Синфи гидроидҳо аз дигар синфҳои ин тип бо надоштани девори пардамонанд дар рӯдаашон фарқ мекунанд. Намояндагони ин синф гидра (андозаи баданаш 1,5 см, ба расми 46 нигаред) ва гидрополипҳои баҳрии тӯдагӣ мебошанд (расми 54).
Полипҳои гидроидӣ дар зери об ба ягон ҷисм часпида ҳаракат мекунанд. Тӯдаи онҳо шакли буттаи майдаро дорад. Дар навдачаҳои тӯда полипҳои хурд мавҷуд буда, онҳо ба гидра монанданд. Фардҳои баъзе тӯдаи ин полипҳо дар вақти муайяни сол ба монанди муғҷа медузаҳои ҷавонро пайдо мекунанд, ки онҳоро медузаҳои гидроидӣ меноманд.
Медузаи гидроидӣ аз танаи модарӣ ҷудо шуда, мустақилона зиндагӣ мекунад. Медузаҳо бо роҳи ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Онҳо ҳуҷайраҳои ҷинсиашонро дар об мепартоянд ва бордоршавӣ ба амал меояд. Аз тухмҳуҷайраи бордоршуда кирмина (планула) пайдо мешавад ва аз он полипи нав инкишоф меёбад (ба расми 54 нигаред).

Муфассал >> Тасниф, пайдоиш ва аҳамияти Рӯдаковокҳо