Исмҳои таркибӣ ва имлои онҳо

Исмхои таркиби ва имлои онхо. Исмҳои таркибӣ ва имлои онҳо. Исмҳои таркибӣ дар забони тоҷикӣ.


Исмҳои таркибӣ калимаҳое мебошанд, ки дар қолаби ибораҳо ташкил шудаанд: Шӯрои Олӣ, барги зуф, Созмони Милали Муттаҳид.


Машқи 1. Ба сохти исмҳои зер диққат диҳед ва гӯед, ки онҳо аз исмҳои сохта ва мураккаб чӣ фарқ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахти Ҷамшед, Қалъаи лаби об, гули тоҷи хурӯс, ангури ҷавз, гули сияҳгӯш, Исёни Муқаннаъ, Дараи Ниҳон.

Машқи 2. Матнро нависед ва имлои исмҳои таркибиро шарҳ диҳед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ зери унвони «Гулзори Гулназар» китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон тавассути нашриёти «Эҷод» бо адади 500 нусха аз чоп баромад.

Аз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»


Савол ва супоришҳо
  1. Кадом исмҳои таркибӣ бо ҳарфи калон навишта мешаванд?
  2. Номи рӯзномаю маҷаллаҳои медонистагиатонро нависед.
  3. Кадом шоирони халқии Тоҷикистонро медонед?

Сохти исм

ҚаблӣИсмҳои мураккаб – Исмхои мураккаб
БаъдӣТасниф, пайдоиш ва аҳамияти Рӯдаковокҳо