Мукаддимаи менечмент. Асосхои фанни менечмент. Таърифи менечмент. Таърихи мафхуми менечмент. Макоми менечмент дар системаи фанхо.
Дар ҷаҳони муосир менеҷмент ба унвони яке аз унсурҳои асосии иқтисодиёт дар қатори унсурҳои муқаррарӣ – замин, сармоя ва кадрҳо шинохта шудааст. Аксарияти роҳбарон дуруст дарк намекунанд, ки бо менеҷмент машғул ҳастанд. Бинобар ҳамин, онҳо дар амал ба ҳалли масъалаҳои мураккаб, ки дар ояндаи наздик бо онҳо дучор бояд шуд, омода нестанд. Зимнан, муаммоҳои мушкилтарини идоракунӣ дар соҳаи технология ё сиёсат намебошанд. Манбаи ин муаммоҳо дар дохили корхона қарор доранд. Ин муаммоҳо ба туфайли муваффақияту дастовардҳои худи менеҷмент пайдо мешаванд.
Ниҳоди идоракунӣ, ё худ менеҷмент падидаи беҳамтое дар таърихи инсоният мебошад. Тайи камтар аз 150 сол он ташаккул ёфта, нуфузу таъсири калон пайдо намуд ва сохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатҳои мутараққии ҷаҳонро ба куллӣ дигаргун сохт. Маҳз аз рӯи қонунҳои менеҷмент иқтисоди глобалӣ ташкил ёфта, қоидаҳои нави бозӣ барои кишварҳо, ки баробар дар рушди он ширкат мекунанд, муқаррар гардиданд. Дар ҷараёни ин раванд худи менеҷмент ҳам ҷиддан тагӣир ёфт.
Баҳсҳо дар бораи он, ки чӣ дар ҷои аввал аст – инкишофи тезутунди системаи маориф, ки мо тайи 100 соли охир шоҳиди онем, ё менеҷмент, ки ин донишҳоро ба неруи воқеии истеҳсолкунанда табдил дод, ба андешаи ман, беҳуда мебошанд.
Менеҷменти муосир ва корхонаи муосир берун аз “манбаи дониш”, ки дар ҷомеаи мутараққӣ ташаккул ёфтааст, вуҷуд дошта наметавонанд. Вале нуктаи дигаре ҳам хеле саҳеҳ аст: маҳз менеҷмент ва танҳо менеҷмент самаранокии ҳақиқии тамоми ин донишҳо ва ин шахсони соҳибихтисосро таъмин менамояд. Маҳз пайдоиши менеҷмент ба он мусоидат кард, ки донишҳо аз як навъ “ороиши иҷтимоӣ” ва “ашёи шукӯҳу шаҳомат” – ба сармояи ҳақиқии иқтисодӣ табдил ёфтанд.
Питер Друкер «Энсиклопедияи менеҷмент»
Таърифи менеҷмент
Таърихи мафҳуми менеҷмент
Истилоҳи «менеҷмент» аз калимаи итолиёвии maneggiare – малакаи идоракунии асп, пайдо шудааст.
Мафҳуми англисии «manage» маънои на фақат тавонистани идоракунӣ, балки истеъдодро ҳам дорад. Истеъдоди идоракунии асп аз он иборат аст, ки аз рӯи фармонҳои идоракунанда вай бояд ҳаракатҳои мушаххасро иҷро кунад, чунки дар озодӣ танҳо дар ҳолатҳои гайримуқаррарӣ ба онҳо дода мешуд.
Мафҳуми ҳозиразамони «менеҷмент» аксаран бо консепсияҳои фаъолияти ташкилот дар шароити бозоргонӣ алоқаманд аст ва танҳо ба системаҳои иҷтимоию-иқтисодӣ тааллуқ дорад, яъне ба ташкилотҳое, ки дар онҳо инсон унсури ҳатмӣ ва фаъолияти мақсадноки он мебошад.
Менеҷмент – падидаи мураккабу фарогирест, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
- қобилияти ба мақсадҳои гузошта ноил шудани инсон бо истифода аз меҳнат, неруи зеҳнӣ ва хирад, ангезаҳои рафтори одамони дигар;
- функсияҳо, шаклҳои фаъолияти марбут бо идоракунии одамон дар навъҳои гуногуни ташкилот;
- соҳаи дониши инсон, ки дар идоракунӣ кумак мерасонад;
- тоифаи муайяни одамон, ки идоракуниро амалӣ мекунанд.
Мафҳуми “менеҷмент” – аз калимаи англисии manage гирифта шудааст ва маънои роҳбарӣ, идоракунӣ, мудирият, сарварӣ карданро дорад. Дар робита ин панҷ таърифи расмии менеҷментро, ки дар Лугати Бунёдии Оксфорд қайд шудаанд, донистан муҳим аст:
- Менеҷмент ҳокимият ва санъати идоракунӣ мебошад.
- Менеҷмент навъи махсуси кордонӣ мебошад.
- Менеҷчент тарз ё усули муносибат намудан бо одамон аст.
- Менеҷмент мақоми идора намудан ё воҳиди маъмурӣ аст.
- Менеҷмент муносибати махсус дар гурӯҳи ҳамкорон барои дастрас намудани мақсади ягона ба равона намудани саъю кушиши умумӣ аст.
Чӣ тавре ки аз ин таърифот дида мешавад, фаҳмидани мафҳуми менеҷмент на он қадар осон аст. Менеҷмент дар аксари ҳолатҳо дар ибораҳое ба монанди бизнес-менеҷмент истифода бурда мешавад, лекин ба он маъное, ки мо онро мефаҳмем, ягон муносибате надорад. Дар ин ҳолатҳо «менеҷмент» – ро ба маънои маҷозӣ фаҳмидан дуруст меояд, аз рӯи одат истифодабарии мафҳуми идоракунӣ хубтар аст, чунончӣ: менеҷменти давлатӣ ё менеҷменти ҳарбӣ (албатта, «идоракунӣ» гуфтан беҳтар аст).
Маҳз тақсимоти меҳнат дар баробари инкишофи муносибатҳои истеҳсолӣ боиси ҷудошавии ҷараёнҳои махсуси меҳнатӣ – равандҳои идоракунӣ гардид. Ин ногузир ба амалишавии принсипи: «Касе, ки истеҳсол мекунад – идора намекунад; касе ки идора мекунад, истеҳсол намекунад» оварда мерасонад.
Мақоми менеҷмент дар системаи фанҳо
Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон маълум гардид, ки дар бораи менеҷмент танҳо ҳамчун ҳолати иқтисодӣ сухан гуфтан номумкин аст. Мафҳуми менеҷментро қариб нисбат ба ҳар соҳаи фаъолияти инсон, ки дар он гурӯҳҳои одамони дорои дониш, сатҳи гуногуни таҳсилоту тахассус кор мекунанд, истифода бурдан мумкин аст. Менеҷментро бо муваффақият нисбат ба тамоми муассисаҳои ба истилоҳ “бахши сеюм” ба кор метавон бурд, ба мисли бемористонҳо, донишгоҳҳо, масҷиду калисоҳо, ташкилотҳои эҷодӣ ва мақомоти таъмини иҷтимоӣ, ки пас аз ҷанг дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳатто аз ширкатҳои тиҷоратию ташкилотҳои давлатӣ ҳам зудтар зиёд шуда испюдаанд. Бо вуҷуди он ки идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ё идоракунии ҷамъоварии маблагҳои хайрия аз идораи ширкати тиҷоратӣ фарқият дорад, функсияҳои менеҷерон дар ҳар ду ҳолат якхелаанд, яъне муайян намудани стратегияву ҳадафҳои оптималӣ, такмили ихтисос ва фароҳамсозии имкониятҳо баҳри пешрафти хизматии зердастони худ, муайян намудани нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти шуъба ва маркетинги хизматҳои ташкилоти худ. Менеҷмент дар миқёси ҷаҳон функсияи нави иҷтимоӣ гардидааст.

Предмети фанни менеҷмент аз фаслҳои зерин иборат буда, бо ҳамин тартиб дар китоб ва нақшаи 1.2 оварда шудааст.



















