Маълумот дар бораи Зуком (грипп)

Зуком. Зукомро вирусҳо ба вуҷуд меоранд. Онҳо зарраҳои майдатарини микроскопӣ буда, ҳатто сохти ҳуҷайравӣ надоранд. Вирусҳои зуком дар луоби бинии беморон, инчунин дар балғам ва оби даҳони онҳо вуҷуд доранд.

Ҳангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионҳо зарраҳои ба чашм ноаёни вирусдор ба ҳаво паҳн мешаванд. Агар ин қатраҳо ба узвҳои нафаси одами солим дохил шаванд, ӯ аз зуком сироят ёфта метавонад. Ҳамин тариқ, зуком аз зумраи бемориҳои сироятии қатрагӣ мебошад.

Зуком хеле зуд паҳн мешавад. Зукомро чун нотобии серӯза пиндоштан нодуруст аст. Боди он хатарнок мебошад. Беморони зуком ҳангоми муносибат бо одамон бояд даҳону биниашонро бо бандинаи чорқабатаи докагӣ банданд.

Бандина ҳаворо гузаронида, вале қатраҳои ангезандаи бемориро нигоҳ медорад. Дар вақти атса ва сулфа беморон бояд даҳону биниашонро бо дастрӯймол пӯшонанд ва чунин рафтор атрофиёнро аз сироят эмин медорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯи пурра >> Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо

ҚаблӣШеърхо барои Занги охир
БаъдӣМаълумот дар бораи бемории Сил (Туберкулез)