Синфҳои асосии рӯдаковокҳо. Синфи гидроидҳо. Синфи сифоидҳо. Синфи кораллҳои полипӣ. Пайдоиши рӯдаковокҳо. Аҳамияти рӯдаковокҳо. Тасниф, пайдоиш ва ахамияти Рудаковокхо. Таснифи Рудаковокхо.
Синфхои асосии рудаковокхо
Синфҳои асосии рӯдаковокҳо. Дар замони ҳозира типи рӯдаковокҳо ба се синфи асосӣ тақсим карда шудааст. Ин синфҳо аз ҳамдигар тафовути калон доранд.
Синфи гидроидхо
Синфи гидроидҳо аз дигар синфҳои ин тип бо надоштани девори пардамонанд дар рӯдаашон фарқ мекунанд. Намояндагони ин синф гидра (андозаи баданаш 1,5 см, ба расми 46 нигаред) ва гидрополипҳои баҳрии тӯдагӣ мебошанд (расми 54).
Полипҳои гидроидӣ дар зери об ба ягон ҷисм часпида ҳаракат мекунанд. Тӯдаи онҳо шакли буттаи майдаро дорад. Дар навдачаҳои тӯда полипҳои хурд мавҷуд буда, онҳо ба гидра монанданд. Фардҳои баъзе тӯдаи ин полипҳо дар вақти муайяни сол ба монанди муғҷа медузаҳои ҷавонро пайдо мекунанд, ки онҳоро медузаҳои гидроидӣ меноманд. Медузаи гидроидӣ аз танаи модарӣ ҷудо шуда, мустақилона зиндагӣ мекунад. Медузаҳо бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсиашонро дар об мепартоянд ва бордоршавӣ ба амал меояд. Аз тухмҳуҷайраи бордоршуда кирмина (планула) пайдо мешавад ва аз он полипи нав инкишоф меёбад (ба расми 54 нигаред).

Синфи сифоидхо
Синфи сифоидҳо (аз калимаи юнонӣ «сифос» – коса гирифта шудааст). Ин ҳайвонҳо аз рӯйи шакли беруниашон ба коса монанданд (ба расми 47 нигаред). Ковокии рӯдаи онҳо баръакси гидроидҳо 4-то девори аз пардаҳо иборат буда дорад. Намояндагони ин синф аурелия ва дигар медузаҳо буда, андозаи баъзе намудҳояшон хеле калон аст. Аурелия як намояндаи ин синф буда, бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунад (ба расми 55 нигаред).

Масалан, қутри (диаметри) соябони медуза (сианея), ки дар Арктика зиндагӣ мекунад, ба кӯндалангӣ аз 30 то 200 см буда, дарозии мӯйлабҳояш 10-20 метр аст (расми 57).

Синфи кораллхои полипи
Синфи кораллҳои полипӣ. Ба ин синф кораллҳои полипии танҳо ва тудагӣ (калониалӣ) зиндагикунанда дохил мешаванд. Сохти ковокии рӯдаи онҳо хеле мураккаб гардидааст. Ковокии рӯда тавассути деворҳои пардагӣ ба ҳуҷраҳо тақсим гардидааст. Намояндагони ин синф – актиния ва кораллҳои сурх мебошанд (ба расмҳои 47 ва 48 нигаред). Таркиби скелети аксарияташон аз оҳак ва моддаҳои шохӣ иборат аст. Дар инкишофи кораллҳо давраи медузагӣ нест.
Пайдоиши рудаковокхо
Пайдоиши рӯдаковокҳо. Сохти бадани рӯдаковокҳо хеле одӣ аст. Бадани онҳо дуқабата буда, ҳуҷайраҳои зиёди мухталиф надоранд. Дар рӯдаковокҳо қобилияти калони эҳёшавӣ дида мешавад. Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки рӯдаковокҳо ҳайвонҳои хеле қадимаанд. Олимон муайян кардаанд, ки рӯдаковокҳо аз кадом як ҳайвони бисёрҳуҷайрае пайдо шудаанд, ки бадани онҳо ду хел ҳуҷайра дошт. Ҳуҷайраи ҳаракаткунандаи қамчинакдор ва ҳуҷайраи хӯрокҳазмкунандаи пойҳои қалбакидор. Пешавлоди рӯдаковокҳо аз ҳайвонҳои якҳуҷайраи тӯдагӣ пайдо шудаанд (расми 56).

Онҳо ба тӯдаи қамчинакдорони гиребондори ҳозира монанд буданд. Далели муҳимтарини пайдо шудани рӯдаковокҳо аз содатаринҳои қадимии тӯдагӣ он аст, ки рӯдаковокҳои ҳозира низ аз ҳуҷайра (тухмҳуҷайраи бордоршуда) инкишоф меёбанд. Ҷанини бисёрҳуҷайраашон ковокӣ надорад. Дар кирминаашон ду хел ҳуҷайраҳо дида мешавад. Дар байни синфҳои ин тип аз ҳама одитаринашон гидроидҳо буда, ковокии рӯдаи онҳо тавассути деворҳои пардамонанд ба қисмҳо ҷудо нашудааст. Аз гидроидҳои қадима кораллҳои полипӣ ва сифомедузаҳо пайдо шудаанд.
Аҳамияти рудаковокхо
Аҳамияти рӯдаковокҳо. Рӯдаковокҳо, асосан дар баҳрҳо зиндагӣ карда, дар занҷири хӯрокии ҳайвоноти обӣ нақ ши муҳим доранд. Рӯдаковокҳо ҳайв он ҳои майдаи обиро хӯрда, худашон хӯроки муҳимми моҳиҳо мебошанд. Мӯйлабчаҳо ва ё чатри баъзе намуд ҳои рӯдаковокҳо (медузаи қутбӣ) паноҳгоҳи моҳиҳ ои хурд мебошанд. Буттазори зичи кораллҳо барои бисёр кирмҳо, нармбаданҳо, харчангшаклҳо, хорпӯстҳо, моҳиҳо ҷойи хӯрокёбӣ ва паноҳгоҳ аз душман ба ҳисоб меравад. Баъзе намудҳои актиния бо харчангҳои баҳрӣ якҷоя зиндагӣ карда, харчангҳоро аз душман муҳофизат мекунанд (ба расми 10 нигаред).
Гурӯҳи калони кораллҳо риф ҳосил мекунанд. Аз скелети онҳо дар баҳрҳои тропикӣ рифҳо ва атоллҳо ҳосил мешавад (расми 58).
Рифҳо, одатан дар соҳилҳо ҳосил мешаванд. Тӯдаи кораллҳои дар соҳил сукунатдошта тадриҷан мемиранд ва дар фосилаи соҳил ва риф фазои калони обӣ ҳосил мешавад. Рифҳои кораллӣ ва ҷазираҳое, ки аз скелети онҳо ҳосил мешаванд, барои киштиронӣ садди хавфнок мебошанд. Мутаассифона солҳои охир аз сабаби ифлосшавии оби уқёнусҳо аз ҳисоби партовҳои саноатӣ ва нафтӣ дунёи зебои рифҳои кораллиро дар зери хавфи нестшавӣ қарор додааст.
Кораллҳои полипӣ дар тоза кардани оби баҳр аз заррачаҳои органикии муаллақ аҳамияти калон доранд. Аз скелети кораллҳои полипии дар бадали ҳазорҳо сол мурдарафта қабатҳои ғафси оҳаксанг ҳосил мешаванд. Онҳоро дар мамлакатҳои тропикии соҳили баҳрҳо ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ истифода мебаранд. Баъзе намудҳои медузаҳоро дар Чин ва Ҷопон ба сифати хӯрок истифода мебаранд. Аз скелети коралли сурх ҳар гуна ашёҳои зебу зинатӣ тайёр мекунанд. Олимон муайян кардаанд, ки медузаҳо ҷунбиши садоеро, ки дар вақти соиш хӯрдани об бо ҳаво ба амал меояд, мешунаванд ва хеле барвақт пеш аз сар шудани тӯфон дар баҳр аз соҳил шино карда дур мераванд. Дар замони ҳозира олимон асбобе ихтироъ кардаанд, ки он «гӯши медуза» ном дорад ва омадани тӯфонро то 15 соат пеш муайян мекунад.
Хулоса
- Нахустин бор дар рӯдаковокҳо асаб пайдо шуд. Вай хеле одӣ буда, ба тӯр монанд аст.
- Дар рӯдаковокҳо фаъолияти рефлекторӣ мушоҳида карда мешавад.
- Дар рӯдаковокҳо хӯрокҳазмкунӣ на фақат дар ковокии рӯда, балки ба монанди содатаринҳо дар дохили ҳуҷайра низ ба амал меояд.
- Дар эндодермаи рӯдаковокҳо ҳуҷайраҳои қамчинакдор ва ҳуҷайраҳои пойҳои қалбакидор мавҷуданд.
- Таносуби бадани рӯдаковокҳо шуоъшакл аст.
Саволҳо
- Гидроидҳо аз сифоидниҳо ва кораллҳо чӣ фарқ доранд?
- Рӯдаковокҳо аз кадом ҳайвонҳо пайдо шудаанд ва инро чӣ тавр исбот кардан мумкин аст?
- Рӯдаковокҳо дар табиат чӣ аҳамият доранд?
- Кадом синфҳои рӯдаковокҳо ва намояндаҳои онҳоро медонед?