Зинаҳои асосии инкишофи олами ҳайвонот дар рӯйи замин

Инкишофи олами хайвонот.  Зинахои асосии инкишофи олами хайвонот дар руйи замин. Гузаштан аз якхучайрагихо ба бисёрхучайрагихо.


Таълимоти Ч. Дарвинро оид ба инкишофи олами зинда минбаъд дигар олимони биолог пурратар карданд. Онҳо дурустии ақидаҳои Дарвинро на фақат тасдиқ карданд, балки зина ба зина инкишоф ёфтани олами рустанӣ ва ҳайвонотро муайян намуданд.

Гузаштан аз якҳуҷайрагиҳо ба бисёрҳуҷайрагиҳо

Нахустин ҳайвони рӯйи Замин якҳуҷайрагиҳои қадима буданд, ки аз онҳо типҳои муосири якҳуҷайрагиҳо – саркомастигофораҳо, инфузорияҳо ва споровикҳо пайдо шудаанд. Аз якҳуҷайрагиҳои замони ҳозира инфузорияҳои бисёрядродор ва қамчинакдорони тӯдагӣ сохти мураккабтар доранд.

Аз қамчинакдорони тӯдашакли қадима, ки тарзи хӯрокхӯриашон ба ҳайвон монанд буд, организмҳои бисёрҳуҷайраи қадима пайдо шудаанд. Дар бадани онҳо ду гурӯҳи ҳуҷайраҳо мавҷуд буданд: берунӣ – қамчинакдор ва дохилӣ – ҳазмкунанда.

Пайдо шудани нахустин ҳайвони бисёрҳуҷайра ҳодисаи ниҳоят муҳимми инкишофи олами ҳайвонот ба шумор меравад. Ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра нисбат ба ҳайвонҳои якҳуҷайра бартарии калон пайдо кардаанд. Дар онҳо имконияте пайдо шуд, ки ҳуҷайраҳо аз рӯйи иҷрои вазифа ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, бофта ҳосил шуд ва дар байни бофтаҳо тақсимоти вазифа ба амал омад. Сохти баданашон торафт мукаммал ва андозаи бадани онҳо калон шуд. Қисмҳои осебдида ва нестшудаи баданашон аз сари нав эҳё мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз бисёрҳуҷайрагиҳои дараҷаи паст ба бисёрҳуҷайрагиҳои олӣ табдил ёфтанд. Яке аз бисёрҳуҷайргиҳои дараҷаи паст рӯдаковокҳо буда, аз ҳайвонҳои бисёрҳуҷайраи қадима пайдо шудаанд. Онҳо ба қамчинакдорони тӯдагӣ (колониявӣ) наздик буданд. Далели ин мавҷуд будани ҳуҷайраҳои қамчинакдор дар қабати ҳозимаи бадани рӯдаковокҳо мебошад. Аз хеш будани рӯдаковокҳо ба қамчинакдорони тӯдагӣ монандии давраҳои аввали инкишофи гидра гувоҳӣ медиҳад, зеро инкишофи ҷанини гидра аз як ҳуҷайра (аз ҳуҷайратухми бордоршуда) сар мешавад.

Инкишофи минбаъдаи олами ҳайвонот ба пайдо шу- дани нахустин ҳайвони сеқабата алоқаманд аст. Онҳо ба кирмҳои бисёрқилдори одии озод зиндагикунанда, ки аз ҳайвонҳои дуқабатаи қадима пайдо шудаанд, монанд буданд. Ба ҳайвонҳои сеқабата дар раванди инкишофи дуру дароз мукаммалшавӣ муяссар шуд: системаи мушакҳо ва паренхима пайдо шуд.

Пайдо шудани мушакҳо имконияти тезтар ҳаракат кар- дан ва мукаммалшавии ҳаракати ҳайвонро зиёд кард. Ба туфайли паренхима бошад, муҳити дохилии организм та- шаккул ёфт, ки ин хубтар гузаштани мубодилоти моддаро таъмин мекард. Ба нахустин ҳайвони сеқабата типи паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо дохил мешаванд.

Зинаи дигар дар инкишофи таърихии олами ҳайвонот ба пайдо шудани ҳайвонҳои сеқабатае, ки ковокии бадан доранд ва узвҳои дохилӣ дар он ҷойгиранд, алоқаманд аст. Дар ин ҳайвонҳо аввалин маротиба системаи гардиши хун, узвҳои такмилёфтаи ихроҷ ва системаи асаби мукаммалтар пайдо мешаванд. Аз ҳайвонҳои одии сеқабата, ки ковокии тана доранд, ҳалқакирмҳо пайдо шудаанд ва аз ҳалқакирмҳои қадима нармтанҳо ва буғумпойҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҳайвонҳои одии сеқабата, ки ковокии тана доранд, ҳайвонҳои хордадор низ пайдо шудаанд.


Саволҳо

  1. Ҳайвоноти бисёрҳуҷайра аз кадом гурӯҳи якҳуҷайрагиҳо пайдо шудаанд?
  2. Ҳайвоноти бисёрҳуҷайра нисбат ба якҳуҷайрагиҳо чӣ бартариҳо доранд?
  3. Ҳайвоноти сеқабата гуфта кадом ҳайвонотро меноманд?
  4. Барои чӣ рӯдаковокҳо ва исфанҷҳоро бисёрҳуҷайрагиҳои дараҷаи паст меноманд?

Тестҳо

  1. Кадоме аз ин ҳайвон ба қамчинакдорони тӯдагӣ мансуб аст?

А) амёбаҳо; Б) эвгленаҳо; В) волвоксҳо; Г) трипанасомаҳо.

  1. Нахустин ҳайвоноти сеқабатаро ишора кунед.

А) кирмҳои мижгонакдор; Б) нематодаҳо; В) кирмҳои серқилча; Г) кирмҳои камқилча.

  1. Нармбаданҳо ва буғумпойҳо аз кадом типи зерин пайдо шудаанд?

А) рӯдаковокҳо;     Б) паҳнкирмҳо; В) лӯндакирмҳо; Г) ҳалқакирмҳо.

ҚаблӣТипи хорпӯстҳо (хорпустхо)
БаъдӣАдабиёт барои фанни Зоология (китоби Зоология синфи 7)