Модар фаришта буд, аммо болу пар надошт (шеърҳо)

Якчанд шеър дар васфи Модар шеърхо, шеъри “Модар фаришта буд аммо болу пар надошт” дар шакли пурра аз сомонаи мо барои шумо. Инҷо хонед >>

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Ё дошт огаҳи зи пару боли хеш лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт

Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт.

Вақти ба ёди ҳадя фитодам ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт

Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Аз бас илоҷ пеши қазову қадар надошт.

Модар фаришта буд, дақиқан фиришта буд,
Ҳатто ба душ болу паре ҳам агар надошт.


Модар агар набуд, ҷаҳон зебу фар надошт,
Ин шоми зиндагонии мо як саҳар надошт,
Нахли умеди мо самару шоху бар надошт.
“Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.”

Бо он бузургворию одобу хулқи нек,
Буд ӯ ба шодию ғами фарзанди худ шарик,
Дар мулки меҳр буд ба қасри вафо малик.
“Ё дошт огаҳи зи пару боли хеш лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт”…

Баҳрам зиёд ранҷ кашидаст модарам,
Буд ӯ ба кори зиндагӣ ғамхору ёварам,
Дасти навозишаш, ки буд ҳар лаҳза дар сарам.
“Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.”

Бигзашт чанд рӯзу маҳу сол дар миён,
Рафт кӯдакиву ман шудам огоҳу навҷавон,
Дар печу тоби зиндагӣ бар ҳар тараф равон.
“Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт.”

Афсӯс бахт ҳеҷ назад ҳалқаи дарам,
То ҳадяи бигираму бар модарам барам,
Сад фикри кору бори ҳаёт буд дар сарам,
“Вақти ба ёди ҳадя фитодам ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт”…

Сад дар ба рӯи ин мани мискин кушода рафт,
Дастам гирифт дар хаёт, аммо фитода рафт,
Доғи ҷудоиву алам бар дил ниҳода рафт.
“Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Аз бас илоҷ пеши қазову қадар надошт.”

Мафтун агарчӣ мазраи назмат накишта буд,
Аммо дили фигор ба меҳраш сиришта буд,
Бар дафтари ҳаёт чу Озар навишта буд:
“Модар фаришта буд, дақиқан фиришта буд,
Ҳатто ба душ болу паре ҳам агар надошт.”


Ғазали Модар – Фаришта аз Озарахш

Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост

Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост

Модар ба илтифоти Худованди бениёз,
Дар маҳзари дуруду саломи фариштаҳост

Шоду ғамаш ба дидаи бедору меҳрубон,
Ҳамрози субҳу ҳамдами шоми фариштаҳост

Модар дар офариниши дунёи тифли ноз,
Пайваста бо марому низоми фариштаҳост

Эй Озарахш, шавкати ҳастии ҷовидон
Пайғоми модар асту ба номи фариштаҳост

Озарахш


>> ШЕЪРҲО ДАР ВАСФИ МОДАР <<

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед