Типи хорпӯстҳо (хорпустхо)

Типи хорпустхо. Синфи ситораи бахри. Синфи хорпусти бахри. Синфи голотурия ё бодиринги бахри. Синфи офиурахо ё мордумон. Синфи савсанхои бахри.


Намояндаҳои типи хорпӯстҳо ҳайвонҳои баҳрии беҳаракат ё камҳаракат мебошанд. Онҳо ба гурӯҳи ҳайвоноти дуюминдаҳонон дохил мешаванд. Дар давраи инкишофи ҷанин даҳон на аз даҳони якумӣ, балки аз сари нав дар муқобили он (охири тан) ҳосил мешавад.

Ин ҳайвонҳо дар рӯйи пӯсташон баромадҳои хор ё сӯзанмонанд доранд, номи тип ҳам аз ҳамин ҷо гирифта шудааст. Хорпӯстҳо ҳайвони баҳрӣ буда, асосан, дар зери баҳр зиндагӣ ва хеле суст ҳаракат мекунанд ё тамоман ҳаракат намекунанд. Дар Тоҷикистон аз сабаби набудани баҳрҳои табиӣ, намояндаҳои ин тип дида намешаванд. Дар дунё 6 ҳазор намудашон маълум буда, андозаи баданашон аз якчанд мм то 5 м ва аз ин зиёд мебошад.

Гузаштагони хорпӯстҳо як шохаи бисёрқилдорҳои қадима мебошанд. Аз намуди зоҳирӣ намояндаҳои ин тип ба ситора, саққо, кирм, рустанӣ монанд мебошанд.

Скелеташон аз лавҳачаҳои оҳакин иборат буда, онҳо барқади бадан ҷойгир шудаанд ва қисми рӯйпӯсти бадани ин синф баромадҳои хормонанд дорад. Аломати махсуси хорпӯстҳо мавҷуд будани системаи рагҳоест, ки дар онҳо об равон аст. Ҳаракати сусти онҳо дар зери об дар натиҷаи бо об пур шудани найчаҳои пойҳо, ки онҳо дар паҳлуҳояшон узвҳои маканда доранд, ба амал меояд (расми 114).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 114. Сохти дохилии ситораи баҳрӣ ва хорпӯстҳои гуногун
Расми 114. Сохти дохилии ситораи баҳрӣ ва хорпӯстҳои гуногун

Бадани хорпӯстҳо ба қисмҳо ҷудо нашудааст. Дар хорпӯстҳо қобилияти хуби эҳёшавӣ дида мешавад. Типи хорпӯстҳо ба 5 синф ҷудо мешавад: а) ситораи баҳрӣ, б) хорпуштаки баҳрӣ, в) голотурия ё бодиринги баҳрӣ, г) офиураҳо ё мордумҳо, ғ) савсанҳои баҳрӣ (расми 114).

Синфи ситораи баҳрӣ

Синфи ситораи баҳрӣ ҳайвони сустҳаракат буда, аз 5 то 50 даст ё пой дорад. Сӯрохии даҳон дар мобайни бадан ҷойгир аст. Онҳо, асосан, ҳайвонҳои мурдаро мехӯранд. Баъзе ситораҳои баҳрии даранда нармбаданҳоро дошта мехӯранд. Афзоишашон ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ аст. Модина то 200 млн тухм мемонад (расми 114 а).

Синфи хорпӯсти баҳрӣ

Синфи хорпӯсти баҳрӣ (расми 114 б) ҳайвони ба таври озод зиндагикунанда буда, баданаш бо зиреҳи сахт пӯшида шудааст. Даҳон дар мобайни бадан ҷойгир буда, дандон дорад. Хӯрокаш обсабзҳо мебошанд. Як модинаи он то 20 млн тухм мемонад.

Синфи голотурия ё бодиринги баҳрӣ

Агар ба голотурия ягон таъсироти беруна расад, бадани он кашиш хӯрда, шакли бодирингро мегирад (расми 114 в). Дарозии баданашон аз якчанд мм то 2 м аст. Як намояндаи онҳо трепанга ном дорад, ки онро дар хӯрок истифода мебаранд. Хӯроки голотурияҳо ҳайвонҳои майда мебо- шанд. Қариб ҳамаашон ҷудоҷинсаанд, як модина то 77 млн тухм мемонад. Дар мавриди хатар баданаш кашиш хӯрда, тамоми узвҳои дохилиашро ба берун партофта, онҳо аз сари нав барқарор мешаванд. Ин ҳам як шакли мутобиқшавӣ ва муҳофизат аз душман аст.

Синфи офиураҳо ё мордумон

Синфи офиураҳо ё мордумон (расми 114 г). Инҳо хорпӯстҳои баданашон ҳамвор буда, қутрашон 10 см аст ва пойҳои дарози ба думи мор монанд доранд. Обро полуда организмҳои майдаи плангтониро мехӯранд. Қобилияти баланди эҳёшавӣ доранд.

Синфи савсанҳои баҳрӣ

Синфи савсанҳои баҳрӣ (расми 114 ғ). Дар байни онҳо намудҳои озодона шинокунанда ва нишаста вомехӯранд. Сӯрохии даҳонашон дар қисми болои бадан аст. Хӯрокашон организмҳои хурди плангтонӣ мебошад.

Тавассути тамоми бадан нафас мегиранд.


Оё медонед?

Хорпӯстҳо баъди шикастани пояшон ё ягон узви дигарашон аз нав эҳё мешаванд. Дар гӯшти трепанга, нисбат ба гӯшти гов, миқдори йод 10 ҳазор маротиба зиёд аст. Илова бар ин, дар гӯшти трепанга хлор, сулфур, фосфор, марганест, магний, кобалт, калсий, мис, оҳан ва дигар элементҳои кимиёвие мавҷуданд, ки онҳо барои организми инсон хеле заруранд.

Ситораи баҳрӣ то 20 сол умр мебинад. Баъзе намудҳои ситораи баҳрӣ то 1,5 сол бе хӯрок зиндагӣ карда ме- тавонанд.


Хулоса

  1. Хорпӯстҳо, асосан, дар обҳои шӯр вомехӯранд.
  2. Ин тип ба 5 синф ҷудо шуда, номи синфҳо аз намуди зоҳирии онҳо гирифта шудааст.
  3. Дар аксарияти намояндаҳои ин тип скелет дида мешавад.
  4. Хорпӯстҳо организмҳои плангтонӣ ва ҷонварҳои мурдаро хӯрда, дар тоза кардани об нақши муҳим мебозанд.
  5. Дар хорпӯстҳо ҳодисаи эҳёшавӣ хеле хуб инкишоф ёфтааст.
  6. Гузаштагони хорпӯстҳоро олимон ба ҳайвонҳое вобаста медонанд, ки аз гурӯҳи бисёрқилдорҳои ҳалқагии қадима хеле барвақт ҷудо шудаанд.

Саволҳо

  1. Сабаб чист, ки хорпӯстҳо дар ҳама баҳру уқёнус, дар зери баҳр ва ҷойҳои камоб паҳн шудаанд?
  2. Аз рӯйи кадом аломатҳо синфҳои ин тип номгузорӣ шудаанд?
  3. Аҳамияти хорпӯстҳо аз чӣ иборат аст?
  4. Гузаштагони хорпӯстҳоро номбар кунед.
ҚаблӣСохти берунии ҳашарот (Кори таҷрибавии № 4)
БаъдӣЗинаҳои асосии инкишофи олами ҳайвонот дар рӯйи замин