Сарсухан – Менеҷмент (китоби дарсӣ барои донишҷӯён)

Сарсухан – Менечмент (китоби дарси барои донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби).


Тоҷикистон айни замон давраи мураккаб ва мухолифи гузариш ба низоми нави муносибатҳои иқтисодиро паси сар карда истодааст. Шартҳои объективии тагйирот ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият, бавуҷудоии меҳнати кироя, васеъшавӣ ва мураккабгардии алоқаҳои иқтисоди байналхалқӣ як қатор роҳҳои фаъолияти идоракуниро талаб намуд. Микдори бештари одамон зарурати бартараф намудани усулҳои роҳбарии куҳнаи директивиро дарк намуда, ба истифодабарии васеи кордонӣ, ташаббускорӣ, пайвасткунии бошууронаи манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ пайгирӣ мекунанд. Дар чунин шароит нақши менеҷмент бисёр бузург аст ва яке аз хусусиятҳои муҳими ҳаётан нави кишвари мо гардидааст.

Иқтисодиёти бозоргонӣ нисбат ба нақшавӣ зоҳир намудани такмили бештар баланди мутахассис-роҳбарро талаб мекунад. Бинобар ин, омили муҳимтарини ноил шудан ба муваффақият ин омӯзиши мунтазами назариявӣ ва амалии роҳбарони шакли нав: баландихтисос, босалоҳият дар доираи васеи масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва технологӣ, масъулиятнок нисбати натиҷаҳои фаъолияти ташкилот мебошад.

Ҳар қадаре ки таҷрибаи хориҷа инкишофёфта ва пешрафта ҳам бошад, арзиши он на фақат аз хизмат намудан ба сифати намуна, балки бояд муҳимтарин калид барои таҳлили таҷриба ва амалияи шахсӣ бошад. Хусусан, ин омил мақсад ва самти китоби мазкурро муайян менамояд.

Мақсади асосии китоби мазкур шарҳ додани моҳият ва мазмуни менеҷменти муосир, шиносоӣ бо методологияи он, истилоҳот ва мафҳумҳои асосӣ, таҳияи заминаи назариявию амалӣ барои фаъолияти мустақилонаи менеҷер бо назардошти шароити Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии китоб аз тавсифи василаҳо ва усулҳои асосии менеҷменти муосир ва нишон додани тарзи истифодабарии онҳо баҳри ҳал намудани вазифаҳои амалии идоракунии корхона иборат аст.

Китоби дарсӣ дар ташкили мустақилона омӯхтани фанни «Менеҷмент» ба донишҷӯён кумак мерасонад. Дар ин китоб масъалаҳои муҳимтарини назария ва амалияи менеҷменти муосир бо барномаи кории таълим дар ихтисосҳои иқтисодӣ мувофиқ карда шудаанд.

Қисми назариявии китоби дарсӣ мутобиқи қисматҳои асосии фан тартиб дода шудааст. Китоб ба рушди омодагии назариявию ақидавии мутахассис, яъне: қобилияти фикрронии возеҳу амиқ; истифодабарии назария ва консепсияҳо барои ҳал намудани муаммоҳои ташкилот, дар шароити воқеӣ фарқ карда тавонистани масъалаҳо аз аломатҳо, дарёфтани сабабҳои пайдошавии ин ҳолатҳо, истифодабарии моделҳо ва технологияҳои идоракунӣ барои ибрози эҷодиёти инфиродӣ, гурӯҳӣ ва ташкилӣ, ҳосил намудани нуктаи назари ҳаматарафа нисбати идоракунии ташкилот нигаронида шудааст.

Китоби дарсӣ аз 16 мавзӯъ, ки мантиқан ҳамчун фаслҳои том, пайдарпай оварда шудаанд, иборат аст. Ҳар як мавзӯъ на фақат назария ва консепсияҳои дахлдорро, балки матлаби машгулиятҳои амалиро дар бар мегирад.

Қисми назариявии фаслҳо бо хулосаҳои мухтасар, рӯйхати адабиёти тавсиявӣ, тестҳо ва замимаи луғати истилоҳот поён меёбад. Банди асосии қисмати методӣ ба дида баромадани лаҳзаҳои мушаххас (кейс- вазъият) бахшида шудааст. Барои таҳлили маҷмӯӣ дар охири мавзӯъ лаҳзаи мушаххас оварда шудааст. Ғояи асосии таълими идоракунӣ дар он асос ёфтааст, ки менеҷмент на танҳо дониш, балки рафтор, қобилият ва малака ҳам мебошад. Аз ин лиҳоз, тарзи беҳтарини инкишофи ин сифатҳо машқ ба воситаи моделсозии амалҳо мебошад. Худи ин усул таҳлил ва баёни вазъиятҳои мушаххасро тибқи усули муайян дар ҷараёни таълим дар назар дорад, ки ин барои ҳосил шудани маҳорату малакаи лозимии толибилмон мусоидат мекунад.

Барои бо муваффақият иҷро намудани амалҳои идоракунӣ донишу мантиқ ҳоло басанда нест, балки фасоҳат, фаросат, қобилияти пешбинии тагйирот, идоракунии онҳо, неруи дигаргуншавӣ ҳам лозим мебошанд. Барои ин муҳим аст, ки китоби дарсӣ ба талаботи нав мутобиқ бошад: на фақат дониш диҳад, балки татбиқи донишро омӯзонида, дар ҳосилкунии қобилияту маҳорати лозима кумак расонад.

Китоби дарсӣ барои ҷоннок намудани ҳавасмандӣ ва ангезаи донишомӯзӣ имконият медиҳад, чунки қобилиятҳои амалӣ ба мисли ин ҳикмати шарқӣ бунёд мешаванд:

Вақте ки Шумо чизе мешунавед, онро фаромӯш мекунед.
Вақте ки Шумо чизеро мебинед, онро дар хотир мегиред.
Аммо то замоне ки худатон ичро накунед, онро нахоҳед фаҳмид.

Китоби дарсии «Менеҷмент» дар асоси тахдили талабот ба омӯзиши касбии менеҷмент дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва инчунин бо назардошти таҷрибаи мусбати хориҷию ватанӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ таҳия шудааст. Ба сифати модулҳои асосии таълим пешниҳоди мутахассисон ва коршиносони Ассотсиатсияи Миллии менеҷерҳо ва маркетингшиносон, ки ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд, истифода гардидаанд.

Китоби дарсиро гурӯҳи муаллифон – устодони кафедраи «Менеҷмент»-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти таҳрири умумии доктори илмҳои иқтисодӣ Бозоров Ш.Ш. омода намудаанд. Фаслҳои алоҳидаро инҳо навиштаанд: Сарсухан, «Муқаддимаи менеҷмент», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Менеҷменти стратегӣ», «Менеҷменти корхона», «Амалияи менеҷмент дар кишварҳои хорицӣ», «Амалияи менецмент дар Тоцикистон» – д.и.и. Бозоров Ш.Ш.; «Функсияҳои менеҷмент», «Усулҳои идоракунӣ» – н.и.и., дотсент Назарамонова Д.М.; «Санъати идоракунӣ» ва «Менеҷменти инноватсионӣ» – н.и.п., дотсент Ҳосимова С.И.; «Ҳарорҳои идоракунӣ» ва «Идоракунии низоъ» — муаллими калон Ҳасанова Г.Ф.; «Моҳият ва принсипҳои менеҷмент» ва «Таҳаввули назарияи менеҷмент» муаллими калон Ҳомидов А.Х., «Тайм-менеҷмент» ва «Бренд – менеҷмент» – д.и.и. Бозоров Ш.Ш. якҷоя бо муаллими калон Ҳомидов А.Х. Инчунин дар таҳрири ҷадвалҳо, наҳшаҳо ва тестҳои ҷамъбастӣ д.и.и. Бозоров Ш.Ш. ва муаллими калон Ҳомидов А.Х. саҳм гузоштаанд.

Табиист, ки дар як китоб шарҳу тавзеҳ додани ҳама ё ҳатто аксари масъалаҳои муҳимтарини менеҷмент аз имкон берун аст. Ҳамчунин комилан маълум аст, ки китоби мазкур бе камбудӣ ва эҳтимол бе хатоҳо нест (гарчанде ҳама муаллифони китоб барои канораҷӯӣ аз он тамоми ҷидду ҷахдро карданд). Муаллифон аз ҳама нафароне, ки эрод, хоҳиш, пешниҳод ва ё норозигияшонро аз ин ё он нуктаҳои китоби дарсӣ иброз мекунанд, сипосгузору миннатпазир хоҳанд буд.


Пешгуфтори китоби Менеҷмент (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) бо муаллифии Бозоров Ш.Ш., Назарамонова Д.М., Қосимова С.И., Ҳасанова Г.Ф., Ҳомидов А.Х., нашри Ирфон соли 2015 буд. Мавзӯҳои китоби мазкур дар сомонаи Донишҷӯ – donishju.net дар бахши Менеҷмент оварда мешаванд.

ҚаблӣПешгуфтор – Менеҷмент (китоби дарсӣ барои донишҷӯён)