Маълумот дар бораи Заминларза

Заминларза дар Точикистон зилзила

Заминларза ларзиши сахти сатҳи Замин мебошад, ки дар натиҷаи равандҳои литосфераӣ ба амал меояд. Аксари заминларзаҳо дар минтақҳои баландкӯҳ рух медиҳанд, зеро ин минтақаҳо то ҳол дар ташаккулёбианд ва қишри Замин махсусан дар ин ҷо ҳаракаткунанда аст.

Заминҷунбӣ чанд навъ аст: тектоникӣ, вулқонӣ ва лағзишӣ.

Заминларзаҳои тектоникӣ ҳангоми ҷойивазшавии плитаҳои кӯҳӣ ё дар натиҷаи бархӯрди байни платформаҳои уқёнусӣ ва континенталӣ (хушкӣ) ба амал меоянд. Дар вақти ин гуна бархӯрд куҳҳо ё пастиҳо ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа сатҳи Замин ба ларзиш медарояд.

Заминларзаҳои вулқонӣ вақте ба амал меоянд, ки ҷараёнҳои тафтаҳои сӯзон (лава) ва газҳои гарм ба сатҳи Замин пахш мешаванд. Заминларзаҳои вулқонӣ одатан чандон қавӣ нестанд, аммо метавонанд то чанд ҳафта давом кунанд. Илова бар ин, зилзилаҳои вулқонӣ одатан пешгӯиҳои оташфишонии вулқонӣ мебошанд, ки оқибатҳои вазнинтар доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зилзилаи лағжишии Замин бо пайдоиши холигоҳҳои зеризаминӣ, ки дар зери таъсири обҳои зеризаминӣ ё дарёҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меоянд, алоқаманд аст. Дар натиҷаи ин қабати болоии сатҳи Замин фурӯ рафта, ба ларзиши хурд сабаб мешавад. Ҷойе, ки заминларза рух медиҳад (бархӯрди плитаҳо) манбаи он ё гипомарказ номида мешавад. Майдони сатҳи замин, ки дар он зилзила ба амал меояд, маркази зилзила (эпицентр) номида мешавад. Махсусан дар ин ҷо харобии сахттарин ба амал меояд.

Қувваи зилзила аз рӯи чадвали даҳбалагии Рихтер вобаста ба амплитудаи мавҷҳое, ки ҳангоми ларзиши сатх ба амал меояд, муайян карда мешавад. Амплитуда ҳар кадар калон бошад, заминчунбӣ ҳамон қадар сахттар мешавад. Заминҷунбиҳои сусттарин (аз руи чадвали Рихтер 1—4 балл) танҳо бо асбобҳои махсуси ҳассос қайд карда мешаванд ва зарар намерасонанд. Баъзан онҳо дар шакли ларзиши шиша ё ашёи ҳаракаткунанда зоҳир мешаванд ва баъзан онҳо тамоман ноаёнанд. Зилзилаи 5-7 дараҷа аз рӯи ҷадвали Рихтер хисороти ночиз ба бор меорад, ва заминларзаҳои аз ин зиёдтар бошанд, метавонанд боиси харобии пурраи биноҳо шаванд.

Ҳодисаҳои заминҷунбиҳоро сейсмологҳо меомӯзанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамасола дар сайёраи мо тақрибан 500 ҳазор заминларзаҳо бо қувваҳои гуногун рух медиҳанд. Тақрибан 100 ҳазори онҳоро одамон эҳсос мекунанд ва 1000 – тояшон заминҷунбиҳои сахт буда, боиси хисоротҳои зиёд мегарданд.

Аз гурӯҳи фейсбукии Илми муосир

ҚаблӣҶойи Низомӣ (Низоми Ганчави) дар адабиёти форсии тоҷикӣ
БаъдӣФоида ва зарари чой. Ё даҳ қоидаи нӯшидани чой