Давлатҳои Сурия, Финиқия ва Фаластин (таърих)

Шароити табии ва ахоли. Сурия ва Финикия. Ба вучуд омадани давлатхои Сурия ва Финикия. Фаластин. Ташкилёбии давлати Исроил. Маданияти Сурия, Финикия ва Фаластин. Херодот дар бораи финикихо.


Шароити табиӣ ва аҳолӣ

Сурия, Финиқия ва Фаластин дар шароити ҷуғрофии хуб дар ҷойи пайвастагии се қитъа Осиё, Африқо ва Аврупо ҷойгир шуда буданд. Қисми хушкии онҳо ба Осиёи Ғapбӣ мепайвандад. Сурия ба даштҳои ғарбии Байнаннаҳрайн ва қисми ҷанубии он ба нимҷазираи Арабистон ҳамсарҳад мебошад. Шароити табиӣ ва ҷуғрофии Сурия ва Фаластин имкон медод, ки дар ин мамлакатҳо ҳанӯз аз давраҳои қадим тиҷорат рушд кунад. Фаластин бошад, дар мавзеи наздикӯҳии Лубнон то сарҳадҳои шимолии нимҷазираи Арабистон доман паҳн карда буд. Дар Ғарб он ба даштҳои Сурияю Байнаннаҳрайн ҳамсарҳад буд. Масоҳати давлати Фаластин хурд буд.

Расми 105. Шоҳи яке аз шаҳрҳои Финиқия. Нақши қадима
Расми 105. Шоҳи яке аз шаҳрҳои Финиқия. Нақши қадима

Аҳолии Сурия, Фаластин ва Финиқия аз қабилаҳои сомиҳои ғарбӣ иборат буд. Дар шимоли Сурия ва вилоятҳои назди Осиёи Хурд қабилаҳое сокин буданд, ки онҳоро «бачагони шимол» – «бене самал» меномиданд. Дар ҷануб қабилаҳое сокин буданд, ки онҳоро «бачагони ҷануб» – «бене намина» ва қабилаҳое, ки дар шарқии Сурия сокин буданд, онҳоро «бачагони шарқ» – «бене кедем» меномиданд. Ин қабилаҳоро «оромиҳо» ҳам ном мебурданд.

Расми 106. Сафари давродаври африқоии финиқиҳо
Расми 106. Сафари давродаври африқоии финиқиҳо

Дар қисми шимолии даштҳои Сурияю Байнаннаҳрайн оромиҳо сокин буданд.

Номи «финикӣ»-ро дар ҳазорсолаи I пеш аз милод ба қабилаҳои соҳилҳои шарқи баҳри Миёназамин юнониҳои қадим гузоштаанд. Фаластиниҳо ҳам аз қабилаҳои гуногуни қадимае ба вуҷуд омадаанд, ки дар қаламрави ин Сарзамин сокин буданд, аз он ҷумла, аз қабилаҳои филистимҳо, ханаанҳо, аморитҳо ва қабилаҳои дигар. Номи давлати Фаластин аз номи яке аз ҳамин қабилаҳои филистимҳо (дар забони яҳудии қадим – пелиштим – филистим аст) ба вуҷуд омадааст. Чунин гуногунии мардуми Сурия, Финиқия ва Фаластин ба онҳо имконият намедод, ки дар давлати ягона муттаҳид шаванд. Аз ҳамин сабаб, аз тарафи истилогарон забт карда шудани ин давлатҳо кори осон буд.

Сурия ва Финиқия

Дар охирҳои ҳазорсолаи III ва оғози ҳазорсолаи II пеш аз милод Сурия ва Финиқия аз якчанд давлатчаҳо иборат буданд. Онҳо шаҳрҳои калони тиҷоратӣ доштанд. Дар байни ин давлатҳо, махсусан шаҳрҳои Угарит ва Библ, ки дар соҳилҳои баҳр воқеъ гардида буданд, дар бузургӣ, серодамӣ ва касбу ҳунар ва тиҷорат фарқ мекарданд.

Расми 107. Дар Фаластин. Расми замони мо
Расми 107. Дар Фаластин. Расми замони мо

Тоҷирони Угарит ба ҷазираҳои баҳри Эгей: Крит, Кипр ва Родос ва бо давлати Миср робитаҳои хуби тиҷоратӣ барқарор карда буданд. Миср ва Бобул ба Сурия тез-тез ҳуҷум мекарданд. Дар миёнаҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод Сурия ва Финиқияро фиръавнҳои Миср забт карданд. Фиръавнҳо ҳокимияти худро дар Сурия ва Финиқия тавассути амалдорони зиёде мустаҳкам намуданд. Амалдорони маҳаллӣ низ дар ин кор ба онҳо ёрӣ мерасонданд. Дар асри XIV пеш аз милод Миср дигар лашкаре надошт, ки Сурия ва Финиқияро дар зери ҳокимияти худ нигоҳ дорад. Ба ҷойи онҳо ба ин ҷо хеттҳо омаданд. Шоҳони Угарит, Тир ва баъзе шаҳрҳои дигар ба тарафи хеттҳо гузашта, ҳокимияти онҳоро эътироф карданд. Хеттҳо тадриҷан тамоми Сурия ва Финиқияро забт карданд.

Ба вуҷуд омадани давлатҳои Сурия ва Финиқия

Дар натиҷаи ҷангҳои дуру дароз давлатҳои Миср ва Хетт иқтидорашонро аз даст доданд. Ин барои ташкил ёфтани давлатҳои мустақили Сурия ва Финиқия шароити мусоид фароҳам овард. Тахминан дар асрҳои XII-XI пеш аз милод ин давлатҳо ба вуҷуд омаданд. Дар асрҳои X–IX пеш аз милод Сурия ва Финиқия ба давраи баланди рушди худ расиданд. Миср ва Ошур дигар ба шаҳрҳои калони тиҷоратии Сурия ва Финиқия халал расонда наметавонистанд. Шаҳрҳои Библ, Сидон ва Тир марказҳои асосии тиҷоратии Финиқия мешаванд. Шоҳи Тир Хирами I ҳам ба тиҷорат ва ҳам ба истилогарӣ машғул буд. Ӯ Кипр, Крит ва бисёр ҷойҳои дигари ҳавзаи баҳри Миёназаминро ишғол намуда, дар он ҷо нуқтаҳои тиҷоратии худро ташкил менамояд.

Расми 109. Қалъае дар шарқи баҳри Миёназамин
Расми 109. Қалъае дар шарқи баҳри Миёназамин

Шоҳони ояндаи Финиқия забткориро идома додаанд. Онҳо ҷазираҳои зиёди баҳри Эгейро забт карда, ба мустамлика табдил доданд. Баъди забт кардан дар ҷазираи Ситсилия шаҳри Рош Мелкарт ва дар Сардиния шаҳри Каралисро бино карданд. Финикиҳо як қисми Африқои шимолиро ҳам ба мустамликаи худ табдил дода, дар он ҷо низ шаҳру қалъаҳо ва бандару иншоотҳои дигар сохтанд. Дар асрҳои VIII-VII пеш аз милод ба Сурия ва Финиқия шоҳҳои Ошур мунтазам ҳуҷум мекарданд.

Расми 111. Ҳарфҳои алифбои финикиҳо
Расми 111. Ҳарфҳои алифбои финикиҳо

Дар ин давра Сурия ва Финиқия рӯ ба таназзул ниҳода буданд. Баъди муборизаи дуру дароз дар асри VII пеш аз милод ба шоҳи Ошур Асархаддон муяссар гардид, ки Финиқияро ишғол намуда, ба давлати худ ҳамроҳ кунад.

Фаластин

Фаластин ва вилоятҳои ба он наздики Финиқия ҳанӯз дар ҳазорсолаи III пеш аз милод маълум буданд. Дар ин ҷо, чунонки қаблан зикр кардем, ханаанҳо сокин буданд. Онҳо дар зери таъсири Суммар, Бобил ва Миср фарҳанги худро эҳё сохтанд. Мисриён дар ҳазорсолаи III пеш аз милод ба Фаластин борҳо лашкар кашида, оқибат онро ба мустамликаи худ табдил доданд. Қабилаҳои ҳабирӣ – аҷдоди қабилаҳои яҳудиёни қадим дар Фаластин миёнаҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод пайдо мешаванд. Қабилаҳои маҳаллии нанайҳо, хусусан, қабилаҳои филистимҳо ба яҳудиҳо муқобилати сахт нишон доданд. Баъди муборизаи дуру дароз яҳудиҳо Фаластинро ишғол намуданд.

Ташкилёбии давлати Исроил

Дар асрҳои XI-X пеш аз милод Фаластин рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ҳолат имконият дод, ки дар ҳудудҳои он давлатҳои мустақил ба вуҷуд оянд. Яке аз онҳо Исроил буд. Мувофиқи дастхатҳои таърихӣ асосгузори сохти шоҳии Исроил Саул мебошад. Саул шаҳри Иабашро аз қабилаҳои аммониҳо озод карда, шоҳи қабилаҳои исроилӣ мешавад. Баъд ба Саул муяссар мегардад, ки ҳокимияти худро дар тамоми Фаластин барпо намояд.

Дар оғози асри X пеш аз милод дар яке аз муҳорибаҳо Саул бо ҳамроҳии се писараш ҳалок мегардад. Довуд ном шахс, ки ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт будани Саул дар ҷануби Фаластин подшоҳии мустақили Яҳудро ташкил карда буд, 7 сол ба муқобили писари Саул – Ишвал ва ворисони дигари ӯ мубориза мебарад. Ин мубориза бо ғалабаи Довуд анҷом меёбад. Баъди ин Довуд Исроил ва Яҳудро дар як давлат муттаҳид месозад. Баъди чанде яке аз шаҳрҳои машҳури ханаан Иерусалим (Байтулмуқаддас)-ро ишғол менамояд.

Давраи гул-гулшукуфии давлати Исроилу Яҳуд ба давраи ҳукмронии Соломон (Сулаймон) рост меояд. Ӯ мамлакатро аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам карда, онро аз истилогарони хориҷӣ муҳофизат намуд ва ба давлатҳои гирду атроф чандин маротиба лашкаркашии музаффарона кард. Баъд аз вафоти Сулаймон давлати муттаҳидаи Исроилу Яҳуд рӯ ба таназзул ниҳод. Иеровоам (Иброҳим) ном шахс чанде пеш дар шимоли мамлакат ба муқобили Сулаймон шӯриш бардошта буд, лекин он бо шикаст анҷом ёфт. Иеровоам фирор кард. Баъди вафоти Сулаймон шароит фароҳам омад, ки ин шахс, яъне Иеровоам шоҳи Исроил шавад. Иеровоам ба ватан баргашт ва бо дастгирии Миср бар зидди шоҳи нав – Ровоам мубориза бурд. Соли 928 пеш аз милод ӯ ба Фаластин зада даромада, лашкари Яҳудро мағлуб кард ва Иерусалим (Байтулмуқаддас)-ро ишғол ва талаву тороҷ намуд. Иброҳим Исроилро аз Яҳуд ҷудо намуда, худро шоҳи он эълон кард.

Давлати Исроилро соли 722 пеш аз милод шоҳи Ошур Саргони II барҳам задааст. Давлати Яҳуд баъдтар аз байн рафт. Шоҳи Бобул Новуходоносори II соли 597 пеш аз милод Иерусалим (Байтулмукаддас)-ро забт намуда, соли 586 пеш аз милод давлати Яҳудро пурра барҳам медиҳад.

Маданияти Сурия, Финиқия ва Фаластин

Муваффақияти беназири финикиҳо алифбои онҳо мебошад. Он дар Финиқия дар асри XIII пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Унсурҳои алоҳидаи алифбои финиқиҳо дар шакли аломатҳо дар хатти мехии бобулиҳо низ дида мешаванд. Ин алифбо 2 ҳазор сол пеш аз милод ба шимоли Сурия роҳ ёфта будааст. Финиқиҳо дар асоси алифбои Бобули қадим алифбои худро ба вуҷуд овардаанд. Алифбои финиқиҳо аз 29 аломат иборат аст. Аз алифбои финиқиҳо баъдтар алифбои даҳҳо давлатҳои муосири ҷаҳон пайдо шудаанд.

Соли 622 пеш аз милод дар бораи дар Иерусалим (Байтулмуқаддас) ёфта шудани «Китоби қонунҳо» овоза паҳн мегардад. Дар ин китоб урфу одатҳо ва дину худоҳои қадими қабилаи қанъонҳо маҳкум карда шуда буданд. «Китоби қонунҳо» Яҳворо худои ягонаи яҳудиён эълон кард. Бо ҳамин дини яҳудия пайдо шуд.

Ёдгориҳои санъати Сурия, Финиқия ва Фаластин ҷолиби диққатанд. Дар ин ҷо махсусан ҳунари ҳайкалтарошӣ ва меъморӣ рушд ёфта буд. Дар ин бора нақши Рас-Шамра, мақбараи назди Амрат, олиҳаи финиқии ҳосилот, харобаҳои Иерихон (Ал-Халил), ибодатхонаи давраи Сети I Бетшан ва ғайра шаҳодат медиҳанд.


Сарчашма. Ҳеродот дар бораи финикиҳо

Либия, аҷаб нест, ки бо баҳр иҳота шуда бошад, ғайр аз ин, он бо Африқо низ ҳаммарз аст. Чӣ тавре ки ба ман маълум аст, инро бори аввал шоҳи Миср Нехо (солҳои 610–586 пеш аз милод – (фиръавни сулолаи XXVI) исбот карда буд. Баъди қатъ гардидани сохтмони ҷӯй аз Нил то халиҷи Араб шоҳ финиқигиҳоро тавассути киштиҳо равон карда, фармуд, ки ҳангоми бозгашт аз тариқи Сутуни Геракл (ҳозира гулӯгоҳи Гибралтар. – Шарҳи Т. Зиёзода), то ба Баҳри Шимолӣ расидан пеш раванд. Ҳамин тавр, дигар ба Миср барнамегарданд. Финиқиҳо ба баҳри Сурх баромада, баъд ба ҷануб ҳаракат карданд. Тирамоҳ ба соҳилҳо баромада, заминҳои Либияро шудгор ва кишт карда, баъд мавсими даравро интизор шуданд. Сипас, баъди ҷамъоварии ҳосил шинокунии худро идома доданд. Баъди соли дуюм ва сеюм гулӯгоҳи Гераклро давр зада, ба Миср омаданд. Мувофиқи нақли онҳо (ман ба ин бовар надорам, бигузор касе хоҳад, бовар кунад) ҳангоми шинокунӣ дар атрофи Либия, офтоб дар тарафи рости онҳо монд.


Савол ва супоришҳо

  1. Дар бораи шароити табиии Сурия, Финиқия ва Фаластин нақл кунед.
  2. Бартарии мавқеи ҷуғрофии Сурия, Финиқия ва Фаластин дар чӣ зоҳир мегардад?
  3. Дар замонҳои қадим дар қаламрави ин давлатҳо кадом қабилаҳо сокин буданд?
  4. Чаро дар Сурия, Финиқия ва Фаластин тиҷорат ривоҷ ёфта буд?
  5. Давлатҳои Сурия ва Финиқия кай ва чӣ тавр ба вуҷуд омадаанд?
  6. Сурия ва Финиқия кай ва чӣ тавр барҳам хӯрдаанд?
  7. Давлати Исроил кай ва чӣ тавр ба вуҷуд омадааст?
  8. Исроил ва Яҳуд чӣ тавр муттаҳид гардида ва баъд аз ҳам ҷудо шуданд?
  9. Давлатҳои Исроил ва Яҳуд кай ва чӣ тавр барҳам хӯрданд?
ҚаблӣДавлати Урарту (таърих)
БаъдӣТашкилёбии давлати Исроил (таърих)