Мушкилиҳо ҳангоми хоб

Одамон ба ҳисоби миёна 7-9 соат бояд дар як шабонарӯз хоб раванд, то қувва ва нерӯи худро эҳё карда, барои рӯзи нав омода шаванд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми камтар мушкилии муваққатии ҷисмонӣ доштан аз бехобӣ азият мекашем. Масалан, ҳангоми дард намудани миён, китф ва ё дигар узвҳо одам наметавонад бихобад.

Инчунин аксарият аз наомадани хоб ва ё саҳар барвақт бедор нашудан азият мекашанд. Дар ин мақола барои Шумо, корбарони сомонаи Donishju.Net якчанд тавсияҳоро гирдоварӣ намудем.

1.Агар тахтапуштатон дард мекунад

Болишти иловагиро дар поёни миёнатон ва ё пойҳоятон гузоред. Агар ба пушт хоб меравед болишти иловагиро дар пуштатон гузоред (Расми 1).

Давоми матн пас аз блоки реклама

Расми1. Ҳангоми дарди тахтапушт

2.Агар китфатон дард мекунад

Ба пушт хоб рафта, болиштеро ба оғуш гиред (Расми 2).


Расми 2. Ҳангоми дарди китф

3.Агар гарданатон дард мекунад

Болишти худро ҳадди ақал як маротиба дар давоми 2 сол иваз кунед. Аз болиштҳои латексӣ истифода баред.


4.Агар хобатон намеояд

То 7 соат пеш аз хоб чой ва қаҳва нанӯшед. Телефон низ истифода набаред. Хондани китоб тавсия мешавад. Ҳар саҳар ба варзиш машғул шавед.


5.Агар шумо зуд-зуд нисфи шаб бедор мешавед

Аз истифодаи машруботи спиртӣ пеш аз хоб даст кашед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ҳарорати ҳуҷраи хобатон 20-22 °С бошад.


6.Агар шумо аз зардаҷӯш (сӯзиши меъда) азоб мекашед

Расми 3. Ҳангоми сӯзиши меъда

Ба духтур муроҷиат кунед. Ба тарафи чап хоб рафта, саратонро ба болишти баландтар гузоред (Расми 3).


7.Кашиши раги пой ва кашиши дигар мушакҳо

Расми 4. Ҳангоми кашиши мушакҳо

Макони дардро молиш диҳед, мушакҳоро гарм кунед ва ёзонед (Расми 4).


8.Агар аз хоб хестан мушкил аст

Ҳар рӯз дар як вақти муайян аз хоб хезед (ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ).


  1. Агар хуррок мекашед ва дигаронро азият медиҳед
Расми 5. Ҳангоми хуррок кашидан

Ба як паҳлӯ хоб карда, дастонатонро дар зери саратон гузоред (Расми 5).

Пеш аз хоб ба биниатон дору чаконед.

Машруботи спиртӣ нанӯшед.