Ихтирои коғаз

Инсоният аз давраҳои пайдоишаш бо шуури худ дар ҳар гуна сангҳо, пусти ҳайвонот ва дигар чизҳое, ки дар он тасвир карда мешуд, фикру ақида таърихи замони худро иншо менамуд. Асрҳо пайи ҳам мегузашту лавҳу қалам тағйир меёфт, яъне шуури инсоният равшан мешуду инсоният пеш мерафт. Ба ҷойи сангу пусти ҳайвонот коғазро истифода мебурданд. Бо пайдо шудани давлат дар Мисри қадим хат ҳам дар он ҷо такмил ёфт. Дар Мисри қадим хатро дар папирус менавиштанд. Папирус дар соҳилҳои дарёи Нил мерӯйид ва баландии он то ба панҷ метр рост меомад. Мисриён папирусро бурида, ба он ширеш молида, баъдан нуги ба нуг васл карда, барои навиштан омода мекарданд. Агар варақ барои навиштани матн камӣ кунад, ба поёни он чунин варақи дигарро ширеш мекарданд. Ҳамин тавр варақаҳои папирусӣ дароз шуда мерафтанд. Як вараки папирус дарозии 45 метрро ташкил мекард. Баъди навиштан папирусро найчавор мепечониданд. Онҳо китобҳои қадимаи мисриён буданд. Дар Ҳиндустони қадим барги дарахти нахл ҳамчун коғаз истифода мешуд. Ёдгориҳои хаттии дар барги ин дарахт навишташуда то замони мо омада расидаанд. Аввал хатти худро чиниҳои қадим дар тахтачаҳои тунуки бамбуки (монанд ба қамиш, лекин дарунҳояшон холӣ, мисли най, лек боқувват) менавиштанд. Вақте ки дар охирҳои ҳазораи 1 пеш аз милод чиниҳо коғазро ихтироъ карданд, дар коғаз менавиштагӣ шуданд. Мувофиқи баъзе маъхазҳо коғазро шахсе бо номи Тсай Лун ихтироъ намудааст.

Чиниҳо орди коғазборро дар дег меҷӯшонанд. Хамираи онро шахсе бо кафлеси махсус мегирад ва аз ин хамира коғаз тайёр мекунад. Ихтирои коғаз саҳифаи дурахшони таърихи халқи тоҷик дар давраи Сомониён буд, ки маркази асосии истеҳсолоти он шаҳри Самарқанд мебошад. То истилои арабҳо ба ҷуз Самарқанд боз дар шаҳрҳои Бухоро, Чорҷӯ, Балх, Хева ва сонитар дар Қуканду Тошканд коғаз истеҳсол мекарданд. Баъди забти Осиёи Марказӣ аз тарафи арабҳо, халифа Ҳорунаррашид (786 – 809) фармони танҳо дар коғаз навиштанро мебарорад.

Олимону шоирони асрҳои миёна асарҳо, шеърҳо достонҳо ва саргузаштҳои таърихии замони худро ба воситаи коғаз навишта паҳн мекарданд.

Дар он давр шаҳри Самарқанд ягона шаҳре буд, ки тамоми давлатҳои хилофати арабро бо коғаз таъмин менамуд. Чунин вазифаи бузургро Самарқанд аз нимаи дуюми асри 8 то аввали асри 9 иҷро кардааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ин давра шаш намуди коғаз истифода бурда мешуд.


Ихтирои когаз, маълумот дар бораи когаз, пайдоиши когаз, бо забони точики, бо забони тоҷикӣ.

ҚаблӣҶамъу тарҳи ададҳои бисёррақама
БаъдӣФарҳанги давраи Эҳё

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед