Чен кардани ғафсии чизҳои борик ва тунук бо резсанҷ (Кори лабораторӣ)

Чен кардани гафсии чизхои борик ва тунук бо резсанч (Кори лаборатори).


Мақсад: Ёд гирифтани корбурди резсанҷ.

Лавозимот: Резсанҷ (микрометр), қадре сими борик, як порча пардаи полиэтиленӣ, як варақ коғаз ё чизҳои монанди ин.

Расми 1.14. Резсанҷ (микрометр): 1 – камон, 2 – сандон, 3 – забонча, 4 – муҳраи резсанҷ, 5 – кулоҳаки андозагирӣ, 6 – думкулоҳак, 7 – ҷисми санҷиданӣ.
Расми 1.14. Резсанҷ (микрометр): 1 – камон, 2 – сандон, 3 – забонча, 4 – муҳраи резсанҷ, 5 – кулоҳаки андозагирӣ, 6 – думкулоҳак, 7 – ҷисми санҷиданӣ.

Сохти резсанҷ дар рас. 1.14 омадааст. Вазифаи ҷузъҳои ин асбоб аз номшон фаҳмост. Ҷисми санҷиданиро дар байни сандон ва забончаи резсанҷ гузошта, кулоҳаки андозагирии 5-ро то дами ба ҷисм ҷафс шудан сӯйи рост тоб медиҳанд.

(Таъкид: ин амалро дар лаҳзаи охири санҷиш на бо кулоҳаки 5, балки бо думкулоҳаки 6 анҷом медиҳанд, то ки забонча ҷисмро нафишорад).

Адади миллиметрҳои томи ифодакунандаи андозаи ҷисм аз ҷадвали рӯйи муҳра (4) ва ҳиссаҳои ҷадвали дойиравие гирифта (яъне хонда) мешавад, ки дар лаб-лаби тарафи чапи кулоҳаки 5 сохта шудааст. Хатчаҳои ҷадвали рӯйи муҳра аз якдигар ниммиллиметрӣ дуранд.

Порае аз ин ҷадвал дар рас. 1.15 тасвир ёфтааст. Вақте ки кулоҳаки даврзанандаи 5 ба қадри як даври пурра тоб дода шавад, ним миллиметр мекӯчад, яъне як қадами ин кулоҳак 0,5 мм аст. Ҷадвали даврие, ки дар лаб-лаби ин кулоҳак сохта шудааст, 50 хатча (50 тақсимот) дорад ва фосилаи байни хатчаҳои он 0,5мм / 50 = 0,01 мм аст (дар рас. 1.14 рақамҳои 5, 0, 45-и ҷадвали дойиравӣ намоёнанд). Пас, агар кулоҳаки андозагирии 5 як давр тобида шавад, даҳони резсанҷро ба қадри 0,5 мм боз мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки кулоҳак чени як тақсимоти ҷадвали дойиравӣ бупечад, даҳони резсанҷ чени панҷоҳяки 0,5 мм, яъне чени садяки 1мм (0,01мм) боз мешавад. Ин он гуна маънӣ дорад, ки бо резсанҷ дарозиҳои то 1,5 садяки миллиметрро чен кардан 0,5 2,5 имконпазир аст.

Рас. 1.15 Ҷадвали рӯйи муҳраи резсанҷ
Рас. 1.15 Ҷадвали рӯйи муҳраи резсанҷ

Ҳамин тариқ, резсанҷ назар ба милапаргор дурустии 10 бор хубтар дорад.


 Ду машқ

  1. Ба воситаи резсанҷ ғафсии ягон сими борик ва чанд донаи нахӯд ё арзанро чен кунед.
    Ёрмандӣ: Донаҳои нахӯд ё арзан то дараҷае гуногунандозаанд. Аз ин рӯ андозаи донаҳоро санҷида, қиматҳои ҳосилшударо ҷамъ кунед ва натиҷаро ба адади санҷишҳо тақсим карда, қимати миёнаи андозаи як донаро ёбед.
  1. Бо резсанҷ аввал ғафсии як варақи китоб ва баъд ғафсии умумии 100 ё 200 варақро чен кунед. Сипас, аз рӯйи ҳосили тақсими ин ғафсии умумӣ бар адади варақҳо ғафсии миёнаи як варақи китобро ёфта, онро бо ғафсии варақе, ки дар алоҳидагӣ чен кардаед, муқоиса кунед.
    Дар баробари натиҷаҳои ҳарду машқ хатоҳои санҷишро низ нишон диҳед (ниг. §1.10).
ҚаблӣЧен кардани ғафсии чизҳои борик ва тунук бо милапаргор (Кори лабораторӣ)
БаъдӣЁфти дарозии хатти истиво (хатти экватор)