Рубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)

1.Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем,
В-ин якдама умрро ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем,
Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.


2.Гӯянд касон: «Биҳишт бо ҳур хуш аст»,
Ман мегӯям, ки «Оби ангур хуш аст!»
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст!


3.Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.


4.Ин куҳнаработро, ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягоҳи сад Баҳром аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

5.З-он пеш, ки ғамҳот шабохун оранд,
Фармой, ки то бодаи гулгун оранд.
Ту зap найӣ, эй ғофили нодон, ки туро.
Дар хок ниҳанду боз берун оранд!


6.Чандон бихӯрам шароб, к-ин бӯйи шароб,
Ояд зи туроб, чуй шавам зери туроб.
Гар бар сари хоки ман расад махмуре,
Аз бӯйи шароби ман шавад масту хароб!


7.Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф
Месозаду боз бар замин мезанадаш.


8.Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷо?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба.


9.Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош!
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош!
Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

Рубоиёт аз Гулназар Келдӣ


10.Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш.
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам: «Зӣ Худо шарм надорӣ, эй пир?»
Гуфто, ки «Карим аст Худо, бода бинӯш!»


11.Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.


12.Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз.
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт ин роз:
«Ман ҳам чу ту будаам, даме бо ман соз!»


13.Гар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаке чунон дигар сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.


14.Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,
Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.
Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл,
Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!

Рубоёти Умари Хайём бо забони Русӣ >>

Рубаи Омар Хайяма


15.Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам!
Гуфгам: «Чу ту Юсуфӣ, нишоне бинамой!»
Гуфто, ки ба хун ғарқа, нигар, пираҳанам!


16.Бар раҳгузарам ҳазор ҷо дом ниҳӣ,
Гӯйӣ, ки бигирамат, агар гом ниҳӣ.
Як зарра зи ҳукми ту Ҷаҳон холӣ нест,
Ҳукмам ту куниву осиям ном ниҳӣ!


17.Гӯянд биҳишту ҳуру ъин хоҳад буд,
Он ҷо майи нобу ангубин хоҳад буд.
Гар мо маю маъшуқпарастем, равост,
Чун оқибати кор ҳамин хоҳад буд!


18.Бар кӯзагаре парер кардам гузаре.
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар падид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.


19.Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд!
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс, надонам, ки кай омад, кай шуд?


20.Имшаб пай ратли якманӣ хоҳам кард,
Худро ба ду ҷоми май ғанӣ хоҳам кард.
Аввал се талоқи ақлу дин хоҳам дод.
Пас, духтари разро ба занӣ хоҳам кард.


21.Ҳар ҷо, ки гулеву лолазоре будаст,
Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар ҷо, ки бунафша аз замин мерӯяд,
Холест, ки бар рухи нигоре будаасг.


22.Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдагар шод кунед,
Соқӣ чу майи маона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.


23.Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»

Пандномаи Аттори Нишопурӣ


24.Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз;
Бозича ҳамекунем бар наъти вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як – як боз.


25.Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст.
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.


26.3-овардани ман набуд гардунро суд,
В-aз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман, аз баҳри чӣ буд?


27.Он қаср, ки бар чарх ҳамезад паҳлӯ.
Бар даргаҳи ӯ шаҳон ниҳодандӣ рӯ.
Дидам ба сари кунгурааш фохтае
Биншаста ҳамегуфт, ки: «Ку? Ку? Ку? Ку?»


28.Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест,
Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест.
Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар.
Хобеву хаёлеау фиребеву дамест.


29.Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будаст,
Гарданда фалак бар сари коре будаст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будаст.


30.Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мо пуде ку?
Аз оташи чарх ҷисми покони вуҷуд,
Месӯзаду хок мешавад, дуде ку?


31.Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирони дунё чун шуд?


32.Эй кош, ки ҷои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Кош аз паси сад ҳазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ.

Рубоиётро бо забони англисӣ хонед >> 

The Rubaiyat of Omar Khayyam


33.Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.


34.Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Дар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан
Девори саройи дигарон хоҳад буд.


35.Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хиште ду ниҳанд бар мағоки ману ту.
В-он гаҳ зи барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.


36.Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас, фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!


37.Он косагаре, ки косаи сарҳо кард.
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.


38.Ин чарх чу тосест нагун афтода.
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред:
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.


39.Бар санг задам дӯш сабӯйи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегӯфт сабӯй:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ»


40.Гар гул набувад насиби мо, хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар ҳирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.


41.Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст,
В-аз гиряи зор бим сад чандон аст.
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, туфон аст.


42.Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Ҷону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб.
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Озод зи хоку бод в-аз оташу об!

Шеърхои ошики


43.Бархез, дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нӯш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрӯшем,
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.


44.Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имруз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?


45.Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтаи дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза ҳам пок шудаст.


46.Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем,
В-аз хоки харобот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем.
Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.


47.Чун даргузарам, ба бода шӯед маро,
Талкин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.


48.Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ,
Бар май дари айшро бубастӣ, Раббӣ.
Бар хок бирехтӣ майи гулгунро,
Хокам ба даҳан, магар ту мастӣ, Раббӣ?!


49.Гар бода хӯрӣ, ту бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санами тозарухи хандон хӯр!
Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз,
Кам-кам хӯру гаҳ-гаҳ хӯру пинҳон хӯр!


50.То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастиву ҳушёрӣ,
Ман бандаи он, ки зиндагонӣ он аст!


умари хайем, рубоиет хайем, умари хайем рубоиет, умари хайем забони точики, умари хайем бо забони точики, рубоиети хайем, рубоиети умари хайем, умаров хайем, умар хайем, умари хайем рубоиет бо забони точики, рубоиети умари хайем бо забони точики, дар бораи умари хайем,рубоиёти Умари Хайём бо забони тоҷикӣ, Хаём, рубаи Омар Хайям на таджикском языке, рубои, рубаи, рубоӣ.

Қаблӣ​Максимизатсияи фоида ва муайян намудани шароити оптималии фаъолияти фирма
БаъдӣЧаро ҳасиб (колбаса) хатарнок аст?

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед