Гул. Аҳамияти гул барои ҳаёти рустаниҳо. Сохти гул

Гул. Ахамияти гул барои хаёти рустанихо. Сохти гул

Гул чист? Гул гуфта навдаи кӯтоҳу шаклдигаркардаро меноманд, ки барои афзоиши тухмӣ хизмат мекунад. Одатан пояи асосӣ ё паҳлуӣ бо гул ба итмом мерасад. Ҳар гул аз муғҷагул инкишоф меёбад. Қисми поягии гул агар гулпоя ва гулбандро дар бар гирад, косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон аз баргҳои шаклдигаркарда ба вуҷуд омадаанд.

Ба гуногуншаклии рустаниҳои гулдор, ки дар табиати беканор вомехӯранд, нигоҳ накарда, онҳо аз рӯйи сохти гулашон ба ҳамдигар монанд мебошанд. Инро дар мисоли гули себ (84) дида мебароем.

Дар маркази гули себ тухмдон ҷойгир аст. Онро гардбаргҳои зиёде иҳота кардаанд. Тухмдон ва гардбаргҳо ҷузъҳои (узвҳои) асосии гул ба ҳисоб мераванд. Дар атрофи гардбаргҳо ва тухмдон гулпӯш ҷойгир мебошад. Гулпӯши гули себ аз ду намуди баргчаҳо иборат аст. Баргчаҳои дарунӣ – гулбаргҳо ва баргчаҳои берунӣ – косабаргҳо мебошанд. Маҷмӯи гулбаргҳоро гултоҷ (чанбари гул), косачабаргҳоро косабарг меноманд. Ин гуна гулпӯшро гулпӯши дучанда (84) меноманд.

Гултоҷи гули себ аз панҷ гулбарги сафед ё сафеду гулобӣ иборат аст, ки бо ҳам пайваст нестанд. Дар дигар рустаниҳо, масалан, тамокугул, газнагул, ангури сагак, картошка, гули тӯтиё қисми поёни гулбаргҳо ба ҳам пайваст шуда, найчамонанд гардидааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Косабарги гули себ аз панҷ баргчаи сабз иборат буда, онҳо ба ҳам пайваст нестанд. Аммо дар баъзе рустаниҳо, чунончи, дар мехчагул, газнагул, ангури сагак, картошка, гули тӯтиё қисми поёнии косабаргчаҳои сабз ба ҳам пайваст шуда, найчамонанд шудааст.

Дар баъзе рустаниҳо, хусусан дар рустаниҳои якпалла (гули занбақ, амариллис, лола), тамоми баргчаҳои гулпӯш каму беш якхелаанд, онҳо косабарг надоранд. Ин гуна гулпӯшро гулпӯши одӣ (сода) меноманд. Дар баробари ин баргчаҳои гулпӯши одии гули баъзе рустаниҳо (масалан, лола) калону хушранг, дар рустаниҳои дигар чунончи, маймак (ситник) беранганд.

Расми 84. Сохти гулҳое, ки гулпӯши дучанда ва оддӣ доранд Расми 86. Тӯдагул ва гули бед (растании ҷудоҷинса) Расми 85. Ҷуворимакка (растании дуҷинса)
Расми 84. Сохти гулҳое, ки гулпӯши дучанда ва оддӣ доранд
Расми 86. Тӯдагул ва гули бед (растании ҷудоҷинса)
Расми 85. Ҷуворимакка (растании дуҷинса)

Дар дигар рустаниҳо гул умуман гулпӯш надорад (масалан, гули бед, шунг), гулҳои онҳо гӯё урён ё луч мебошанд.

Узвҳои асосии гулро аз назар мегузаронем. Дар гули себ ҳар кадом гардбарги гул гарддон дорад, ки дар дохили он гард пухта мерасад. Гарддон дар думчаи гардбарг ҷой гирифтааст. Тухмдон (мевадон) аз гардгирак, сутунча ва ғӯрак иборат аст. Дар гули себ тухмдон аз панҷ сутунчаи асосашон ба ҳам пайвасту қисми нӯгиашон аз ҳамдигар ҷудо-ҷудо, ки ҳар кадоми онҳо яктогӣ гардгирак доранд, иборат аст. Ғӯрак панҷлонагӣ буда, ҳар лона дутогӣ тухммуғҷа дорад, ки аз онҳо пас аз гулшукуфт тухм (84) инкишоф меёбад.

Гулҳои аксари рустаниҳо ҳам гардбарг ва ҳам тухмдон доранд. Онҳо гулҳои дуҷинсаанд. Аммо дар баъзе рустаниҳо як қисми гулҳо фақат тухмдон (гулҳои тухмдондор ё модина), қисми дигар фақат гардбарг (гулҳои гардбаргдор ё нарина) доранд. Ин гуна гулҳоро гулҳои ҷудоҷинса меноманд.

Чунин рустаниҳо, аз қабили бодиринг ва ҷуворимакка, рустаниҳои якхонагӣ ё дуҷинса мебошанд. Чунки, гулҳои тухмдондор (модина) ва гардбаргдор (нарина)-и онҳо дар як (ниҳоли) рустанӣ (85) инкишоф меёбанд. Аммо дар канаб, сафедор ва бед гулҳои нарина ва модина на дар як бех ниҳол, балки дар рустаниҳои ҷудогона ҷудо-ҷудо ҷой гирифтаанд. Онҳоро рустаниҳои духонагӣ ё ҷудоҷинса (86) мегӯянд.  Баъзе хелҳои ғеша ном гиёҳ низ ҷудоҷинсаанд.


  1. Гул чист?
  2. Гул аз кадом ҷузъҳо (узвҳо) иборат аст?
  3. Гулпуш чист?
  4. Тухмдон ва гардбарг чӣ хел сохт доранд?
  5. Аз тухммуғҷа чӣ инкишоф меёбад?
  6. Гулҳои дуҷинса аз гулҳои ҷудоҷинса чӣ фарқ доранд?
ҚаблӣАфзоиши нашвӣ ба воситаи реша ва барг
БаъдӣТӯдагул (хӯшагул) – Тудагул (хуша гул)