ПАНДУ АНДАРЗ – МУНОҶОТ

Подшоҳо, ҷурми моро даргузор,

Мо гунаҳгорем, ту омурзгор.

Ту накӯкорию мо бадкардаем,

Ҷурми беандоза беҳад кардаем.

Солҳо дар банди исён гаштаем,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Охир аз карда пушаймон гаштаем.

Доимо, дар фисқу исён мондем,

Ҳамқарини нафси шайтон мондаем,

Рӯзу шаб андар маъосӣ будаем,

Ғофил аз амру навоҳӣ будаем.

Бе гунаҳ нагзашт бар мо соате,

Бо ҳузури дил накарда тоате.

Бар дар омад бандаи бигрехта,

Обрӯи худ дар исён рехта.

Мағфират дорам умед аз лутфи ту,

3-он ки худ фармудаӣ: «ло тақнату».

Баҳри алтофи ту бепоён бувад,

Ноумед аз раҳматат шайтон бувад,

Нафси шайтон зад каримо роҳи ман,

Раҳматат бошад шафоатхоҳи ман.

Чашм дорам аз гунаҳ покам кунӣ,

Пеш аз он к-андар лаҳад хокам кунӣ,

Андар он дам к-аз бадан ҷонам барӣ

В-аз ҷаҳон бо нури имонам барӣ.


Аз “Панднома”-и Аттор

ҚаблӣДавлати Саффориён
БаъдӣТашкилёбии давлати Сомониён

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед