Суруди умумиҷаҳонии кӯдакон

Мо сафед, зарду сурху сияҳ,
Ҳамаи мо якем, одамем.
Нури чашмони модар-падар,
Субҳи умеди як оламем.

То ин ки дар рӯйи олам дигар
Раҳ набошад ба ҷанги навин,
Даст бо даст диҳед, дӯстон,
Давра бандем ба даври замин,

Ҳар яки мо барои ҳаёт
Дорад азму суботи бузург.
Сӯйи фардо гузорад қадам
Ба умеди ҳаёти бузург.

То ин ки дар рӯйи олам дигар
Раҳ набошад ба ҷанги навин,
Даст бо даст диҳед, дӯстон,
Давра бандем ба даври замин.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Беадад гарчи моро забон,
Беадад гарчи моро Ватан,
Мо вале баҳри сулҳи ҷаҳон
Якдилу яктану яксухан.

Ин замон гарчи мо наврасем,
Ҷумла мешавем фардо калон.
Медиҳад қисмати худ ба мо
Бо дили пур Замину замон.

То ин ки дар рӯйи олам дигар
Раҳ набошад ба ҷанги навин.
Даст бо даст диҳед, дӯстон,
Давра бандем ба даври замин!

Ҷӯра Ҳошимӣ

Бачагиям бекасу танҳо гузашт (шеър)


Суруди умумичахонии кудакон, суруди байналмилали барои кудак/кудакон

ҚаблӣРубоиёт аз устод Рустами Ваҳҳоб
БаъдӣМоҳичаи тиллоӣ (ҳикоя)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед