Воҳиди масоҳат. Чунонки шумо медонед, дарозиҳоро бо метр (м) ва воҳидҳои ҳосилавии он (см, дм, км,…) ифода мекунанд. Барои масоҳат воҳиди махсус интихоб кардан ҳоҷат надорад. Воҳиди масоҳат ба воситаи воҳиди дарозӣ – метр муқаррар карда шудааст: Азбаски дар формулаи (1) бузургиҳои a ва b дарозиченаканд, яъне бо м, см ва монанди ин ифода карда мешаванд, пас, ченаки масоҳат бояд
[Ченаки дарозӣ] · [Ченаки дарозӣ] = [Ченаки дарозӣ]2, яъне
[метр] · [метр] = [метр]2 ё худ м·м = м2

бошад. Бинобар ин дар Манзумаи байналмилалии воҳидҳо (SI) ба сифати воҳиди масоҳат масоҳате пазируфта шудааст, ки дарозӣ ва бараш якметрианд (рас. 1.19). Ин воҳид метри мураббаъ ё худ мураббаъметр ном гирифтааст ва бо м2 ишорат мешавад.
Масъала. Масоҳати майдонеро муайян кунед, ки дарозӣ ва бараш 100-метрианд.
Ҳал. Масоҳати матлубро аз рӯйи рас.1.18 меёбем:
S = a·b, S =100м · 100м = 10 000 м2, яъне масоҳати майдони 100 м дар 100 м ба 10 000 м2 баробар аст. Ин гуна масоҳатро ҷариб мегӯем ва бо ҳарфи хурди ҷ ишорат мекунем: 1 ҷ = 104 м2 (номи русии ин воҳид гектар ва номи инглисиаш hectare аст).
Воҳидҳои ҳосилавии м2 – мм2, см2, дм2, км2 ва ғайра низ ба кор мераванд ва бо якдигар чунин бастагӣ доранд:
1 км2 = (1000 м)2 =106 м2,
1 м2 = (100 см)2 = 104 см2,
1 дм2 = (10–1 м)2 = 10–2 м2 =100 см2,
1 мм2 = (10–3 м)2 = 10–6 м2 =10–2 см2 ва ғ.
Ба сифати мисол, бикӯшед, ки таносуби байни см2 ва мм2-ро муқаррар кунед?
Агар шумо ҳалли масъалаи болоро хуб дарк карда бошед, ҳатман бояд дарёбед, ки ин квадратчаҳо (хоначаҳои мураббаъ)-ро барои чен кардани сатҳ ё масоҳати порчаҳои бешакли қитъаҳои нақшаҳо ё харитаҳо ба кор бурдан осон аст. Барои ин дар рӯйи ягон лавҳачаи шаффофи тунук хатпанҷарае мекашанд, ки масоҳати чашмакҳо (хоначаҳо)-и он ҳамчени 1 см2 ё 0,25 см2 ва ғайра бошад. Ин асбоб палет ном гирифтааст (аз вожаи фаронсавии palette – лавҳача).

Барои чен кардани сатҳ (масоҳат) палетро дар рӯйи он сатҳ гузошта, адади хоначаҳои том ва нимтом ва инчунин сеякҳову чорякҳоро ба ҳисоб мегиранд ва ҳамаи онҳоро зам карда, сатҳ (масоҳат)-и матлубро меёбанд. Як мисоли ин гуна санҷиш дар рас. 1.20 омадааст.
Барои шумо, ки акнун хеле чизро медонед, бояд фаҳмо бошад, ки дар сурати ба кор бурдани палети хурдчашмак масоҳатро хубтар муайян кардан мумкин аст.
Мавзӯи пурра >> Санҷиши масоҳат. Воҳиди масоҳат