Ёфти дарозии хатти истиво (хатти экватор)

Илми нуҷум дар даврони қадим дар Мисру Ҳинду Чин ва Юнон ба дараҷаи (барои он давра) хеле баланди инкишоф расида будааст. Он замон мушоҳидони Осмони ситоразор ба дарки бисёр асрори ниҳони табиати саркаш комёб гардида тавонистаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳанӯз 23-24 аср пеш аз замони мо фаҳмиданд, ки Замин шакли кура дорад. Олими юнонинажоди мисрӣ Еротус (276-194 то м.) андозаи Заминро бо тарзи барои он давра хеле дақиқ муайян кардааст.

Роҳи ҳалли ин масъаларо Еротус он гоҳ ёфтааст, ки ӯ аз тоҷирони равуокунандаи байни шаҳри Искандария (ватани Еротус) ва шаҳри Освон як чизи муҳимро шунидааст – ин ки ҳар сол дар лаҳзаи нимрӯзии 22-юми июн нури Офтоб ба қаъри чуқуртарин чоҳҳои шаҳри Освон мерасад.

Еротус барои муайян кардани дарозии хатти истивои Замин фосилаи самтурраъсии[1] Офтобро (нигаред ба расми 1. 16) барои ду нуқтаи аз якдигар хеле дури рӯйи Замин чен кардааст. Ӯ ба сифати ин ду нуқта ду шаҳрро гирифтааст – яке ш. Искандария (шимоли Миср) ва дигаре ш. Освон, ки 800 км дур аз Искандария (дар ҷануби Миср) воқеъ аст.

Расми 1.16
Расми 1.16

Ҳадаф ин буд, ки аз рӯйи фосилаи самтурраъсии Офтоб қимати ба 1 дараҷаи кунҷӣ (ба 1о) ростояндаи масофаи байни ҳарду шаҳр ёфта шавад. Он гоҳ ҳосили зарби ин масофа ба адади 360 дарозии тақрибии хатти истиворо ифода мекунад. Дар ин маврид масофаи байни ҳарду шаҳр (ба ҳисоби дараҷаҳои кунҷӣ) ба фарқи арзҳои ҷуғрофии шаҳрҳо баробар меояд, ки ин аз расми 1.16 аён аст.

Еротус барои чен кардани фосилаи самтурраъсӣ асбобе сохт, ки тарзи истифодаи онро аз рас.1.17 фаҳмидан осон аст.

Асбоби ӯ (бо ҳавои номгузориҳои юнонӣ) искофис ном гирифта буд. Искофис як навъ косае буд ба шакли нимкура, ки дарунаш бо дараҷаҳои кунҷӣ дараҷабандӣ шуда буд ва дар қаъраш як милаи филизӣ (металлӣ) дошт дар ҳоли истода. Еротус гоҳи санҷиш косаро мавқеъе медод, ки мила дар ростои нуқтаи самтурраъс ҷой бигирад. Гоҳи ба сари мила задани шуоъи Офтоб мила дар қаъри косаи Еротус соя меафканд ва дарозии он соя фосилаи самтурраъсии Офтобро нишон медод.

Расми 1.17
Расми 1.17

Барои анҷом додани санҷиш боз зарур буд, ки Еротус лаҳзаи фаро расидани шароити мусоидро бидонад. Офтоб гоҳи нимрӯзии 22-юми июн дар ростои самтурраъс воқеъ мешавад. Ин гуфта ба ш. Освон дахл дошт. Дар Искандария бошад, дар лаҳзаи мутобиқ ба ними рӯзи 22-юми июн Офтоб на дар болои сар (дар таҷрибаи Еротус – дар болои сари милаи даруни косаи асбоби соясанҷӣ), балки 7°12` дур аз нуқтаи самтурраъс     ҷой мегирад, яъне чанд боре, ки 360° аз 7,2° зиёд бошад, дарозии хатти истиво l нисбат ба масофаи байни Освон то Искандария ҳамон қадар бор зиёд аст:

Аз ин ҷо Еротус барои дарозии хатти истиво (экватор) l қимате ёфт, ки ба қимати ҳозира (40 000 км) хеле наздик аст.


[1] Самтурраъс (зенит; zenith) – баландтарин нуқтаи гунбади Осмон – он, ки гоҳи нимрӯзии 22-юми июн дар болои сар воқеъ мешавад.


  1. Самтурраъс (зенит) чист?
  2. Фосилаи самтурраъсии Офтоб чӣ гуна фосила аст?
  3. Чарост, ки фосилаи самтурраъсиро на бо километр (км), балки бо дараҷаҳои кунҷӣ (бо о) ифода мекунанд?
  4. Шаҳрванди Мисри қадим Еротус дарозии хатти истиво (экватор)-и Заминро чӣ тавр ёфтааст?
  5. Оё шумо аз рӯйи таносуби (*) андозаи Заминро ёфта метавонед?
  6. Дар замони ҳозира андозаи Заминро ба чӣ тарз баҳодод мекунанд?
ҚаблӣЧен кардани ғафсии чизҳои борик ва тунук бо резсанҷ (Кори лабораторӣ)
БаъдӣСанҷиши масоҳат. Воҳиди масоҳат