Ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ҳамчун мақсади асосии тарбия ва қисмҳои таркибии он

Дар шароити ҳозира дар миқёси умумичаҳонӣ болоравии илму техника ва истеҳсолоти мошинӣ тайёрӣ ва инкишофи боз ҳам баланди аъзоёни ҷамъиятро талаб мекунад. Бинобар ин дар ҷомеа ҳамаҷониба ташаккул додани шахсиятро, ки дар айни замон бевосита мақсади (идеали) тарбия қарор ёфтааст, тақозо дорад. Чунон ки дидем, инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият қаблан аз фаъолияти меҳнатӣ ва истеҳсолот канда буд. Ҳоло мазмуни мақсади умдаи мактабӣ таҳсилоти умумӣ оид ба инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият инҳоро ифода мекунад: тарбияи ақлӣ, мехнатӣ ва таълими политехникӣ, тарбияи ахлокӣ, эстетики ва ҷисмонӣ, илова бар ин ҳаматарафа ошкор кардани имконияти эҷодии шахсият, ташаккул додани муносибати инсонпарастӣ, таъмин кардани шароити гуногун барои нашъунамои фардияти кӯдак бо назардошти ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну сол ва ғайраро дар бар мегирад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ин қисматҳо дар якчоягӣ ва алоқамандии ҳамдигарӣ заминаи фаъолияти меҳнатӣ асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият ва ҳамчун мақсади умдаи тарбияи мактаби ҷумҳурии мо баҳри минбаъда ривоҷ додани технологияи нав ва соҳаҳои гуногуни истеҳсолот мебошад.

Пурмазмун азнавсозии ҷомеа ва мактаб нисбати мақсади тарбия ихтилофи зиёдеро оид ба муайян кардани вазифаҳои мушаххаси тарбия ба миён овард. Ин мухолифатҳо на фақат бартараф карда шуданд, балки боз ҳам тунду тез шудаанд. Бинобар ин ба мо лозим аст, ки вазифаҳои анъанавии мактаби давраи шуравӣ ва ҳозираро дида бароем.

Қисматҳои таркибии анъанавии тарбия аз инҳо иборатанд: ҷисмонӣ, мехнатӣ ва политехникӣ, ахлоҳӣ, эстетикӣ.

Тарбияи ақлӣ

Тарбияи ақлӣ омӯзандаро ба системаи донишҳои асосҳои фан мусаллаҳ мегардонад. Дар раванди омӯзиш ва натиҷаҳои аз- худкунии донишҳои илмӣ асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ гузошта меша­вад. ҷахонбинӣ ин системаи ақидаҳои шахс ба табиат, ҷамъият, меҳнат, дарки онҳо мебошад. Ҷаҳонбинӣ — ин аслиҳаи тавоно нис­бати эҷодкорӣ ва дигаргун кардани фаъолияти шахс аст. Тибқи ҷаҳонбинии илмӣ шахс ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро чуқур фаҳмида мегирад, ташаккули маҳорати шуурона фаҳмондани падидаҳо ва муайян кардани муносибати худро ба онҳо мепайван- дад: амалиёти ҳаётии хешро шуурона равона мекунад. Барои он ки асосҳои фан бо завку шавқ ва шуурона ҳазм карда шавад, муаллим ҳангоми баррасӣ намудани маводҳои таълимӣ бамавқеъ аз панду ҳикматҳои таъсирбахши олимон, мутафаккирон, адибони классики адабиёти форс — тоҷик ва муосир истифода мебарад. Чунончи, «Соате талаб кардани илм беҳтар аз намозгузории як шаб аст ва рӯзе толиби илм кардан беҳ аз се моҳ рӯзадорӣ аст» (Ҳадис). Дар навишт «сухан кутох буваду маъно дароз ва сухан дубора навишта нашаваду аз алфози гарон парҳез кунад, то сутуда бувад» гуфтааст Мухаммад Ғазолӣ.

Шуурона аз худ кардани системаи донишҳо ба инкишофи мантиқии тафаккур, хотира, диққат, тасаввурот, қобилияти ақлӣ, инкишофи майл ва истеъдод таъсир мерасонад. Вазифаҳои тарбияи ақлӣ аз инҳо ибрат буда ба тариқи зайланд:

  • азхудкунии ҳаҷми донишҳои муайяни илмӣ;
  • ташаккул додани ҷаҳонбинии илмӣ;
  • инкишофи неруи ақлӣ, қобилият ва истеъдод;
  • инкишофи рағбати идрок ташаккули фаъолияти фаҳмидагирӣ;
  • инкишофи талаботи мунтазам пурракунии дониши худ, ба­ланд бардоштани дараҷаи тайёрии маълумоти ибтидоӣ, умумӣ ва касбй.

Тарбияи ақлии насли наврас — вазифаи муҳими мактабӣ муосир аст. Мазмуни он бештар ба ҷамъулҷамъи донишҳо, маҳорат ва малакаҳо равона карда мешавад.

Тарбияи ҷисмонӣ — қисми таркиби ва ҷудонашавандаи қариб ҳамаи системаи тарбия мебошад. «Ҷомеаи муосир, ки дар асоси он истеҳсолоти инкишофёфта арзи вуҷуд дорад, наслҳои ҷавонӣ ҷисман варзидаро тақозо мекунад, то ки дар истеҳсолот ва мудофиаи кишвар мустаҳкам бошанд. Тарбияи ҷисмонӣ ҳам дар навбати худ, ба тарбияи ақлӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ ва эстетики робита дорад. Вазифаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб аз инҳо иборат аст:

  • баланд бардоштани қобилияти коршоямии ақлӣ ва ҷисмонӣ;
  • мустаҳкам кардани саломатӣ ва инкишофи дурусти ҷисм;
  • инкишоф додан ва такомулоти сифатҳои ҳаракати табиӣ;
  • омӯхтани навъҳои нави ҳаракат;
  • инкишоф додани бартарии ҳаракати қувва, чолокӣ, тобоварӣ ва ғайра;
  • ташаккули малакаҳои ҳифзисиҳатӣ (гигиена);
  • тарбияи хислатҳои ахлоқӣ (далерӣ, устуворӣ, ҷуръатмандӣ,
  • интизомнокӣ, масъулиятнокӣ, коллективӣ);
  • ташаккули талаботи мунтазами шуғл ба варзиш ва спорт;
  • инкишофи саъю кӯшиш баҳри саломатӣ, руҳафзоӣ нисбати худ ва атрофиён, баррасӣ намудани шодиву сурур.

Тарбияи систематикии ҷисмонӣ аз синни томактабӣ оғоз меёбад, варзиш — фанни ҳатмист дар мактаб. Илова ба дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ инчунин шаклҳои гуногуни чорабиниҳои берун аз синфӣ ва берун аз мактабӣ низ гузаронида мешавад. Тар­бияи ҷисмонӣ бо дигар қисмҳои таркибии тарбия алоқаи узвӣ дорад ва бо онҳо якҷоя вазифаи инкишофи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсиятро ҳал мекунад.

Тарбияи мехнатӣ ва таълими политехникӣ. Асосҳои тарбияи меҳнатӣ — принсипи муҳимест, ки асрҳои аср санҷида шуда баҳри ташаккули инкишофи ҳамаҷониба ва мутаносиби шахсият равона карда шудааст.

Тарбияи мехнатӣ он пахлуҳои раванди тарбияеро дар бар ме­гирад, ки он ҷо амалиёти меҳнатӣ ташаккул ёфта, муносибати истеҳсолӣ гузошта шудааст, олоти меҳнатӣ омӯхта мешавад ва тарзи истифодабарии онҳоро ёд мегиранд. Меҳнат дар ҷараёни тарбия омили асосии инкишофи шахсият мебошад. Тарбияи меҳнатӣ бо тарбияи фикрӣ, ахлокӣ  эстетикӣ ва ҷисмонӣ робита дорад.

Ҳоло дар синфҳои ибтидоии ҷумҳурии мо фанни «Санъати миллӣ ва меҳнат» тадрис мегардад, ки нисбати он дар мавзӯи алоҳида муфассалтар таваққуф мекунем.

Дар таълими политехникӣ барои шиносоӣ бо принсипҳои асосии ҳамаи истеҳсолот, аз худ кардани донишҳои раванди истеҳсолоти муосир ва муносибат ба онҳо пардохта мешавад. Вазифаи асосии он ташаккули рағбат ба фаъолияти истеҳсолӣ, инкишофи қобилияти техникадонӣ, тафаккури нави иқтисодӣ, ихтироъкорӣ, асосҳои соҳибкорӣ (корчалонӣ) мебошад. Дуруст ба роҳ мондани таълими политехникӣ, меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, ҷавобгарӣ, оқилона интихоб намудани касбро ин­кишоф медиҳад, дари ҳунарҳоро ба руяшон боз мекунад, зеро

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!

(Низомии Ганчавӣ)

Меҳнатӣ истеҳсолӣ дорои чунин хусусиятҳост:

а) натиҷаҳои мавод,

б) ташкилкунӣ,

в) ба системаи меҳнатӣ ҷалб кардани му­носибати тамоми ҷомеа,

г) бо мукофотҳои моддӣ ҳавасмандгардонӣ.

Тарбияи ахлоқӣ

Тарбияи ахлоқӣ маҷмӯи меъёр ва қоидаҳои таърихан ғуншудаи рафтори одам, ки муносибати ӯро ба ҷамъият меҳнат, одамон муайян мекунад, фаҳмида мешавад. Ахлоқ-ин одоби ботин буда, барои худи инсон мебошад. Аз ҳама муҳимаш ташаккули амиқи ахлоқи инсонӣ додан аст, зеро Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Аз боадабӣ касе ба мақсад нарасад,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Тарбияи ахлоқӣ чунин масъалаҳоро ҳал мекунад: ташакку­ли сифатҳои ахлоқӣ фаҳмиши маънои ахлоқ, мулоҳиза, ҳис ва эътиқод, малака ва одати рафтори маданӣ, меъёри рафтор дар ҷойҳои ҷамъияти ва ғайраро дар бар мегирад.

Мафҳуми ахлоқ ва мулоҳиза моҳияти падидаҳои ахлоқро инъикос мекунанд ва ба фаҳмида гирифтани чӣ нaғзy чӣ бад, чӣ одилонаю чӣ ғайриодилона имконият медиҳад. Маънои ахлоқ ва мулоҳиза ба эътиқод мегузаранд ва дар рафтору амали шахс намоён мегарданд. Кирдори ахлоқ ва амал — муайянкунандаи дараҷаи инкишофи шахсият мебошад. Ҳиссиёти ахлоқӣ ин пайбарии муносибати худ ба руйдодҳои одоб аст. Онҳо ба талаботи ахлоқи ҷамъиятӣ мувофиқат кардан ва ё накардани рафтори одамро муайян мекунанд. Ҳиссиёт барои бартараф кардани мушкилот ва шахсро меангезонад ва барои аз худ кардани олам ҳавасманд мегарданад.

Дар тарбияи ахлоқи насли наврас на фақат асосҳои нормаҳои ахлоқӣ бобақои арзишҳои умумиинсони дошта, ки аз тарафи одамон дар ҷараёни инкишофи таърихи ҷомеа ғундошта, инчунин принсип ва нормаҳои нав, ки дар замони ин­кишофи ҷомеаи ҳозира ба миён омадаанд, дарбар мегирад. Бартарии ахлоқи ҳамида аз инҳо иборатанд: шарафмандӣ, одилонагӣ, уҳдадорӣ, покдилӣ, бомасъулиятӣ, бовиҷдонӣ, инсонпарварӣ, беғаразӣ, ростқавлӣ, вафодорӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва ғайра. Аз ин лиҳоз барои тақвият дода­ни ахлоқи ҳамида омӯхтани панду ҳикматҳо, осори ниёгон ва анъанаҳои миллӣ аҳамияти калон доранд.

Дар байни сифатҳои ахлоқ — байналмиллалӣ, эҳтироми кишвар, органҳои давлатӣ, конститутсия, муносибати софдилона ба меҳнат, ватанпарастӣ, интизомнокӣ, шарафи шаҳрвандӣ, талабгузорӣ ба худ, майлу рағбат ба руйдодҳои кишвар, фаъо­лияти иҷтимоӣ, раҳму шафқат, ки зодаи ҷомеаи муосир мебошанд, ба маънои нав шуҳрат ва эътибор пайдо кардаанд.

Тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ)

Тарбияи эстетикӣ (зебоипарастӣ) — қисмати ташаккули ҳамаҷониба ва инкишофи мутаносиби шахсият, ки система, ин­кишофи идеалҳои эстетики, талабот ва завқу ҳаваси тарбияги- рандагонро ҷамъбаст мекунад. Вазифаҳои тарбияи эстетикиро шартан ба ду гуруҳ ҷудо кардан мумкин аст: ҳосил намудани донишҳои назариявӣ ва ташаккул додани маҳорати амалӣ. Ба гуруҳи аввали вазифаҳо масъалаи шинос кардани талабагон бо паҳлуҳои муҳими эстетики, ба гурӯҳи дуюм — фаъолона иштирок намудан ба амалиёти эстетики мансубият дорад. Вазифаҳои шиноскунӣ:

  • ташаккул додани донишҳои эстетикии талабагон;
  • тарбияи маданияти эстетикӣ;
  • азхудкунии мероси гузаштаи эстетикӣ ва маданият;
  • ташаккули муносибати эстетикӣ ба воқеият;
  • инкишофи завқи эстетикӣ;
  • шиносоӣ бо нафосати зиндагӣ, табиат, меҳнат;
  • инкишофи талабот ба тарзи зиндагӣ ва фаъолият
  • мувофиқи қонуни зебоӣ;
  • ташаккули идеали эстетикӣ;
  • ташаккули саъю кӯшиш ба зебоии ҳамаҷониба: дар фикр, кор, рафтору гуфтор ва намуди зоҳирӣ.

Вазифаҳои фаъолияти амалии эстетикӣ: фаъолона иштирок кардани ҳар кас ба зебоиофарӣ — дар амалиёти рассомӣ, мусиқи хореографӣ, иштирок дар иттиҳодияҳои эчодӣ, студияҳо ва ғайра.

Мактаб дар ҷодаи инсонпарастӣ ҳамон вақт пеш меравад, ки силсилаи фанҳои ба эстетика тааллуқдорро дуруст ба роҳ монад.

Тазаккур бояд дод, ки дар рушду камолоти ҳамаҷонибаи шахсият ҳамаи пайвастагии намудҳои зикр кардаи тарбия ҳатман дар мадди назар дошта шавад, ки асосӣ онро тарбияи ақлӣ ташкил медиҳад. Вале инкишофи ҳамаҷонибаи мактабиён на ба он маъност, ки ҳамаро бо як меъёру андоза ташаккул медода бошад. Ин ғайриимкон аст, зеро иддеаи одамон бо бароба­ри хусусиятҳои умумиинсонӣ боз қобилияти ба худ хоси фавкулодда ва генеалӣ ҳам доранд. Ҳамаро дар мактаб олим, шоир, табиби ҳозиқ, рассомӣ варзида, мутриб, ҳофизи хушовоз, муҳандиси мумтоз ва ғайра кардан мумкин нест. Мактаб он гунчаҳои ҳоло нашкуфтаи қобилияти фавқулоддаи модарзодиро дастгирӣ намуда, тарбия ва такон медиҳад, то ки дар оянда бо саъю кӯшиши шахсӣ нашъунамо ёбанд.

Инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият ба он маъност, ки фард на фақат бо як фаъолият (чунончи, дониш, меҳнат, ҳунар) маҳдуд бошад, балки асоси корҳои дар зиндагӣ зарурро донад ва адо карда тавонад. Барои ҳамин ҳам таълиму тарбия бояд аз ҳаёт ва давру замон канда набошад, балки алоқаманд сурат гирад, шахс дар як касб солҳои сол кор карда таҷрибаҳри зиёди муфид фароҳам меорад, дигарон ба вай пайравӣ мекунанд, вале ғайри он касбӣ асосиаш аз дигар касбу ҳунарҳо огоҳ аст ва дар мавридҳои зарурӣ онҳоро анҷом дода метавонад.

Аммо ин тавр ҳам мешавад: шахс дар як касб фаъолият намуда ба мардум кам манфиат мерасонад ва ба вай маслиҳат медиҳанд, ки касбашро ба касбӣ дигар, чунончи, бо ҳофизӣ, рассомӣ, навозандагӣ ва ғайра иваз кунад ва зуд шухрат меёбад.

Дар он сурат вай метавонад касбашро иваз кунад ва қобилияти модарзодии фавқулоддаи худро болу пар бахшад.

Дар шароити кунунии Ҷумҳурии мо ташаккули иникшофи ҳамаҷонибаи шахсият дар заминаи демократӣ бояд сурат гирад. Аз ин лиҳоз омӯзгор бояду шояд дар бораи мақсад ва вазифаҳои тарбияи шаҳрвандӣ, ифтихори миллӣ, вахдати миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳми фаъол гузорад, то шогирдонаш хусусиятҳои ҳисси дунявии ин сохти ҷамъиятиро дар худ комилан инъикос карда тавонанд.

Қувваҳои истеҳсолоти мавҷуда ва зарурати бунёди қувваҳои нави истеҳсолоти минбаъдаи давлати мустақилу сохибихтиёри тоҷикон феълан дар назди мактаби ҷумҳурӣ мақсади тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳамаҷониба инкишофёфтаро мегузорад, то ки онҳо дар қувваҳои истеҳсолоти навбунёд барои бо осони табдил додани ихтисос имконияти мусоид пайдо карда тавонанд ва баҳри дар ояндаи наздик баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фаъолият кунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, вазифаҳои умумитарини мактаб ба саломативу нерумандӣ, инкишофи қобилияти меҳнатӣ, ғановати маънавӣ, ахлоқӣ, дӯстии халҳо, якдилию ваҳдат ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ ғамхорона ру овардан аст.

Мавзӯи асосӣ >>Мақсад ва вазифаҳои тарбия<<


Ташаккули хамачонибаи шахсият хамчун максади асосии тарбия ва кисмхои таркибии он, Тарбияи акли, Тарбияи мехнати ва таълими политехники, Тарбияи эстетики (зебоипарасти).

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама