Дилам бар Рудаки сузад (шеъри Гулназар Келди)

Шеъри мазкур ба қалами устод Гулназар Келди тааллуқ дорад:

Гулназар Келдӣ

Агар як лаҳза хории забон бинам

Агар як лаҳза хории забон бинам,
Суханҳои равонро норавон бинам,
Ба дасти нотавоне нотавон бинам,
Дилам бар Рӯдаки сӯзад ,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

Чу бинам ҳамдиёре худсару худком
Шиносад хешро алломаи айём,
Надонад мисрае аз Ҳофизу Хайём,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сўзад.

Чу бинам худнамое боз хушнуд аст,
Қи ҳусни тоза бар ҷевонаш афзудаст,
Хариди ҳар китоби нав агар муд аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад ,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чу донам бўи Ҷӯи Мўлиёнам нест,
Ҳазорон Рустам асту достонам нест,
Ғуборе ҳаст, аммо корвонам нест,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

Чу бинам Бӯалӣ Синост саргардон,
Миёни қавмҳои бесару сомон
Ва роҳаш нест сӯи халқи ман осон,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

Чу донам «Шашмақом» имрӯз ноҷӯр аст.
Чу бинам оина дар хидмати кӯр аст
Ва лавҳи хотири мо лавҳаи гӯр аст,
Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад,
Ба ҳоли зиндагӣ сӯзад.

Рубоиёти устод Гулназар Келдӣ инҷо >>

Рубоиёт аз Гулназар Келдӣ

ҚаблӣШеър дар васфи Тоҷик (шеърҳои Рустами Ваҳҳоб)
БаъдӣФактҳои ҷолиб дар бораи Пул

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед