Тавсифи умумӣ ва хусусиятҳои хоси хоҷагии халқ

Иқтисодиёт – Комплекси ягонаи хоҷагии халқ буда, он тамоми паҳлӯҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар бар мегирад. Аз ин рӯ, хоҷагии халқи Тоҷикистон низ чун комплекси ягона аз маҷмӯи корхонаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат мебошад. Корхона ва муассисаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ воҳиди ибтидоии системаи хоҷагии халқ буда, вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд. Як қисми корхонаю муассисаҳо воситаи истеҳсолот (мошинаю механизмҳо) ва неъматҳои моддӣ истеҳсол менамоянд, гурӯҳи дигари онҳо бошанд хизматрасон буда, бевосита маҳсулот тайёр намекунанд. Аз ин хотир дар таркиби хоҷагӣ халқ ду гурӯҳи калони соҳаҳоро фарқ мекунанд: соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Соҳаҳои истеҳсолӣ заминаи моддӣ-техникии инкишофи ҷамъият буда, он саноат, хоҷагии қишлоқ, индустрияи сохтмон, нақлиёт (ғайри нақлиёти мусофиркашӣ), савдо ва ғайраро дар бар мегирад. Айни замон дар ин соҳаҳо бештар аз 80% шумораи аҳолии машғули кор дар ҷумҳурӣ банд мебошанд.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Ба соҳаҳои ғайриистеҳсолии хоҷагии халқ дар навбати худ – таъминоти иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, нигоҳдории тандурустӣ, илм, санъат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёти мусофиркашонӣ, хизмати маишӣ, дастгоҳи мақомоти идоракунӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Дар замони Истиқлолият ва давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ дар Тоҷикистон баъзе тағйиротҳо дар таркиби соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ ба назар мерасад. Дар ин давра ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то 70% кам шуд, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ аз 4% то 20% зиёд шуд. Хусусан, ҳиссаи шуғли аҳолӣ дар саноат. сохтмон, хоҷагии қишлоқ нисбатан кам шуда, дар соҳаи савдо, молияю суғурта, фурӯш ва захиракунӣ, дар дастгоҳи мақомоти идораҳои давлатию хоҷагӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ афзуда истодааст.

Соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва ғайриистеҳсолӣ бо якдигар алоқаи зич доранд. Дар баробари инкишоф ёфтани истеҳсолоти моддӣ ва баланд гардидани дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ талаботи он нисбат ба неъматҳои маънавӣ ва маишӣ зиёд мешавад. Дар натиҷа соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ инкишоф ёфта он барои минбаъд тараққӣ ёфтани соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ кӯмак мерасонад.

Соҳаҳои хоҷагии халқро бе алоқамандии ҳамдигар тасаввур намудан ғайри имкон аст. Масалан, инкишофи соҳаҳои саноатро бе ҳамкорӣ бо соҳаҳои дигари истеҳсолоти моддӣ, ба монанди хоҷагии қишлоқ, сохтмон ва савдою нақлиёт дидан мумкин нест. Ҳар яке аз онҳо барои мӯътадил кор кардани соҳаҳои саноат кӯмаки амалӣ мерасонанд. Чунончӣ, хоҷагии қишлоқ як қисми соҳаҳои саноатро бо ашёи хом таъмин мекунад; нақлиёт ва алоқа барои таъмини боркашонӣ ва иҷро шудани супоришҳои дигар мадад мерасонад; сохтмон корхонаҳои саноатиро бунёд ва таъмир мекунад; савдо бошад, фурӯхтани маҳсулоти тайёри саноатиро таъмин мекунад ва ғайра.

Дар навбати худ саноат ба хоҷагии қишлоқ нуриҳои минералӣ, техника, қисмҳои эҳтиётии мошину трактор, хӯроки омехтаи чорво; ба нақлиёт – маснуоти сохтмони роҳ, таҷҳизоти зарурӣ барои автомобилҳои боркаш; ба сохтмон – конструксияҳои оҳану бетонӣ, металлӣ, маснуоти сохтмон (металл, хишт, семент, панели хонаҳо, қисмҳои махсуси хонаҳои бисёрошёнаи оҳану бетонӣ) медиҳад. Корхонаҳои хизматрасон бошанд,  мошина ва механизмҳое, ки дар хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва сохтмон кор мекунанд, таъмир менамояд.

Инкишофи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ боиси тағйирёбии мавқеи соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ мегардад. Зарурати ҳарҷониба қонеъ гардонидани талаботи ҳаррӯзаи мардум ва инкишофи соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, ба ташаккул ва тараққии соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ дар системаи хоҷагии халқ сол аз сол меафзояд.

Ҳамин тавр байни соҳаҳои хоҷагии халқ алоқаи зичи истеҳсолӣ вуҷуд дорад ва аз тарафи дигар таркиби соҳавии хоҷагии халқ доимӣ нест. Вай вобаста ба дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, тақсимоти ҳудудии меҳнат, прогресси илмӣ-техникӣ, беҳтаршавии зисту зиндагонӣ ва фарҳангу маънавиёти одамон тағйир меёбад.

ҚаблӣЗахираҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат
БаъдӣДавраҳои инкишофи хоҷагии халқ