд то ба замони мо омада расидаанд. Дар байни ин хушнависону минётурсозон касоне ҳам буданд, ки бо истеьдоди баланду нотакрори худ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Минётураи Осиёи Миёна дар асри XVI дороӣ мактаби мустақили худ гардида буд. Ин мактаби осиёимиёнагии минётур ба чанд марҳила ҷудо мешавад. Марҳалаи аввал (то солҳои 40-уми асри XVI) давраи ҳамзистии ду равия маҳсуб мешавад. Як гурӯҳи минстурофарандагон ба анъапаи Беҳзод пайравӣ мекарданд. Гурӯҳи дигар равияи андаке дигарро пеш гирифта, зарофатро камтар ва мухтасариро бештар меписандиданд ва офаридаҳои онҳо бештap ҷанбаи этнографӣ дошт. Хусусиятҳои ин равияро беҳтар аз ҳама минётурҳои «Фатҳнома» метавонад тавсиф намояд. Асар ба васфи корномаҳои Шайбонихон бахшида шуда, китобати он дар ибтидои асри XV1 ба вуқуъ пайвастааст. Минётурҳо бо мазмупи ҳар фасл ва воқеаҳои муайяни таърихӣ мувофиқат доранд. Дар онҳо симои як қатор шахсони таърихӣ, аз ҷумла, худи Шайбонихон ҳам тасвир ёфтааст. Тамоми ҷузъиёти зист, либос ва ҷиҳозот комилан воқеӣ акс гар- дидаанд. Дар онҳо омезиши маданияти муқимӣ ва саҳроӣ возеҳу равшан ба назар мерасад.
Дар он давра омӯзиши минётураҳои Ҳирот ва аз онҳо нусхабардорӣ кардан расм шуда буд. Рассомони Осиёи Миёна аз расмҳои давраҳои пешинаи Ҳирот баъзе манзараҳо ва композитсияҳои томро айнан кучонида мегирифтаид. Яке аз чунин композитсияҳои том, ки хеле маъмул буд, лавҳаҳое мебошанд, ки бо номи манзараҳои тахти подшоҳӣ машхур гардидаанд. Дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна бошад анъанаҳои маҳаллии расмкашӣ вуҷуд дошт. Дар расмҳои онҳо таъсири мактаби Ҳирот умуман эҳсос карда намешавад. Рассомон бештар аз ҳама ба тасвири ҳақиқии воқеаҳо ва юришҳои ҳарбӣ мароқ доштанд.
Дар марҳалаи дуюм, аз миёнаҳои асри XVI cap карда, дар офаридаҳои беҳтарин минётурсозон як навь омезиши ин ду сабк ба амал меояд. Тасвирҳои онҳо хеле нафис, дақиқ ва зебоанд. Дар онҳо таҳлили психологи, мазмуни иҷтимоӣ ва мавзуоти жанрӣ торафт мавқеи бештарро ишғол менамояд. Дар ин маврид ба тасвири симо низ аҳамият дода мешуд. Яке аз барҷастатарин памунаҳои осори ин марҳала дастнависи «Шохнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки тасвироти он ба килки устоди машҳури мипётур Муҳаммадмуроди Самарқандӣ тааллуқ дорад.
Саҳнаҳои муҳориба дар тасвири ӯ хеле зинда, пур аз ҳаракат ва ниҳоят ҳаяҷонангез баромадаанд. Ӯ ба мавзуҳои иҷтимоӣ ҳам ру овардааст. Аз ин ҷихат минётурае, ки дар он шуриши Коваи оҳангар тасвир ёфтааст ҷолиби диққат мебошад.
Ин давра (солҳои 40-70-уми асри XVI) яке аз пурсамара- тарин давраҳои санъати минётурнигории тоҷик буд. Гарчаиде дар санъати рассомии пойтахт – шаҳри Бухоро таъсири мактаби Ҳирот ҳис карда шавад ҳам, рафти умумии инкишофи санъати минётуриигорӣ далолат мекунад, ки он дар ҷустуҷуи роҳу усулҳои ба худ хос будааст. Яке аз намоён тарин рассомони ин давра Маҳмуди Музаҳҳиб буд. Бо вуҷуди он, ки ин рассом дар асоси талаботи мактаби Ҳирот эҷод карда бошад ҳам, вале дар осораш бисёр тағйироту дигаргуние ба назар мерасад, ки худи ӯ ба ин санъат дохил кардааст.
Эҷодиёти Усто Абдулло бошад ба инкишофи санъати рассомии Бухоро таъсири муассир расонида буд. Нақшу тарҳ ва суроби расмҳои ин рассом нафис, зарифу мавзун буда, тобишҳои ранг бо маҳорати ҳайратангез кор фармуда шудаанд. Дар сохтани композитсия низ ӯ ниҳоят забардаст будааст. Маҳорате, ки то ба рӯзҳои мо омада расидаанд, далолат бар он мекунанд, ки Абдулло пайравони зиёде доштааст ва онҳо ба устоди худ таклид карда, аз минётураҳои эҷодкардаи ӯ нусхабардорӣ кардаанд.
Эҷодиёти Муҳаммад Чеҳраи Муҳосин ва дигар мусавви- рони забардаст низ дар ҳамин давра чараён ёфта, ба пояҳои баланди инкишофи худ расида буд.
Хусусиятҳои ба назар намоёни офариниши портретҳо дар асри XVI иборат аз он аст, ки минётурсозои аз тасвири шартии подшоҳ даст кашида, дар портретҳои офаридаи худ подшоҳонро идеализатсия намекунанд ва онҳоро ба таври воқеӣ нишон медиҳанд. Рассоми машҳури дигари ин давра
Ҷалолиддин Юсуф буд. Ҷалолиддин Юсуф дар офаридани портрет шӯҳрати зиёде пайдо карда буд ва карикатураҳои хуб низ эҷод мекард. Асрҳои XVII- XVIII ба соҳаи меъморӣ низ нақши маъмуле гузоштааст. Мавкеъ, ҳокимият ва сарвати зиёди тоифаҳои ӯзбек алалхусус амирони онҳо торафт афзунтар мегардид. Шаҳрҳо ва вилоятҳои том дар ихтиёри онҳо буд. Ин амирон ва сарватмандони ӯзбек барои ҷовидонӣ гардонидапи номи худ ба сохтмони иншоотҳои бузург камар мебастанд.
Масалан, Яланггушбӣ дар Регистони Самарқанд сохтмо- ни бузургеро оғоз намуд ва маҷмуи имороти мучаллалеро, ки то имрӯз боқи мондааст ба вучуд овард. Дар ру ба рӯи мадрасаи Улуғбек бо амри ӯ меъморӣ номӣ Абдулҷаббор мадрасаи нав бино кард. Дар пеш тоқи даромадгоҳи ин мадраса сурати даррандаи ба ғизол ҳамлакунанда тасвир ёфтааст ва аз ҳамин сабаб онро мадрасаи Шердор номидаанд. рӯи мадрасаи Шердор айнан нусхаи рӯи мадрасаи Улугбек acт: дар марказ сардар, дар гушаҳо – манораҳои рост, аз байни дарвоза ва манораҳо гунбазҳои теғдор ба назар менамоянд. Дар ҷузьиёти тарҳи бино ва ороишоти он навигариҳои зиёде мушоҳида мешавад.
Баъдтар Ялангтушбӣ аз тарафи сеюми майдон боз як иморати дигар сохт. Чун дар ороишоти ин бино тиллои бисёре истифода шудааст, онро тиллокорӣ номидаанд. Ин биноест, ки мадрасаву масҷид дар як ҷо сохта шудаанд: дар се тарафи ҳавлӣ ҳуҷраҳо ва дар тарафи чорум масҷид воқеъ гардидааст.
Дигар аз ёдгориҳои меъмории асри XVII маҷмуи иморатест, ки дар Бухоро воқеъ гардидааст. Яке аз қисматҳои муҳими ин ансамбли меъморӣ ҳавзи калон мебошад на аз ин ру, вай бо номи Лаби Ҳавз машҳур аст. Аввалин иморати ин мачмуъ – мадрасаи Кукалтош ҳанӯ з дар асри XVI сохта шуда буд. Дар асри XVII яке аз амалдорон олимақоми он замон Нодир девонбегӣ фармуд, ки ҳавз, мадраса ва хонакохчае созанд. Ин ансамбли меъморӣ он кадар мутаносиб ва мутавозин нест, чунон ки дар мачмуи иморати Регистони Самарқанд метавон дид. Ин ансамбли меъморӣ аз таносуб ва тавозуни кисматбандӣ маҳрум буда, меъмор дар бунёди он на завқе ва на табъе аз худ зоҳир накардааст. Бинокориҳои асри XVII низ ба сари худ ягон ҷиҳати қобили таваҷҷӯҳе надоранд.
Дигар ансамблҳои меъмории биноёфтаи Бухоро мадрасаи Улугбек мебошад, ки дар асри XV сохта шудааст ва дигаре мадрасаи Абдулазизхон аст, ки аз ёдгориҳои меъмории асри XVII ба шумор мераванд. Дар байни ин ду иморат хеле шабоҳат мавҷуд аст, аммо тафрикаи онҳо боз бештар мебошад.
Таносуби рӯи иморати мадрасаи Улугбек ба ҳадди комил расида, ороишоти он содда, ки дар айни замон хеле нафис аст.
Ороишгарони асри XVII анъанаи ду асри пешинаро идо- ма дода, баъзан муваффақиятҳои муайяни эҷодӣ ба даст оварданд. Алалхусус, комебиҳои устодони кандакории рӯи гаҷ ба назар намоёнтаранд. Дар ороиши иморатҳо аз ҳунари хотамкорӣ ва кошинкорӣ ба таври васеъ истифода мекарданд. Нақшҳо пурпечу ҳам ва сарбаста, ҳаммаи рангҳо назар ба асрҳои XV- XVI дурушт ва хашинтар мебаромаданд. Рангҳои зард ва сабз, ки ба таври фаровон кор фармуда шудаанд, онҳоро аз ҳад зиёд рангин намудаанд.
Аз нусхаҳои хаттии асри XVII, ки бо минётурҳои рассомони Осиёи Миёна зинат ёфтааид то замони мо миқдори хеле кам расидааст. Вале аз ҳамин намунаҳои кам низ маълум метардад, ки анъанаи мактаби минётурии осиёимиёнагии асри XVI давом ва инкишофи босазои худро дар. асри XVII пайдо намуда будааст. Хусусан минётурҳое, ки «Зафарнома»-и Шарафиддини Яздиро зеб додаанд бисёр хуб ва ҷолибанд. Ин нусха соли 1628 дар Самарқанд китобат шуда, 12 минётурро дар бар мегирад. Минётурсози забардасте дар сахнаҳои рамзӣ бо як маҳорати ҳайратангезе тавонистааст микдори зиёди симоҳои одамиро ҷо диҳад, ки ҳар яки он боз ба назар зинда ва дар ҷунбишу ҳаракат намудор мешавад. Масалан, дар сурате, ки Ҳиротро муҳосира кардани Темур тасвир ёфтааст, 23 андоми одамӣ ва 18 асп намудор аст. Дар минётури дигар, ки лашкар кашидани Темур бар зидди хони Олтинӯрда Тухтамиш тасвир шудааст, 20 кас ҷанг мекунад. Саҳнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин ҷо аҳли кибор, сипоҳиён, мутрибон, ҳофизон, ровиён ва соқиёнро метавон дид. Саҳнаҳо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд.
Вазъияти минбаьда ба пешрафти бинокорӣ, меъморӣ ва санъат тамоман мусоидат накард. Нимаи аввали асри XVIII давраи харобии иқтисодӣ, хуруҷи ҷангҳои дохилӣ, ба вайронӣ рӯ овардани шаҳру деҳот, cap задани шӯришҳои халқӣ, дубора авҷ тирифтани тохтутози хевагиҳо, ҳуҷуми тоифаҳои бодиянишин ва лашкари аҷнабӣ буд. Дар ин давра махсусан ноҳияҳои марказии Мовароуннаҳр ва вилояти Балх зарари калон диданд. Дар натиҷаи ба ҳар тараф фирор кардани аҳолӣ, бахусус тоҷикон чунин марказҳои маданӣ, монанди Бухоро ва Самарқанд беодам монданд. Табиист, ки аз замони ошуфта ва тира ҳеҷ як ёдгории муҳими меъморӣ ва ҳунарӣ боқӣ намондааст.
Нооромиҳои замона, ҷангҳои дохилӣ, зулму ситами бераҳмона боиси хароб гаштани мамлакат ва таназзули илму фарҳанги халқи тоҷик гардид.
Дар нимаи дуюми асри XVIII ва аввали асри XIX бинокориҳои азими Бухоро аз ҳаракат бозмонд, гуё, ки мавҷудияти худро қатъ карда бошад. Дар ин шаҳри харобгашта биное сохтa намешуд.
Дар ин давра дар Самарқанд сохтмони якчанд биноҳои нимкорамондаи кӯҳна анҷом дода шудаасту бас. Масалан, дар нимаи дуюми асри XIX дар таҳкурсии кӯҳна бинои масҷиди ҳазрати Хизр сохта, сипас борҳо таъмир карда шуда буд. Аз охири асри XVIII то миёнаҳои асри XIX дар Хева ва баъзе дигар шаҳрҳои хонии Хева чандин биноҳо сохта шудаанд.
Дар хонии Хуканд бошад сохтмони корвонсаройҳо, ҳаммомҳо, қалъаву манораҳо, инчунин масҷиду мадраса ва мақбараҳо каму беш идома ёфтанд.
Дар охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар Хуҷанд, Уротеппа, Ҳисор, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо низ чандин иморатҳо сохта шуда буданд. Масалан, масҷиди Чорбоғи Хуҷанд бо айвони баланд ва нақшу нигори зебои сақфи дармонгоҳи худ аз ҳамин қабил ёдгории меъморӣ ба шумор меравад. Вале дар байни бештар аз дусад масҷид ва бисту панҷ мадрасаи Хуҷанд фақат чандтои онҳо аз ҷиҳати меъморӣ мавриди таваҷҷуҳ мебошанду бас. Аз ёдгориҳои меъмории Уротеппа бинои мадрасаи Рустамбек, ки мутаассифона то замони мо боқӣ намондааст қобили қайд аст. Аз сохтмонҳои калони онвақтаи Уротеппа мадрасаи Намозгоҳ, айвони тиллокории пойгоҳи қароргоҳи ҳоким дар болои Муғтеппа, ҳаммом ва корвонсаройро, ки аз хишти пухта бино ёфта буданд метавон зикр кард.
Тадқиқи ҳамаи ин ёдгориҳои меъморӣ ба чунин хулосае меорад, ки дар сохтмонҳои бошукуҳи онвақта савияи техникӣ ва меьморию бадеӣ хеле паст гардида будааст.
Аммо дар бинокориҳои оммавӣ манзара тамоман дигар асг. Дар ин ҷо қатъи аньана ва на таназзул мушоҳидда наме- шавад. Баръакс, маҳз дар ин давра навъҳои маҳаллии манзилҳои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан дар тарҳ ороиш ва масоҳат ду навъи бино манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз ҳам тафовути ҷиддӣ пайдо мскунаид.
Дар ин давра заргарон ва мисгарон низ осори бисёр на- фиси ҳунарӣ офаридаанд. Асарҳои шоистаи таҳсини кандакорону ҳаққоқон, бофандагону дузандагон, кулолгарон ва соир ҳунармандони забардаст аз он башораг медиҳад, ки санъат ва ҳунари халқӣ тоҷик дар ин давра ҳам мавҷудияти худро давом дода, то андозае комёбиҳои муҳимро ноил гардида будааст.